Забонхат ва ваъдаи бозгашт. Талаботи нав барои хуруҷ аз Туркманистон
Мақомоти Туркманистон барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба хориҷ сафар кунанд, талаботи нав ҷорӣ кардаанд. Акнун туркманистониҳо пеш аз сафар бояд анкетаеро пур карда, аз санҷиш гузаранд ва забонхат нависанд, ки баъди ба поён расидани муҳлати раводид ба ватан бармегарданд.