Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 13.10.2020

Шумори гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон 37 нафар бештар шуд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки 37 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар кишвар сабт шудааст. Ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел (замони эътирофи мавҷудияти вирус дар кишвар) то кунун коронавирус ба 10 ҳазору 297 кас сироят кардааст. Бештар аз 9177 нафари онҳо шифо ёфтаанд. Мақомот рӯзи 12-уми октябр хабар дода буданд, ки то имрӯз 79 нафар аз коронавируси нав дар Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Аммо дар хабарномаи ҳаррӯзаи Вазорати тандурустӣ рӯзи 13-уми октябр дар бораи теъдоди фавтидагон рақаме зикр нашудааст. Читать дальше...

Ҳабси чанд одам дар Узбекистон бо гумони ғорати санги тило

Ozodi.org 

Пулиси вилояти Ҷиззахи Узбекистон хабар дод, ки дар ноҳияи Галлаарали вилоят бо гумони истихроҷи ғайриқонунии тило чанд одам боздошт шудааст. Аз боздоштшудаҳо василаҳои тилоҷӯӣ мусодира шудааст. Ба иттилои пулис, аз рӯи ҳодисаи тилоҷӯӣ тафтишот идома дорад. Моҳи августи соли ҷорӣ расонаҳо хабар дода буданд, ки чанд одам бо гумони ғорати санги тилое боздошт шуданд, ки наздики 23 ҳазор доллар арзиш дошт.

Ҳамсари Сайфуллозода гуфт, пул надорад ба шавҳари зиндониаш дору харад. Мақомот ваъдаи кумак доданд

Ozodi.org 

Ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иддао дорад, ки вазъи саломати шавҳараш пас аз гирифторӣ ба коронавирус хуб нест ва хонаводааш низ бинобар вазъи иқтисодӣ наметавонанд ба ӯ кумак кунанд.



Мавлуда Рафиева, хабарнигори фаъоли тоҷик даргузашт

Ozodi.org 

Мавлуда Рафиева, хабарнигори гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" дар синни 56-солагӣ даргузашт. Сабаби марги ӯ ҳанӯз дақиқ нест, аммо дӯстонаш мегӯянд, Рафиева чанд рӯзи ахир аз сулфа ва ҳарорати баланд шикоят дошт. Мавлуда Рафиева аз хабарнигорони фаъол дар вилояти Суғд буд ва барои гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" мавод менавишт. Ин хабарнигори тоҷик то рӯзи 8-уми октябр дар шабакаи Фейсбук фаъол буд ва ба гуфтаи наздиконаш баъд аз он рӯз дар беморхона бистарӣ шуд. Рафиева аз фаъолтарин хабарнигорони тоҷик буд... Читать дальше...

Ҳукумати Алмато ба баргузории гирдиҳамоии ислоҳоти сиёсӣ иҷозат дод

Ozodi.org 

Чанд тан аз фаъолони шаҳри Алматои Қазоқистон шоми 12-уми октябр хабар доданд, ки ҳукумати шаҳри Алмато ба баргузории гирдиҳамоии ислоҳоти сиёсӣ иҷозат дод. Ҳукумати шаҳри Алмато гуфтааст, дар гирдиҳамоӣ на бештар аз 500 кас ҷамъ шавад. Фаъолон тасмим доранд, бо талаби ислоҳоти сиёсӣ ва қатъи таъқибҳои сиёсӣ гирди ҳам оянд. Ҳамчунин аз сокинон талаб шудааст, ки ҳангоми гирдиҳамоӣ меъёрҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Қарор аст, ин гирдиҳамоӣ аз соати 12 то 15 рӯзи 31-уми октябр баргузор шавад. Ин дар ҳолест... Читать дальше...

Бонкҳои Туркманистон чипта ҷорӣ кардаанд, аммо дар банкоматҳо пул нест

Ozodi.org 

Дар Туркманистон вазъи иқтисодии аҳолӣ ҳамарӯза бад мешавад. Сокинони вилояти Марий дар нақдсозии пул мушкил доранд. “Имрӯзҳо дар назди банкоматҳои вилоят сокинон дар навбат ҳастанд, то музди маош, нафақа, ёрдампулӣ барои маъюбият ва нигоҳубини кӯдаконро, ки 3-4 моҳ боз нагирифтаанд, дарёфт кунанд”, - иттилоъ медиҳад хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ. Ба гуфтаи ӯ, бо ҳадафи ба тартиб даровардани навбатпойӣ дар назди банкоматҳо бонкҳо чипта ё талонҳо роҳандозӣ кардаанд, аммо ба иттилои сокинон он ҳеч натиҷаи мусбате надодааст. Читать дальше...

