Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 04.10.2020

Халилзод аз нақши Тоҷикистон барои поён додан ба ҷанг дар Афғонистон гуфт

Ozodi.org 

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон, дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар рӯзи 4-уми октябр доир ба роҳҳои хатми ҷанг дар ин кишвари ҳамсоя ва нақши Тоҷикистон барои ба ҳам овардани тарафҳои мухолиф гуфт.

Халилзод аз нақши Тоҷикистон барои поён додан ба ҷанги Афғонистон гуфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Залмай Хализод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон зимни сафар ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳҳои поён додан ба ҷанги тӯлонӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон гуфтугу кард. Залмай Халилзод, яке аз миёнҷигарони асосӣ барои сари мизи музокирот овардани Толибон ва ҳукумати Афғонистон аст. Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми октябр бо Залмай Халилзод гуфтугуе анҷом дод ва аз роҳҳои хатми ҷанг дар Афғонистон пурсид. Радиои Озодӣ: Шумо чаҳор рӯз қабл дар Қатар будед ва бо ҳайатҳои ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон мулоқот доштед.

Теъдоди мубталоёни СОVID-19 дар Тоҷикистон ба марзи 10 000 наздик шуд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи 4-уми октябр 40 мавриди собитшудаи бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва як нафари дигар аз ин беморӣ фавтидааст. То он рӯз 60 нафари дигар бо аломатҳои шабеҳ ба беморӣ зери назорати табибон қарор доштаанд ва 42 нафар бемор баъд аз табобат ба хонаҳояшон баргаштаанд.  Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 4-уми октябор гуфт, аз рӯзи 30-уми апрел то кунун дар кишвар коронавирус ба 9935 нафар сироят кардааст ва бештар аз 8749 нафари онҳо шифо ёфтаанд. Читать дальше...



Русия гуфтааст, узви Гуруҳи 24 "худаш ба Душанбе рафт"

Ozodi.org 

Намояндагони як гуруҳи мухолифи давлати Тоҷикистон мегӯянд, Вазорати умури дохилии Русия дар як посухи расмӣ ба онҳо гуфтааст, ки Шобуддин Бадалов, як узви нопадидшудаи созмон «худаш ба Тоҷикистон рафтааст.» Дилшод Шарифов, масъули бахши иттилооти “Гуруҳи 24” рӯзи 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Вазорати корҳои дохилии Русия дар посухи катбӣ ба номаи вакили мудофеи онҳо доир ба сарнавишти номаълуми Шобуддин Бадалов посух дода гуфтааст, ки Бадалов рӯзи 1- уми сентябр аз фурудгоҳи Домодедово ба Тоҷикистон парвоз кардааст. Читать дальше...

Дармондагон ва ояндабинон аз президенти ояндаи Тоҷикистон чӣ мехоҳанд?

Ozodi.org 

Интихоботи қарибулвуқуи раисиҷумҳур, қишрҳои камбизоату бекори Тоҷикистонро, ки аз таваҷҷуҳи ками ҳукумат ва президент бархурдоранд, ба беҳ шудани сатҳи зиндагиашон умедвор кардааст. Онҳо мегӯянд, бо умед ба интихобот мераванд ва бовар доранд, номзаде, ки рой медиҳанд, хостаҳои онҳоро иҷро мекунад. Орзуе, ки бояд мунтазир бошанду бубинад, ки амалӣ мешавад, ё на.  Маҳмадулло Олимов сокини 38-солаи ноҳияи Восеъ даҳ соли ахир рӯзгори худу хонаводаашро аз ҳисоби кор дар мардикорбозор пеш мебарад. Ҳар субҳ бо умеди пайдо кардани рӯзӣ инҷо меояд. Читать дальше...

Дар Тоҷикистон бо омори расмӣ 43 каси дигар COVID-19 шудаанд"

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи 3-уми октябр 43 мавриди собитшудаи бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва то он рӯз 65 нафари дигар бо аломатҳои шабеҳ ба беморӣ зери назорати табибон қарор доштаанд. Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, аз рӯзи 30-уми апрел то кунун дар кишвар коронавирус ба 9895 нафар сироят кардааст, вале бештар аз 8700 нафари онҳо шифо ёфтаанд. Талафот аз беморӣ ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон 77 нафарро ташкил медиҳад. Мутахассисон бовар доранд, ки омори... Читать дальше...

