"Шуниданду хестанду гуфтанд, ки қарор бетағйир мемонад" ВИДЕО
Баҳси як зани маъюб бо ҳамсари маъмури Додситонӣ барои соҳибӣ ба хона дар шаҳри Хуҷанд идома дорад. Муяссар Тоирова мегӯяд, Додгоҳи вилояти Суғд қазияро ба фоидаи Сулҳия Шоева ҳал кард, вале ӯ таслим шуданӣ нест. Қаблан Додгоҳи шаҳри Хуҷанд айни ҳамин қарорро бароварда буд.