СММ: Ҷеенбеков намояндаи ҳукумати қонунии Қирғизистон аст

Ozodi.org 

12-уми октябр вазири умури хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков бо намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ Наталия Герман суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ, Герман таъкид кардааст, ки СММ ҳамеша шарики боэътимоди  Қирғизистон аст ва ҷонибҳоро ба ҳалли босуботи вазъи баамаломада даъват мекунад. Герман бар ин аст, ки феълан маҳз Сооронбой Ҷеенбеков раисҷумҳури қонунӣ, намояндаи ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар ба шумор меравад. "Изҳори умед карда шуд... Читать дальше...



Панҷ медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба кураш дар Қазон 

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии кураш, ки дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор шуд, панҷ медал (1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Чунонки сомонаи расмии Федератсияи кураши Русия -  russiakoresh.ru хабар додааст, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 130 варзишгар аз 26 кишвар аз рӯи даҳ вазн рақобат карданд. Дар ҳамаи вазнҳо мизбонон – гуштигирони русиягӣ - ғолиб шуданд. Дар гурӯҳи бонуфузтарин - дар вазни беш аз 130 кило Сергей Павлик, паҳлавони вазнаш 192 кило аз Маскав... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 13-уми октябри соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Ҷавонони рус дар Маскав як зани зодаи Тоҷикистонро аз корди ҷинояткор наҷот додаанд, Суғд аз Узбекистон гази табиӣ ворид мекунад, бознишастаҳои беларусӣ бар зидди Лукашенко қиём намуданд ва матолиби дигар.

Ширкати Johnson & Johnson баъди бемории номуайяни як ихтиёрӣ санҷиши воксинаро боздошт

Ozodi.org 

Ширкати Johnson & Johnson, ки бо истеҳсоли маҳсулоти беҳдорӣ маъруф аст, бо сабаби ошкор шудани бемории номуайяне дар як ихтиёрӣ санҷиши воксинаро боздошт. Ширкати азими амрикоӣ яке аз рақибони ҷиддӣ дар заминаи коркарди воксинаи зидди COVID-19 ба шумор мерафт. Ширкат дар ин бора дар як изҳороти рӯзи 12-уми октябр хабар дода гуфт, ки  таҳқиқот дар давраи сеюми озмоишҳо бо сабаби бемор шудани як ихтиёрӣ муваққатан боздошта мешавад. Johnson & Johnson гуфт, ки чунин танаффусҳо дар ҷараёни озмоишҳое... Читать дальше...

ИМА дар Ҳилманд ба Толибон ҳамла карда хатми ҷангҳоро тақозо кард

Ozodi.org 

Нирӯҳои амрикоӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманд ба кӯмаки артиши Афғонистон рафта, ҷангҷӯёни Толибонро, ки чанд рӯзи ахир ба нирӯҳои ҳукуматӣ ҳамла мекунанд, ҳадаф қарор доданд. Ин ҳамла бо тақозои хатми ҷангҳо карда шуд. Полковник Сонни Леггетт, сухангӯи нирӯҳои амрикоӣ рӯзи 12-уми октябр гуфт, ки  ҳамлаҳои ду рӯзи ахир бар хилофи созиши сулҳи ИМА ва Толибон нест, ки моҳи феврали имсол имзо шуд. Феълан дар Қатар музокироти сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон идома дорад.  Леггетт гуфт, ки дар... Читать дальше...

Ба манзили сокинони Суғд баъд аз даҳ сол дубора гази табиӣ меояд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Узбекистон баъд аз солҳо дигарбора интиқоли газ ба шимоли Тоҷикистонро оғоз мекунад. Мақомот гуфтанд, то як моҳи дигар ва бо таъмири қубурҳо манзили сокинон бо гази табиӣ таъмин мешавад. Тақрибан даҳ соли пеш дар аҳди Ислом Каримов, президенти пешинаи Узбекистон, бинобар қиммат будани нархи газ Тоҷикистон воридоти онро қатъ карда буд. Сокинон ҳоло бо набуди гази табиӣ манзилҳояшонро бо барқ ва ё оташи бобоӣ гарм мекунанд, вале акнун ба қубурҳои бекорхобидаи онҳо буйи газ меояд. Корхонаи хусусии "Сомон-Cуғд Газ" муваззаф шудааст... Читать дальше...