Бино ба гузоришҳо ҷангҷӯён аз Сурияро ба Қаробоғи куҳӣ овардаанд

Ozodi.org 

Бино ба гузоришҳо даҳҳо ҷангҷӯе, ки бо ҳимояти Туркия аз Сурия барои кумак ба Озарбойҷон омадаанд, дар ҷанг бо Арманистон кушта шудаанд. “Садои Амрико” бо такя ба гузориши Маркази нозири ҳуқуқи инсон дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, навиштааст, Туркия дар рӯзҳои ахир 1200 ҷангҷӯро аз Сурия барои пуштибонӣ аз Озарбойҷон ба Қаробоғи куҳӣ сафарбар кардааст. Ба гуфтаи марказ, дар ду рӯзи ахир 36 ҷангҷӯи хориҷӣ кушта шудаанд ва дар умум то кунун 60 нафари онҳоро нобуд кардаанд. Рӯзи ҷумъаи гузашта Эманнуел Макрон... Читать дальше...

Раиси ҷумҳури собиқи Украина ба COVID-19 ва илтиҳоби шуш мубтало шудааст

Ozodi.org 

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури собиқи Украинаро баъди сирояти коронавируси нав ва аломатҳои бемории илтиҳоби шуш дар бемористон бистарӣ кардаанд. Дар ин бора ҳамсараш Марина Порошенко рӯзи 3-уми октябр хабар дод. Ӯ дар як паёми видеоӣ дар Фейсбук гуфт, ки Порошенкоро дар шифохонае дар Киев бистарӣ кардаанд. Мария Порошенко дар видео мегӯяд: “Бо вуҷуди онки шавҳари ман илтиҳоби дутарафаи шуш дорад, аммо қавӣ аст ва инро дар муборизааш бо беморӣ нишон медиҳад.” Раиси ҷумҳури собиқи 55-сола рӯзи 29-уми сентябр гуфт... Читать дальше...



Дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ идома дорад

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ идома дорад ва 16 ҳизби сиёсӣ барои 120 курсии Жогорку Кенеш ва ё Шӯрои олии кишвар мубориза мебаранд. Дар интихобот, ки соати 8 субҳ шуруъ шуд, то нисфирӯзӣ 20 дар сади мардум рой додаанд. Дар Қирғизистон 3.5 миллион нафар ҳақи рой доранд. Интизор меравад, ки аҳзоби тарафдори ҳукумат бо номи “Биримдик” ва ё Ваҳдат ва ҳизби “Мекеним” ва ё Ватан ройи бештари мардумро ба даст биёранд. Ҳизбҳои мухолифи Отамакон ва Республика баъд аз онҳо меоянд. Дар Қирғизистон бар асоси қонун... Читать дальше...

Озарбойҷон гуфт, ба шаҳри Ганҷа мушак андохтаанд

Ozodi.org 

Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 4-уми октябр гуфт, нерӯҳои Арманистон ба Ганҷа дуввумин шаҳри бузурги он кишвар зарбаҳои мушакӣ задаанд. Ҷанг байни ду кишвар ҳафтае пеш бархост ва шиддат мегирад. Арманистон гуфт, ҳеҷ гуна ҳамлаи мустақим ба Озарбойҷон накардааст, вале раҳбари вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи куҳӣ гуфт, ки неруҳои онҳо, як пойгоҳи низомӣ дар Ганҷаро нобуд кардаанд. Вазорати дифои Озарбойҷон бо нашри як баёнияе дар вебсайташ гуфт, ки шаҳри Ганҷа, ки 330 000 нафар аҳолӣ дорад бо чанд манотиқи... Читать дальше...

Дар Узбекистон як мардро барои дуздӣ дар масҷид 7 сол зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Узбекистон як мардро барои дуздӣ дар масҷидҳои вилоятҳои гуногуни ин кишвар ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон хабар доданд, ки ин мард ҳангоми дуздии навбатии худ дар масҷиди "Нава"-и шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё боздошт шудааст. Сокини Андиҷон Х.К. тобистони соли 2019 низ дар масҷидҳои вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷизах ва Фарғона ашёи гуногун, аз ҷумла телефони мобилӣ ва ҳамён дуздидааст. Х.К. қаблан ҳам ба муҳлати 5 солу 2 моҳ зиндонӣ шудааст. Читать дальше...

Доналд Трамп гуфт, ҳолаш беҳтар шудааст ва ба зудӣ бозмегардад

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки дар як шифохонаи низомӣ дар канори Вашингтон аз COVID-19 муолиҷа мегирад, гуфт, ки “аҳволаш беҳтар” шудааст ва умедвор аст, ба зудӣ барои идомаи маъракаи интихоботиаш бармегардад. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 3-уми ноябр баргузор мешавад. Дар як видеои чаҳор дақиқаӣ, ки рӯзи 3-уми октябр дар Твиттер нашр шуд, Доналд Трамп гуфт, чанд рӯзи оянда барои ӯ “имтиҳони воқеӣ” хоҳад буд ва ба ҳамаи мардуми Амрико ва саросари ҷаҳон барои ҳимоят аз худаш изҳори сипос кард. Читать дальше...

