Қирғизистон аз обанбори Киров ба Қазоқистон об медиҳад
Интиқоли об аз обанбори Киров, ки дар вилояти Таласси Қирғизистон ҷойгир аст, ба вилояти Ҷамбили Қазоқистон шуруъ шудааст.
Дар ин бора расонаҳои Қазоқистон бо такя ба вазири захираҳои об ва обрасонии он кишвар Нуржан Нуржигитов хабар додаанд.
"Замоне, ки дастрасии Қазоқистон ба об маҳдуд буд, дар обанбор ба миқдори кофӣ об ҷамъ шудааст, ки акнун ба Қазоқистон интиқол дода мешавад", - гуфтааст Нуржигитов.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ба далели камобии соли ҷорӣ дар обанбори Киров дар сӣ соли охир миқдори ниҳоят ками об захира шудааст. Дар робита ба ин Қирғизистон натавонист, ки ба ҷануби Қазоқистон миқдори иловагии об интиқол диҳад. Ба далели обёрӣ нашудан дар 13 ноҳияи ҷануби Қазоқистон ҳолати фавқулода эълом гардида буд.