Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 29.10.2020

Маҳмудҷон Дадобоев дар 51-солагӣ даргузашт

Ozodi.org 

Маҳмудҷон Дадобоев, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, рӯзи 29-уми октябр дар 51-солагӣ даргузашт. Сабаби расмии марги ӯ ҳанӯз эълон нашудааст, вале чанде аз дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иллати фавти ӯро ба бемории ҳамагир рабт доданд.

Дар Хуҷанд “тумор”-и муҳофизат аз коронавирус мефурӯшанд

Ozodi.org 

Дар дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд гарданбанди муҳофизатӣ аз коронавирус бо номи “Virus Shut Out” ба фуруш баромадааст. Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, аз пайдоиши гарданбанд ё ба истилоҳ “бейҷик” хабар надоранд.

Муроҷиати сокинон ба Раҳмон, Рустам ва Озода. Чаро мушкили мардум дар минтақаҳо ҳал намешавад?

Ozodi.org 

Сарфи назар аз вуҷуди қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ” дар Тоҷикистон ва омодагии ниҳодҳои давлатӣ барои пазируфтани муроҷиатҳои шаҳрвандон, бисёре аз бошандагони кишвар бартарӣ медиҳанд, ки мушкили худро бо президент ё аъзои хонаводаи ӯ дар миён гузоранд.



ИМА дар Аврупо мушакҳои миёна ва дурпарвоз ҷойгир мекунад

Ozodi.org 

ИМА омодааст, дар сурати зарурӣ барои боз доштани Русия дар Аврупо мушакҳои мофавқи садоии кутоҳ ва дурпарвозро ҷойгир кунад. Дар ин бора мушовири президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Роберт О'Брайен иттилоъ дод. Тавре "Садои Амрико" гузориш медиҳад, О'Брайен афзуда, ки ИМА омодааст, барои боз доштани Чин дар минтақаи Уқёнуси Орому Ҳинд низ ин гуна иқдомро рӯи даст гирад. Пештар Пентагон хабар дод, ки ИМА мушакҳои мофавқи садоии болдорро коркард дорад, ки тавассути ҳавопаймоҳои нерӯҳои дарёии ин кишвар метавонанд партоб шаванд. Читать дальше...

Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА: Натоиҷи бозиҳои даври дувум

Ozodi.org 

Бозиҳои даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ рӯзҳои 27-28-уми октябр баргузор шуданд. Дар гурӯҳи А «Бавария»-и Олмон дар меҳмонӣ «Локомотив»-и Русияро бо ҳисоби 2:1, «Атлетико»-и Испания дар майдони худ «Залтсбург»-и Австрияро бо ҳисоби 3:2 шикаст доданд. Дар гурӯҳи B ду бозӣ миёни дастаҳои «Шахтёр Донетск»-и Украина — «Интер»-и Италия бо ҳисоби 0:0 ва «Боруссия»-и Олмон — «Реал»-и Испания бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Дар гурӯҳи C «Марсел»-и Фаронса... Читать дальше...

Муфтии Тоҷикистон гуфт, амали омӯзгори фаронсавӣ ва қотили ӯро маҳкум мекунад

Ozodi.org 

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки куштори омӯзгори фаронсавӣ аз ҷониби як ҷавони 18-солаи мусалмон қобили қабул нест, вале ҳамзамон рафтори омӯзгор, ки ба шогирдон аксҳои тавҳиномези паёмбари исломро нишон дод, маҳкум мекунад.

Додгоҳи Нурсултон ду касро барои "тазоҳуроти ғайриқонунӣ" ҳабс кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 28 октябр фаъоли маданӣ Аскар Каирбек 15 рӯз ва модари серфарзанд Фирӯза Ордабековаро 10 рӯз ҳабси маъмурӣ кард. Ин ҳар ду дар даъват ба "тазоҳуроти ғайриқонунӣ" айбдор шуданд. Маъмурони пулиси пойтахти Қазоқистон 27 декабр манзили зисти Каирбекро бозҷӯӣ карда, ӯро бо худ ба шуъба бурданд. Ба огаҳии додгоҳи Нурсултон, Каирбек дар нақзи "тартиби ташкили ҷамъомадҳои осоишта" айбдор дониста шуд. Каирбеки 43-сола борҳо зидди қарорҳои сиёсии ҳукумати Қазоқистон... Читать дальше...

