Сарфи назар аз карантин дар корхонаи мошинсозии Хоразм кор давом дорад
Сарфи назар аз он ки Комисияи вижаи мубориза бо вируси корона ҷамъшавии бештар аз 3 касро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард, коргарони корхонаи мошинсозии Хоразмро иҷборан ба кор даъват кардаанд. Дар ин корхона бештар аз ҳазор кас кор мекунад. Як коргар ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, дар корхонаи мазкур, ки мошинҳои навъи Chevrolet Damas ва Chevrolet Labo истеҳсол мекунад, сар аз оғози апрел садҳо коргар бе он ки ба хонаҳояшон раванд, кор мекунанд. "Давоми 15 рӯз 500 коргар дар корхона, бе он ки хонаҳояшон раванд, кор кард. Читать дальше...