Дар Қирғизистон ба хонандагони синфҳои 2-6 ҳам иҷозат шуд, ба мактаб раванд

Ozodi.org 

Муовини вазири тандурустии Қирғизистон Нурболот Усенбоев 2 октябр дар як нишасти хабарӣ шарҳ дод, ки чаро ба хонандагони баъзе аз синфҳо иҷозат дода шуд, аз 6 октябр ба мактаб бираванд. "Ҳамроҳ бо Вазорати маорифи Қирғизистон алгоритмеро таҳия кардем, ки дар сурати риояи он ҳамаи хонандагон метавонанд ба омӯзиши анъанаваӣ баргарданд. Аз аввали соли хониш беш аз 100 ҳазор хонандаи сифни якум ба мактаб мераванд, вале то ҳол касе аз онҳо ба коронавирус мубтало нашудааст. Миёни хонандагон аз нигоҳи... Читать дальше...

Омӯзгорони тоҷик аз музди кам, мақомот аз ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо мегӯянд

Ozodi.org 

Бархе омӯзгорони тоҷик дар рӯзи иди касбияшон, ки 4-уми октябр таҷлил мешавад, аз шароити номусоиди корашон изҳори нигаронӣ карданд. Омӯзгорон мегӯянд, азбаски музди корашон кам аст, ба дигар корҳо низ рӯ овардаанд ва наметавонанд, нерӯи худро пурра сарфи таълими бачаҳо кунанд. Масъулони соҳаи маориф мегӯянд, шароити кору зиндагии омӯзгорон дар муқоиса ба солҳои пеш беҳтар шудааст ва ҳимояти иҷтимоиву иқтисодии ин қишри муҳими ҷомеа аз авлавиятҳои кори ҳукумат аст. Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири... Читать дальше...

Дар Узбекистон аз тақсими доруҳои ройгон ба омӯзгорон нигаронанд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон аз ҳафтаи гузашта ба омӯзгорон доруҳои ройгон, аз қабили "гидроксихлорохин" (плаквенил) ва "синк" тақсим менамоянд. Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус рӯи даст гирифта шуд. Вале омӯзгорон мегӯянд, аз истеъмоли ин навъи доруҳо ҳарос доранд, зеро дар бораи муассир набудани онҳо зидди коронавирус хабарҳо нашр шудааст. Рӯзи 22 сентябр омӯзгорони мактабҳои миёнаи ноҳияи Тошканди вилояти Тошканди Узбекистон доруҳои мазкурро ройгон дарёфт карданд. Читать дальше...

Блогери қазоқро бо гумони "сарнагун кардани ҳукумат" ба ҳабс гирифтанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Алмато блогер ва фаъоли мадании қазоқ Маргулан Боронбой бо гумони ангехтани бадбинии миллӣ ва таблиғи ғасби ҳукумат аз роҳи хушунат боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Қонунгузории Қазоқистон барои ин навъи ҷиноятҳо маҳдуд кардани озодӣ ва зиндонӣ шудан ба муҳлати 7 солро пешбинӣ мекунад. Вале вакили дифои айбдоршаванда Ануар Байдаров ба ин айбҳо розӣ нест ва мегӯяд, талош хоҳад кард, то коршинос ба хотири хулосаи нодурусташ ва муфаттиш барои бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашидани шахси зери ҳимояи вай муҷозот карда шаванд. Читать дальше...

Зеварбону Рауфӣ: Насли ман насли ҷавонони “безабон” аст

Ozodi.org 

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон "Баҳри ман танҳо забони модарист, чунки шири модар аст, Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст." Муъмин Қаноат Дуруд, ҳаммеҳани азиз! Хеле вақт буд, ки мехостам, дар бораи забон бинависам, аммо ҳар бор иттифоқе меуфтод ва навиштанро ба дафъаи дигар мегузоштам. Намедонам, ба кадом далел иди забонро, ки дар асл рӯзи 22-юми июл таҷлил мешуд, ба 5-уми октябр, ки баробар бо зодрӯзи президент Эмомалӣ Раҳмон аст, иваз намуданд. Ҳоло далел ҳар чӣ буд... Читать дальше...



Москва

Национальный конгресс по регенеративной медицине впервые пройдет в Санкт-Петербурге: ученые и врачи обсудят достижения и перспективы развития регенеративной биомедицины


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о работе сервиса «Вместе с культурой»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Композитор

Композитор Классической музыки




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


ATP

Хачанов победил Шевченко во втором круге турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Симферополь

Театр и цирк, Россия и культура, дети: Госцирк Бурятии представил новое руководство



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России