Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 24.10.2020

Доналд Трамп пеш аз муҳлат дар интихобот овоз дод

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 24-уми октбяр ва пеш аз муҳлат дар интихоботи президентӣ овоз дод, чун ба як рӯзи пуршӯри маъаракаи таблиғотӣ омодагӣ мегирифт. Трамп пас аз берун шудан аз бинои китобхонае дар аёлати Флорида, ки дар наздикии клуби дилхушии Mar-a-Lago-и ӯ қарор дорад, гуфт, "ман ба ҷонибдорӣ аз марде бо номи Трамп овоз додам". Қаблан Трамп дар зодгоҳи худ, шаҳри Ню-Йорк, овоз медод, вале соле пеш ба Флорида кӯчид. Ҳудуди 55 миллион амрикоиҳо пешакӣ овоз доданд, чунки пандемияи... Читать дальше...

"Ин кори ман нест." Чаро дар Тоҷикистон аз суҳбат дар бораи сиёсат парҳез мекунанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба назар мерасад, раванди дурӣ ҷустани мардум аз баррасии мавзуъҳои сиёсӣ рӯз то рӯз барҷастатар мешавад. Иллат чист: тарс аз ибрози андеша, набудани огоҳии сиёсӣ ва ё бетафовутӣ?



Санаи баргузории интихоботи президентӣ дар Қирғизистон эълон шуд

Ozodi.org 

Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон санаи баргузории интихоботи президентиро дар он кишвар 10-уми январи соли 2021 таъйин кард. Ин тасмим рӯзи 24-уми октябр гирифта шуд. Нурҷон Шайлдабекова, раиси Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон, гуфт, бар асоси қонун баъд аз тақрибан як ҳафтаи истеъфои президент бояд порлумон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳуриро эълон кунад. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 15-уми октябр аз мақомаш истеъфо дод. Ҳоло Содир Ҷабборов сарвазир аст ва ҳамзамон салоҳиятҳои президентро дорад. Читать дальше...

Таркиши маргталабона дар Кобул 14 нафарро кушт ва 35 касро захмӣ кард

Ozodi.org 

Таркиши маргталабона дар ғарби шаҳри Кобул ҷони дастикам 14 нафарро гирифта, 35 касро захмӣ кардааст. Ториқ Ориён, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфтааст, шахси бомбгузор қасд дошт, ба як маркази омӯзишӣ дар маҳаллаи Пули Хушки Дашти Парчӣ ҳамла кунад, аммо пеш аз ҳамла шиносоӣ шуд ва камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кард. Шумори қурбониёни инфиҷор, мумкин аст, тағйир кунад. То ҳол ҳеч гуруҳ масъулияти таркишро ба уҳда нагирифтааст. Ҷунбиши Толибон эълом кард, ки инфиҷор кори онҳо набуд.

Даргирӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ идома дорад

Ozodi.org 

Нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷону Арманистон рӯзи 24-уми октябр ба задухӯрд дар дохил ва атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ идома доданд. Як рӯз пеш вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар Вашингтон бо Майк Помпео, котиби давлатии Амрико роҳҳои ҳалли ҷанг бар сари Қарабоғи Кӯҳиро баҳс карданд.

Раиси ҷумҳури Лаҳистон ба коронавирус мубтало шудааст

Ozodi.org 

Анджей Дуда, раиси ҷумҳури Лаҳистон (Полша), ба коронавируси нав мубтало шудааст. Сухангӯйи ҳукумат гуфт, президенти 48-сола рӯзи 23-юми октябр муоина шуд ва натиҷаи ташхисаш мусбат баромад. Вай афзуд, вазъи Анджей Дуда хуб аст. Раиси ҷумҳури Лаҳистон дар ҳоле ба коронавирус гирифтор шудааст, ки паҳншавии бемории ҳамагир ва маргу мир аз он дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.



Достони хушдоману келин дар Тоҷикистон куҳна шудааст?

Ozodi.org 

Ҳар рӯзи шанбеи сеюми моҳи октябр дар ҷаҳон рӯзи хушдоманҳост. Дар Тоҷикистон назарҳо дар бораи онҳо яксон нест. Иддае хушдоманҳоро барои беэҳтиромӣ ва ҷабр ба келинҳо танқид ва бархеи дигар барои ҳимояташон аз оилаҳои ҷавон ситоиш мекунанд.

Рӯзноманигори тоҷик Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад даргузашт

Ozodi.org 

Рӯзноманигори тоҷик Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, ки се рӯзи ахир дар бемористони шаҳри Конибодом бистарӣ буд, даргузаштааст. Яке аз пайвандонаш гуфт, ӯ субҳи 24-уми октябр фавтид, аммо сабаби дар шифохона бистарӣ будани ӯро ошкор накард.

Судону Исроил ба созиш расиданд, Фаластин мухолиф аст

Ozodi.org 

Судону Исроил барои одӣ кардани равобиташон ба созиш расидаанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 23-юми октябр гуфт, ин муомила бо миёнравии Иёлоти Муттаҳида сурат гирифт. Ба қавли ӯ, се кишвари дигари арабӣ низ хостори муомилаи сулҳ бо Исроил ҳастанд. Чанд ҳафта пеш Баҳрайну Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ бар сари одӣ кардани равобиташон бо Исроил тавофуқ карданд. Фаластин бо ин иқдом ба шиддат мухолифат кардааст.

Путин ҳодисаҳои Қирғизистонро "дарди сари мардуми қирғиз" номид

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин 22-уми октябр гуфтааст, Кремл ба ҳаводиси ҷории Қирғизистон бо "таассуф ва изтироб" менигарад, вале дар ин раванд дахолат намекунад. "Он чи дар онҷо мегузарад, як дарди сар аст. Дарди сари мардуми қирғиз мебошад", - иқтибос овардааст хабаргузории ТАСС аз суханҳои Путин. Президенти Русия афзудааст, ҳама гуна дахолати беэҳтиётонаи хориҷӣ "иснтитутҳои навбунёди соҳибихтиёрӣ ва давлатдориро дар кишварҳои "ҷавон" маҳв месозад". "Ба мардум бояд имкон дод, ки ин муносибатҳоро... Читать дальше...

Вазъи сиҳатии Гулнора Каримова дар зиндон бад шудааст

Ozodi.org 

Вазъи сиҳатии Гулнора Каримова, духтари калонии президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов, ки дар маҳбаси Зангиотаи ин кишвар адои ҷазо мекунад, давоми рӯзҳои ахир хеле бад шудааст. Имон Каримова, духтари Гулнора Каримова дар Инстаграм навиштааст, ки модараш дар ҳоли ҳозир бо нишонаҳои илтиҳоби шуш дар бахши беҳдоштии зиндон бистарӣ аст. "Ба ӯ кумаки тиббӣ намерасонанд ва барои супоридани санҷиши коронавирус ҳам иҷозат намедиҳанд. Ҳамчунин интиқоли дастгоҳу дору барои табобаташ манъ аст", - навиштааст Имон. Читать дальше...

Вазирон бояд чӣ гуна бошанд?

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ аз чанде роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки дар ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуна шахсонро дидан мехоҳанд?



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Вид Волочковой без фотошопа потряс публику — макияж не спасает




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Пензенские регбистки выиграли первенство России


Уимблдон

Медведев рассказал, как ударился головой перед матчем с Уиллисом на Уимблдоне в 2016 году



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Участники более 2 тыс аварий обратились в Службу помощи при ДТП Подмосковья



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России