Ҷениш Разоқов аз мақомаш барканор шуд
Ҷениш Разоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон аз мақомаш барканор шуд. Ӯ аз афроди калидӣ дар музокирот бо Тоҷикистон барои ҳалли масоили марзӣ ба шумор мерафт ва дар чандин даври гуфтугӯҳо ҳайати кишварашро раҳбарӣ кард. Дафтари матуботи раёсати ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 11-уми феврал иттилоъ дод, ки тасмими барканории Ҷениш Разоқов дар пайи аризаи шахсии ӯ гирифта шудааст. Манбаъ дар ин бора тафсилоти дигар ироа накардааст. Ҷениш Разоқов дар ин мақом аз 20-уми апрели соли 2018 ифои вазифа мекард. Читать дальше...