Роҳи ҳавоии Душанбе-Тошканд то соли оянда боз намешавад

Ozodi.org 

Мақомоти расмии Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз санаи дақиқи барқарории парвозҳо байни Тошканду Душанберо муайян накардаанд. Миёнаи моҳи октябр ҷонибҳо барқарории парвозҳоро аз 1 ноябр баррасӣ карда буданд, аммо баъдтар ин сана ба 1 декабр кӯчид. Ҳоло санаи нав - аз 1 январи соли 2021 - мавриди баррасӣ аст. Расонаҳо менависанд, ноустувории вазъи беҳдоштии ду кишвар ба далели паҳншавии вабои коронавирус имкон намедиҳад, ки дар мавриди барқарории парвозҳо тасмими қатъӣ қабул шавад. Дар ҳамин ҳол, Оҷонси... Читать дальше...



Ҳалокати ҳади ақал 3 нафар дар ҳамла бо корд дар шаҳри Ниси Фаронса

Ozodi.org 

Расонаҳо дар Фаронса ба нақл аз мақомоти расмӣ аз рух додани як ҳамлаи дигар бо "силоҳи сард" дар шаҳри Нис дар рӯзи панҷшанбеи 29-уми октябр хабар доданд. Ин ҳамла бо корд дар калисои Нотр-Дами шаҳри Нис "ё наздикии он" рух додааст. Бар асари он се нафар кушта ва чандин тани захмӣ шудаанд. Ҳанӯз шахсияти фарди ҳамлакунанда ва сабабҳои ҳодиса ба таври расмӣ эълон нашудааст. Аммо шаҳрдори Нис дар "Твиттер"-и худ ангезаи ҳамларо "террористӣ" хондааст. Ӯ хабар додааст, ки ҳамлавар боздошт шуда, бинобар захмӣ шудан, ба бемористон интиқол ёфтааст.

Президенти Туркия маҷаллаи "Charlie Hebdo"-ро ба додгоҳ кашид

Ozodi.org 

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон зидди маҷаллаи фаронсавии "Charlie Hebdo" барои нашри карикатураи худ ба яке аз додгоҳҳои кишвараш шикоят бурдааст. Ба навиштаи хабаргузории “Анадолу”, вакили дифои Эрдуғон гуфтааст, маводи маҷалла туҳмат буда, ҷавобгарии ҷиноӣ дорад ва ба озодии баён марбут нест”. Ба ҷуз ин, Додситонҳои турк бо банди таҳқири президент парванда боз кардаанд. Charlie Hebdo карикатураи Эрдуғонро рӯзи чоршанбе нашр кард. Президенти Туркия дар он қадаҳе дар даст рӯи курсие нишаста, домани бонуи ҳиҷобпӯшеро боло мекунад ва мегӯяд... Читать дальше...

Гапи озод: Чаро сарбозшикор ва ё "облава" аз байн намеравад?

Ozodi.org 

Мавзӯи барномаи имрӯз “Облава ё сарбозшикор. Чаро ҷавонон ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ намераванд?”. Барои баррасии ин мавзӯъ мо Музаффар Бобоҷонов, ҳомии ҳуқуқи инсон ва роҳбари ташкилоти “Волидони сарбозон” ва Абдурақиб Қодиров, сухангӯи ташкилоти Мададгори Мудофиаро даъват кардем.

Бародари домоди Мирзиёв дар ВКД Узбекистон мақоми нав гирифт

Ozodi.org 

Улуғбек Турсунов, сарҳанги 53-сола муовини сардори Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати корҳои дохилии Узбекистон таъйин шуд. Улуғбек Турсунов бародари Ойбек Турсунов, домоди калонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аст. Рӯзноманигорон менависанд, номи Турсунов дар садҳо ҷанҷоли марбут ба ситонидани хонаҳои сокинон бо баҳонаи "таъсиси фоҳишахона" зикр шудааст. Сомонаи AsiaTerra навиштааст, Турсунов дар ғасби тиҷоратҳо, қитъаҳои замин ва фишор овардан ба тоҷирон даст дорад.

