Панҷ парванда дар як сол. Чаро додрасҳоро боздошту зиндонӣ мекунанд?
Дар як соли гузашта (2023) ба зидди панҷ додрас (судя)-и тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ин дам бархе ба зиндон маҳкум гардидаанд. Дар фармони барканории онҳо аз "кирдор"-е ёд шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад". Масъулони Оҷонси зидди фасод ин афродро ба ришвагирӣ муттаҳам карданд.