Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалӣ аз 4 кишвари собиқи шӯравӣ пеш аст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, баъди натиҷагирии дувоздаҳ рӯзи мусобиқот бо касби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мақоми ҳаштумро соҳиб шудааст.