СММ аз Тоҷикистон пурсид, барои занон чӣ кардааст?
Дар нишасте дар Женева вазъи занони тоҷикро баррасӣ карданд, ки қонун ба онҳо чӣ ҳақ додааст, аммо дар асл чӣ сарнавишт доранд. Дастрасии занон ба кор, мубориза бо хушунат, имкони ширкат дар интихобот ва мушкилоти дигар ҳам аз забони мақомот ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқ садо дод.