Идомаи бамборони Рафаҳ аз сӯи Исроил
Исроил бомбаборони Рафаҳ дар ҷануби Ғаззаро сахттар кардааст. Дар ҳоле, ки вазорати тандурустии Ғазза охирин омори кушташудагони фаластинӣ дар ин ҷангро 29 ҳазори 291 нафар эълон кардааст, беш аз даҳ узви як хонавода низ дар яке аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Рафаҳ кушта шуданд.