Боздошти се милиса, як марзбон ва се маъмури Оҷонсӣ
Чор корманди ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар соли 2023 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Муқбилшо Муяссар, як масъули Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, рӯзи 5-уми феврал гуфт: "Аз инҳо се тан кормандони ВКД ҳастанд. Як нафари дигар корманди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ."