Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 01.10.2020

Омори нав. Дар Тоҷикистон аз коронавирус чӣ қадар бемор шуданд, шифо ёфтанд ва фавтиданд?

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр хабар дод, ки шумораи умумии фавтидагон аз оғози хуруҷи коронавируси нав ба 77 нафар расид. Бино ба омори вазорат, аз оғози шурӯи пандемия 9769 ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, дар шабонарӯзи охир 42 мавриди беморӣ тасдиқ шудааст. Ба иттилои расмӣ, дар маҷмуъ, аз охири моҳи апрел то 1-уми октябр 8611 шифо ёфтаанд. Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст... Читать дальше...

Як салоҳияти раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро кам карданд

Ozodi.org 

Раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро аз ҳаққи таъин ва барканор кардани мудирони идораҳои маориф маҳрум карданд ва дубора ин масъулиятро ба ихтиёри Вазорати маориф ва илм доданд. Бо вуҷуди мухолифати бархе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон, ин қарор рӯзи 1-уми октябр дар порлумон қабул шуд.



Достони талхи Валихону ҳамтақдиронаш дар Батоши Турсунзода. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон 7 хонаи пиронсолон ҳаст, ки дар онҷо беш аз ҳазор шахси маъюбу солманд зиндагӣ мекунанд. Бархе аз онҳоро наздиконашон дар айёми пириву дастнигарӣ танҳо гузоштаанд, бархеи дигар бехонаву дар мондаанд.

Достони Валихон ва ҳамтақдиронаш дар Батоши Турсунзода

Ozodi.org 

1-уми октябр бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1990 Рӯзи байналмилалии мардуми солдида эълон шудааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ин рӯз ба хонаи пиронсолон дар деҳаи Батоши шаҳри Турсунзода рафтанд ва зиндагии танҳо яке аз онҳоро ба тасвир кашиданд.

Ваксинаи зидди COVID-19 ба баъзе аз муҳоҷирон дар Русия дастрас шудааст

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 30-юми сентябр гуфтанд, ки ҳанӯз мунтазири натиҷаҳои озмоиши ваксинаи Русия ба зидди COVID-19 ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, дар Русия баъзе аз тоҷикон ба ин ваксина дастрасӣ пайдо кардаанд. Муҳоҷирон дар вилояти Амур мегӯянд, ваксинае, ки 13 ҳазор рубл нарх дорад, барои онҳо ройгон гузаронида мешавад. Тафсилотро дар гузориши видеоӣ бинед.



Русия ва Фаронса ҷонибҳои даргирро дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба оташбас даъват карданд

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия ва Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавии ӯ, ба қатъи даргирӣ миёни нирӯҳои Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи баҳсии Қарабоғи Кӯҳӣ даъват карданд.  Рӯзи 1-уми октябр Кремлин изҳор дошт, ки ду раисҷумҳур дар як суҳбати телефонӣ талошҳои дипломатиро барои ба эътидол овардани низои шадид, ки дар ин минтақа дар солҳои охир собиқа надошт, баррасӣ кардаанд.  “Владимир Путин ва Эммануэл Макрон аз ҷонибҳои даргир даъват карданд, ки оташкушоиро пурра ва бе таъхир бас карда... Читать дальше...

Тоҷикистон Русияро дар бораи парвози ҳавопаймоҳои ширкати нав огоҳ кардааст

Ozodi.org 

Тоҷикистон мақомоти Русияро дар бораи парвози ҳавопаймоҳои ширкати нави “Флай Юнион” байни Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) ва шаҳрҳои Русия огоҳ кардааст. Елена Михеева, сухангӯи “Росавиатсия”, идораи масъули танзими нақлиёти ҳавоӣ дар Русия, 1-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин кор мувофиқи шартномаи дуҷониба сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, парвозҳо дар масири Бохтар-Маскав, Бохтар- Санкт-Петербург ва Бохтар-Екатеринбург анҷом шаванд. “Ин ширкати Тоҷикистон аст ва вақте ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар оғоз мешаванд... Читать дальше...

Аз масъалаи Белорус то баҳси Туркия. Нишасти раҳбарони Иттиҳоди Аврупо

Ozodi.org 

Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо рӯзи 1-уми октябр дар Брюссел ҷамъ мешаванд. Нишасти онҳо дар пасманзари ихтилофҳои дохилӣ сурат мегирад, ки ба қабул шудани бастаи барномаи барқарорсозӣ пас аз короновирус таҳдид мекунад ва қобилияти вокуниши Иттиҳодро ба буҳрони Белорус ва Туркия маҳдуд месозад.       Шаби аввали ҳамоиши дурӯзаи Иттиҳоди Аврупо ба таниш миёни Туркия ва Қибрису Юнон – ду кишвари узви Иттиҳод бахшида шудааст, ки бар сари марзҳои баҳрӣ ва сарватҳои зеризаминӣ дар баҳри Миёназамин баҳс доранд. Читать дальше...

Гапи Озод: Чаро дар Тоҷикистон занҳо президент намешаванд?

Ozodi.org 

То интихоботи президентӣ камтар аз ду ҳафтаи дигар мондааст. Мисли интихоботҳои гузашта имсол зане номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон нест. Бонувон чӣ камӣ доранд, ки касе аз онҳоро ба мақоми раҳбар пешбарӣ накардаанд?