Фаронса, Олмон, Ҳинд ва кишварҳои дигар карантини нав эълон карданд

Ozodi.org 

Дар Фаронса аз 29 октябр гирифта, тарабхона, бар, қаҳвахона ва дигар муассисаҳои тиҷоратӣ баста буда, ҳукумат барои пешгирӣ аз сирояти бештари коронавируси нав маҳдудиятҳои саросарии гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро эълон кард. Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 28-уми октябр гуфт, ки эълони маҳдудиятҳо зарур буд, чун шифохонаҳои кишвар зери фишори фавқулодае мондаанд. Рӯзона дар Фаронса даҳҳо ҳазор нафар ба СОVID-19 мубтало мешаванд. Ба қавли Макрон, “мавҷи нави сирояти коронавирус... Читать дальше...

Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 1 миллиард доллар кумак мекунад

Ozodi.org 

Дар дидори онлайнӣ ё бархатти Гуфтугӯи Ҳинд ва Осиёи Марказӣ, ки рӯзи 28 октябр баргузор гашт, масъалаҳои амниятӣ ва сиёсӣ баррасӣ шуда, Ҳиндустон барои рушди тарҳҳои бартариятдори энержӣ, дурпайвандӣ, маориф, тандурустӣ, фанновариҳои иттилоотӣ ва кишоварзӣ дар кишварҳои минтақа 1 миллиард доллар қарзи боимтиёз ваъда кард. Дар ин нишаст гуфта шуд, ки ширкаткунандагони он барои маҳви зербиноҳо, паноҳгоҳ ва сармоягузории терроризм ҳамкорӣ хоҳанд кард ва нахоҳанд гузошт, ки қаламрави яке аз ин давлатҳо... Читать дальше...

Шумораи қурбониёни СОVID-19 дар Тоҷикистон ба 82 тан расид

Ozodi.org 

Вазорати тандурустӣ аз фавти боз як шаҳрванди Тоҷикистон аз бемории СOVID-19 хабар медиҳад. Шумораи умумии қурбониёни аз ин беморӣ аз 30-уми апрел то ба 28-уми октябр расман ба 82 нафар расид. Ба гуфтаи вазорат, дар шабонарӯзи охир дар кишвар гирифторшавии 40 нафари дигар ба ин беморӣ ошкор шуд ва дар маҷмӯъ шумораи гирифторон дар мамлакат ба 10900 нафаранд. Ҳамзамон, дар 24 соати охир 61 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10070 (92,4%) расид. Читать дальше...

Рӯзи ҷумъа аз Русия ба Тоҷикистон 6 парвози чартерӣ сурат мегирад

Ozodi.org 

Фардо, 30-уми октябр аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон шаш парвози чартерӣ анҷом дода мешавад. Бинобар рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати корҳои хориҷӣ, 30-уми октябр аз шаҳри Маскав се парвоз ба самти Душанбе ва ҳамчунон як парвози аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Уфа ба Душанбе анҷом дода мешавад. Мувофиқи ин ҷадвал ҳамчунон рӯзи 31-уми октбяр ҳам се парвоз аз Макскав ва ҳамчунон як парвози дигар аз Красноярск ба Душанбе сурат мегирад. Тибқи ин ҷадвал парвозҳои чартерӣ то 31-уми октябр муайян шудаанд... Читать дальше...

Озарбойҷон ва Арманистон аз талафоти якдигар дар ҷанги Қарабоғ хабар доданд

Ozodi.org 

Дар минтақаи низоъ дар ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ задухурдҳои мусаллаҳона идома доранд. Дар як рӯзи охир дар хати даргирӣ дар ин минтақа, ба иттилои Додситонии кулли Озарбойҷон, наздики 70 сокини осоишта кушта ва бештар аз 700 кас маҷруҳ шудааст. Тафтиши дурустии ин иттилоъ ғайримумкин аст. Арманистон ҳам дар бораи талафоти ҷонӣ дар қаламрави худ хабар медиҳад. Боку дар тирборони чанд минтақа, аз ҷумла шаҳрҳои Тертер ва Бардӣ Ереванро айбдор кард. Ба иттилои вазорати мудофиаи Озарбойҷон... Читать дальше...


