Русия ду гумонбаршудаи қатли Шӯҳрат Исматуллоевро дастгир кардааст
Русия ду фарди гумонбаршуда дар қатли бонкдори тоҷик Шӯҳрат Исматуллоевро дастгир кардааст. Дар ин бора рӯзи 29-уми август вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар дидораш бо ҳамтои тоҷики худ Рамазон Раҳимзода хабар додааст.