Ваколати Бахтовар Сафарзодаро дар Маҷлиси Намояндагон қатъ карданд

Ozodi.org 

Ваколати Бахтовар Сафарзода, узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Мақомот рӯзи 1-уми октябр гуфтанд, ки Сафарзода намояндаи комилҳуқуқи порлумони Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардид ва бинобар ин ҷояш дар Маҷлиси Намояндагон холӣ шуд. То ин дам дар ин мақом Ибодулло Раҳимов кор мекард. Бахтовар Сафарзода ҳамчун номзад аз Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботҳои солҳои 2015 ва 2020 вакили Маҷлиси Намояндагон интихоб шудааст. Читать дальше...

Ҳайкали Исмоили Сомониро дар ноҳияи Рӯдакӣ аз пули мардум сохтанд, ё аз "Фонди ободонӣ"?

Ozodi.org 

Баъзе аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, аз онҳо барои сохтани пайкараи Исмоилӣ Сомонӣ, асосгузори давлати Сомониён аз 50 то 500 сомонӣ гирифтаанд.

"Истаравшан" дар лигаи олӣ монд, вале "Регар" ба лигаи аввал мегузарад

Ozodi.org 

Даври понздаҳуми мавқуфгузоштаи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.    Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки дар майдони худ бар тими «Файзканд»-и Восеъ бо ҳисоби бузурги 5:2 ғолиб омад, дар ҷадвали мусобиқа бо касби 16 имтиёз ба зинаи  ҳафтум баромад ва мавқеашро дар Лигаи олӣ нигаҳ дошт. Бозӣ миёни дастаҳои «Истаравшан» ва «Файзканд» рӯзи сешанбе, 29-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд. Ҳамаи панҷ голи мизбононро... Читать дальше...

Русия пешниҳоди мизбонии гуфтугӯҳо бар сари муноқишаи Қарабоғи Кӯҳиро дод

Ozodi.org 

Владимир Путин ва Эммануэл Макрон, президентҳои Русия ва Фаронса хостори қатъи фаврии даргириҳои низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ шуданд. Дафтари раёсати ҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбеи 1-уми октябр хабар дод, ки Путин ва Макрон ҳамчунин зимни ин гуфтугӯ ба зарурати ҳаллу фасли ин муноқиша аз роҳҳои дипломатӣ таъкид карданд. Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди сахттар шудани даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ, Озарбойҷон ва Арманистон дархостҳои байналмилалӣ барои оташбас ва оғози музокиротро рад карданд. Читать дальше...

Марги ду кӯдак дар Қазоқистон аз бемории монанд ба "синдроми Кавасакӣ"

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон ду кӯдаки 2-сола ва 3-сола аз бемории монанд ба "синдроми Кавасакӣ" фавтиданд. Дар ин бора раиси "Маркази илмии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакон" Риза Боронбоева хабар дод. Ба гуфтаи вай, волидон кӯдакони беморро саривақт ба беморхона наовардаанд ва пизишкон натавонистанд, онҳоро наҷот диҳанд. Пизишкон мегӯянд, синдроми илтиҳобовар, ки ба рагҳои хунгард зиён мерасонад ва монанди "синдроми Кавасакӣ" аст, айни замон ба кӯдаконе бештар таъсир дорад, ки гирифтори вабои коронавирус шудаанд. Читать дальше...

Боздошти 6 фирорӣ аз зиндони Доғистон, ки 2 тани онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд

Ozodi.org 

Дар Қалмиқи Русия шаш фирорӣ аз зиндони Доғистонро боздошт карданд. Дар ин бора раёсати корҳои дохилии Доғистони Русия хабар дод. Фирориҳоро дар деҳаи Улан-Холи Қалмиқ пайдо карданд. Ин зиндониҳо рӯзи 23 сентябр тавассути нақбе фирор карданд, ки худи онҳо канда буданд. Мақомоти зиндонҳои Русия баъдтар хабар доданд, ки фирориҳо бо айбҳои куштору фурӯши маводи мухаддир аз 10 то 14 сол зиндонӣ шуда буданд. Миёни фирориён ду тан тоҷикистонӣ - Шомил Бойматов ва Маҳмадрасул Машрабов низ буданд. Барои... Читать дальше...

Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон. Зарбаи аввалро оилаи муҳоҷирон эҳсос кардаанд

Ozodi.org 

Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон тайи як ҳафтаи охир дигарбора поин рафта, боис ба нигаронии хонаводаи муҳоҷирони корӣ шудааст. Рӯзи 30-юми сентябр бонкҳои Тоҷикистон арзиши 1000 рубли русиро 129-131 сомонӣ муқаррар карданд, ки дар муқоиса ба як ҳафтаи пеш 7-8 сомонӣ камтар аст.



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Вид Волочковой без фотошопа потряс публику — макияж не спасает




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Заммэра Москвы Ефимов: набережная в Южном порту увеличится в 1,5 раза

Пензенские регбистки выиграли первенство России


ATP

Хачанов вышел в третий круг турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Столичные росгвардейцы совершили около 4,5 тыс. выездов по сигналу «тревога» за минувшую неделю



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России