Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Русия ба Тоҷикистон васоили ташхиси вирус фиристод

0
Русия ба Тоҷикистон васоили ташхиси вирус фиристод

Аз Русия ба Тоҷикистон 2 ҳазор адад васоили ташхиси вируси нав ё тест-системаи санҷиши вуҷуди короновирусро дар ҷисми инсон ворид шудааст. Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорати беҳдошти Тоҷикистон рӯзи 4 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ёрӣ аз ҷониби "Роспотребнадзор" - як ниҳоди давлатии Русия ба Тоҷикистон шаби сешанбе ворид шуд ва аллакай ба ҳамаи беморхонаҳо тақсим карда шуд.

Ӯ гуфт, "ҳоло ҳамаи онҳоеро, ки мо дар беморхонаҳо бистарӣ кардаем, аз ташхиси ҳамин тест-система мегузаранд. Мо доштем, вале кифоят намекард. Ҳамин ду ҳазор дона ҳоло барои мо кофӣ аст. Ба беморхонаҳо тақсим кардем. Ҳамаи онҳое, ки дар беморхонаҳо хобонида шудаанд, аз ин ташхис мегузаранд. Мо онҳоро бемор гуфта наметавонем, бо ҳамин тест-система онҳоро ташхис карда мебароем, ки оё дар таркиби хуни онҳо коронавирус ҳаст ё нест",-гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Ба иттилои вазорати тандурустииТоҷикистон, шумори онҳое, ки дар беморхонаҳои кишвар ба хотири гузаштан аз ташхиси эҳтимолияти доштани вируси нав бистарӣ карда шудаанд, ба 400 нафар наздик шуд. Дар миёни онҳо на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки атбои Чин ва дигар кишварҳо низ ҳастанд. Айни замон, Дарвешзода таъкид кард, ки дар кишвар ҳеҷ як ҳодисаи олудагӣ ба вируси нав сабт нашудааст ва афроде, ки бистарӣ шудаанд, ба мӯҳлати аз 10 то 14 рӯз зери назари табибон мемонанд, то дар сурати дар ҷисми онҳо будани вирус, нишонаҳои он ошкор шавад.

Ахиран мақомоти беҳдошти Тоҷикистон аз Русия дархости кӯмак карданд ва аз корхонаи давлатии "Роспотребнадзор" хостанд, ки барои роҳ надодани вуруди вируси нав ба кишвар мусоидат кунанд. Аз ҷумла, дар миёни дархостҳои Тоҷикистон, тепловизор ё дастгоҳи ҳароратсанҷи инсон, васоили санҷиши вуҷуди вирус дар бадан ва чанд навъи маводи дорувор дархост шудааст. Мақомоти беҳдошт мегӯянд, ки вазъи санитарӣ зери назар аст ва масъулини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам дар ҳамкорӣ бо мутахассисони тоҷик вазъро назорат мекунанд.

Шарҳи "Уралские авиалинии" 

Ба иттилои матбуоти Русия, рӯзи 3-юми феврал ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии" ба ҳавопаймое, ки қарор буд ба шаҳри Екатеринбург парвоз кунад, 70 шаҳрванди Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ-ро роҳ надод.

Дар миёни мусофирони соҳиби билет, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, вале ба онҳо иҷоза нашуд, ки вориди ҳавопаймо шаванд. Чанд соат баъди нашри ин хабар, ширкати ҳавоии "Уральские авиалинии" бо пахши изҳороте хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин тасмим бо тақозои ҳукумати Русия гирифта шудааст. Ин ширкат гуфт, ки аз моҳи феврал ба ин сӯ барояш танҳо ҳаққи интиқоли шаҳрвандони Русия дода шудааст. Ширкат гуфтааст, ки маблағи билетро ҷуброн мекунад.

Дар бораи ба ҳавопаймои Русия роҳ дода нашудани шаҳрвандони Тоҷикистон мақомоти кишвар ҳам хабар доранд. Як корманди  ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти ин кишвар роҳҳои аз Чин берун овардани шаҳрвандони хостори бозгашт ба ватанро андеша доранд. "Ҳоло онҳо дар фикри ин ҳастанд, ки бо кадом роҳ берун овардани шаҳрвандонро аз Чин ба роҳ монанд, шояд дар наздиктарин фурсат ин масъала ҳал мешавад", -гуфт як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон.

Феълан маълум нест, ки чӣ миқдор аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостори бозгашт ба ватан ҳастанд, вале қаблан мақомот гуфта буданд, ки дар шаҳри Вуҳан 47 донишҷӯ аз Тоҷикистон боқӣ мемонанд ва дар маҷмӯъ дар саросари Чин беш аз 3 ҳазор ҷавони тоҷик таҳсил мекунад. Шумораи он бахши шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳадафи кору саёҳат дар ин кишвар ҳастанд, дақиқ маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, шурӯъ аз шаби 4-уми феврал бар асоси як қарори ҳукумати Русия вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар аз Чин тавассути роҳҳои ҳавоӣ маҳдуд шудааст. Татяна Голикова, муовини нахуствазири Русия ин хабарро 3-юми феврал чунин тавзеҳ дод:

"Аз соати сифри 4-уми феврал вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз хоки Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути роҳҳои ҳавоӣ, ба ҷуз фурудгоҳи Маскав-Шереметево муваққатан боздошта мешавад. Ин амр ба шаҳрвандони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ҳайати халабонҳо, аъзои ҳайатҳои расмӣ ва ҳам дорандагони ҳаққи иқомати доимӣ дар Русия марбут нест".