Музыкальные новости
Концерт

Концерт в музее имени П.И. Чайковского





Rss.plus
Александр Бастрыкин

Бастрыкин поручил возбудить уголовное дело об избиении 84-летней блокадницы




Псковичи стали призерами соревнований по вольтижировке в Москве

Экономист Коваленко: возвращать ипотеку досрочно выгодно при ставке от 8%

Посол Антонов: запрет на импорт урана из России навредит больше США, чем Москве

Москвичам рассказали, когда в столицу вернется тепло




Афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Бадахшон. "22 ноҳия шоҳиди даргириҳои хунин будаанд"

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар барои қатъи ҷанги беш аз чиҳилсола дар ин кишвар идома дорад, дар вилояти Бадахшон гурӯҳи Толибон ҳамлаҳояшонро бештар кардааст. Ҳамакнун дар бисту ду ноҳия ё улусволии вилояти Бадахшон даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон шиддат гирифтааст. Бархе аз ин минтақаҳо бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд. Феълан даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дар афтрофи Файзобод, ҳамчунин дар Баҳорак, ноҳияҳои душворгузар мисли Вардуҷ... Читать дальше...

Дар Қазоқистон барои муроҷиати мустақим ба вакилон вебсайт таъсис доданд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон сомонаи Salemdeputat.kz таъсис шуд, ки тавассути он ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, мустақиман бо вакилон гуфтугӯ кунанд. Тавассути ин сомона сокинон ҳам ба вакилони порлумони кишварашон ва ҳам ба вакилони маҳаллӣ метавонанд, муроҷиат кунанд. Барои мисол, шаҳрвандон метавонанд, дар бораи буҷаи кишвар, шаҳр, ноҳия ва деҳаи худ пурсанд. "Ҳадафи тарҳ барқарор кардани робитаи мустақим байни интихобкунанда ва вакилон, ҳамчунин боло бурдани фаъолиятнокии интихоботкунандагон дар мавриди буҷаи давлатӣ аст. Читать дальше...

Қирғизистон аз созмонҳои байналхалқӣ дархости кӯмак кард

Ozodi.org 

Қирғизистон бо кишварҳои шарик, созмонҳои байналхалқӣ гуфтугӯ дорад ва аз онҳо дархости кӯмак мекунад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии он кишвар Руслан Казакбоев хабар дод. Ба гуфтаи вай, кӯмак барои мубориза бо мавҷи дувуми  коронавирус, баргузории интихоботи порлумонӣ ва президентӣ, ислоҳоти конститутсионӣ ва муҳимтар аз ҳар чизи дигар, барои пӯшонидани камомади буҷаи давлатӣ пурсида мешавад. Казакбоев гуфт, ҳеҷ кадом созмони байналхалқӣ дар бораи манъ кардани кӯмак ба Қирғизистон санади расмӣ ирсол накардааст. Читать дальше...

Дар Узбекистон тасмим доранд, бархе аз васоили тиббиро ройгон тақсим кунанд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон дастгоҳҳои набзсанҷ ва консентраторҳои оксигенро барои истифодаи муваққатӣ дар хона ба таври ройгон ба гирифторони коронавирус дода мешаванд. Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Узбекистон пешниҳоди тақсими ин дастгоҳҳоро қабул кард. Ҳамакнун дастгоҳҳои изофии беморхонаҳо ба хонаҳои сокинон бурда мешаванд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дастгоҳҳои набзсанҷ ва консентраторҳои оксиген ба касоне дода мешаванд, ки аз коронавирус табобат гирифта, вале ба барқароршавӣ дар шароити хона ниёз доранд. Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганту не дали выступить на вечере памяти Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Москве пройдет Братский кубок с "Динамо", ЦСКА и сербскими "Партизаном" и ОФК

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице


ATP

Хачанов вышел в третий круг турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

В Архангельске загорелся теплоход "М.В. Ломоносов": что известно о пожаре



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России