Дар ҳамин ҳол, дар дохили Чин мақомот 4-уми феврал эътироф карданд, ки дар вокуниши давлат ба вируси нав "камбудиву норасоиҳо" вуҷуд дорад. Вируси марговари роҳҳои нафас то рӯзи 3-юми феврал дар ҳудуди Чин 425 нафарро куштааст. Комиссияи миллии тандурустии Чин рӯзи 4-уми феврал гузориш дод, ки 64 ҳолати нави маргро тасдиқ карда, 3235 ҳодисаи гирифтории нав ба ин вирус ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар саросари Чин 20 ҳазору 238 нафар гирифтори вируси нав мебошанд.

Ҳонгконг рӯзи 4 феврал гузориш дод, ки ду нафар бар асари вируси нав ҷон доданд ва ин дувумин ҳодисаи дар берун аз қаламрави Чин ба ҳалокат расидани инсонҳои гирифтори ин беморӣ мебошанд.

Бовар меравад, ки вирус бори аввал моҳи декабр дар маркази маъмурии вилояти Ҳубей – шаҳри Вуҳан ошкор шуд ва чанд рӯз баъд Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар саросари ҷаҳон вазъияти изтирории тиббӣ эълон кард.

Рӯзи 3-юми феврал кумитаи марказии ҳизби коммунисти Чин эътироф кард, ки низоми мудирияти изтирории ин кишвар беҳбуд мехоҳад ва амр дод, ки тамоми бозорҳои фурӯши ҷонварони ваҳшӣ бояд баста шаванд.

Хабаргузории расмии Чин ба нақл аз Кумитаи марказии ҳизби коммунист  навишт, "дар вокуниш ба камбудиҳо ва норасоиҳое, ки дар заминаи вокуниш ба эпидемия ошкор шуд, мо бояд низоми мудирияти изтирории миллӣ ва тавонмандии худро дар бархӯрд бо супоришҳои сареъ ва хатарнок беҳбуд бахшем".

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки назорат аз болои бозорҳо бояд тақвият ёбад ва баста шудани бозори ҷонварони ваҳшиву манъи тиҷорати онҳо ҳам амри зарур мебошад. Хабаргузории "Франс-пресс" менависад, ки ҳукумат инчунин гуфтааст, ба таври изтирорӣ ба васоили тиббӣ, ниқобҳои тиббӣ барои амалиёт, сарулибоси ҳифозатӣ ва айнакҳои амниятӣ эҳтиёҷ дорад.

Дар ҳамин ҳол 23 кишвари дигар гузориш додаанд, ки мақомоти беҳдоштии кишварҳояшон 150 ҳодисаи тасдиқшудаи гирифторӣ ба вируси навро сабт кардаанд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, нишонаҳои вирус дар таби баланд ва сулфаи хушк мушоҳида мешавад. 

Рӯзи 3-юми феврал Чин сохтмони як беморхонаи иборат аз 1000 рахти хобро барои муолиҷаи гирифторони вируси нав ба анҷом расонд. Беморхонаи нав дар 10 рӯз сохта шуд ва қарор аст ҳафтаи ҷорӣ беморхонаи дуюм барои 1500 нафар сохта ба истифода дода шавад.

Вилояти Ҳубей, ки сарчашмаи пайдошавии вирус он ҷо мебошад, комилан масдуд ва баста буда, ҳама роҳҳо ва ҳаракати нақлиёт ба он самт манъ карда шудааст.

Марде, ки дар Ҳонгконг даргузашт, 39 сол дошт ва ба Вуҳан сафар карда буд. Баъди ҳодисаи марги бемор дар Филиппин, ин мард дуюмин нафаре дар ҷаҳон аст, ки аз дасти вирус ҷон бохтааст.

Ҳонгконг соли 2002 дар пайи паҳншавии як навъи дигари вируси роҳҳои нафар (ё SARS) нафар хеле осеб дид. Он сол дар саросари ҷаҳон 800 нафар қурбони ин вирус шуданд. Дар Ҳонгконг шумори қурбониҳо 299 нафарро ташкил дода буд. 

Рӯзи 3-юми феврал минтақаи шарқии Венжоу ҳам дар қаламраваш карантин эълон кард ва ин кишвар нахустин минтақа дар берун аз Ҳубей шуд, ки чунин тадбирҳоро ҷорӣ кардааст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ кард, ки эҳтимоли афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба вирус вуҷуд дорад, чунки ҳанӯз ҳазорҳо маводи барои ташхис супурдашуда бояд аз санҷиши мутахассисон гузарад.





Губернаторы России
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году





Москва

Сотрудники Росгвардии задержали устроившего стрельбу с балкона мужчину в Подмосковье 


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Джиган

Звездная пара Джиган и Оксана Самойлова примут участие в шоу «Выжить в Дубае»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Бойцовская лига «Наше Дело» представит спортивную зону на Дне России

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

Марафон серий «Команды МАТЧ» на телеканале «СуперГерои» ко Дню защиты детей


Ролан Гаррос

Медведев пошутил о том, что часто проводит ночные матчи на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Реконструкция бульвара Победы началась в Белозерском



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России