Дар Чингдау 9 миллион нафар аз тести ҳамагонии коронавирус мегузарад

Ozodi.org 

Дар паи гузоришҳои нав дар бораи хуруҷи коронавирус, мақомот дар шаҳри бандарии Чингдау дар шарқи Чин ният доранд то охири ҳафтаи ҷорӣ 9 миллион сокини маҳаллиро аз санҷиши коронавирус гузаронанд. Ин нахустин мавриди хуруҷи вируси нав дар ду моҳи охир мебошад. Барномаи тестии ҳамагонӣ дар ин минтақа дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки баъди моҳи декабри порсол ошкор шудани вируси нав дар Вуҳани Чин ва чандин моҳи муқобила бо паҳншавии он, дар кишвар ҳодисаҳои олудагӣ ба вирус шадидан коҳиш ёфт ва мақомот аз моҳи август мегуфтанд... Читать дальше...

ИА ба таҳрими навбатии Беларусу Русия омода мешавад

Ozodi.org 

Иттиҳоди Аврупо ба қабули таҳримҳои нав алайҳи Беларус ва Русия барои поймолкунии ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократӣ омода мешавад. Дар ҷаласаи 27 вазири хориҷаи узви Иттиҳоди Аврупо бори дигар таъкид шуд, ки интихоботи моҳи августи Беларус “озоду одилона набуд” ва таҳдид шуд, ки нисбати Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи  кишвар, ки ба гуфтаашон, “ҳеҷ салоҳияти қонунӣ надорад”, тадбирҳои маҳдудкунанда ҷорӣ мешавад. Дар ҷаласаи вазирон ҳамчунин пешниҳоди Париж ва Берлин дар заминаи таҳрими шаҳрвандони... Читать дальше...

Бозгашти Трамп ба маъракаи интихоботӣ баъди муолиҷа аз коронавирус

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти ИМА, ки ахиран аз коронавирус муолиҷа гирифт, ба маъракаи таблиғи номзадиаш дар интихоботи президентӣ баргашт. Рӯзи 12-уми октябр ӯ дар Санфорди Флорида буд. Интихоботи президентии ИМА рӯзи 3-юми ноябр барпо мешавад ва дар интихобот Трамп дар муқобили рақиби демократаш Ҷо Байден қарор мегирад. Трамп ин навбат фурсатро истифода карда, тадбирҳои Кохи Сафедро дар қиболи пандемияи коронавирус ва ҳам шифо ёфтани худро аз беморӣ бар асоси давоҳои таҷрибавӣ ҳимоят кард.  Трамп хитоб ба мардуми ҷамъшуда... Читать дальше...


Музыкальные новости
Концерт

Концерт «Моя Москва» покажут на mos.ru





Rss.plus
ЦСКА

ЦСКА обыграл «Зенит» в Санкт-Петербурге впервые за 13 лет




Центральный парк в округе Пушкинский стал вторым по посещаемости в Подмосковье

В Москве таксист выстрелил в генерал-майора, сделавшего ему замечание за опоздание

Фигуранты дела об убийстве байкера в Москве из-за спора о парковке обжаловали арест

Гарнизонный суд Москвы сообщил об аресте начальника кадрового главка МО Кузнецова




Томас Бах: Варзишгарон метавонанд орзуи олимпии худро соли оянда амалӣ кунанд

Ozodi.org 

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах ба раҳбарони дастаҳо дар Олимпиадаи Токио-2020 итминон дод, ки варзишгаронашон метавонанд орзуи олимпии худро соли оянда амалӣ кунанд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Бах зимни суханрониаш дар ҷаласаи онлайнии раҳбарони дастаҳо дар Олимпиадаи Токио-2020 ваъда дод, ки ташкилот бо тамоми имконот фаъолият дорад, то Бозиҳоро ба давраи баъд аз коронавирус мутобиқ созад. Дар истинод... Читать дальше...

Коршиносон:"Натиҷаҳо пешгӯишаванда буданд, вале на бо ин омори баланд".

Ozodi.org 

Коршиносон натиҷаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистонро пешгӯишаванда арзёбӣ карда, мегӯянд, ки баъд аз ҳодисаҳои интихоботи раиси ҷумҳури Белоруссия интизор доштанд, ки омори тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон камтар эълон мешавад. Ҳамзамон коршиносони тоҷик мегӯянд, ки то ҳафт соли дигар ҷаноби Раҳмон вазифаи раиси ҷумҳурро иҷро карда, сипас мавзӯи интиқоли қудрат баррасӣ хоҳад шуд. Комиссияи маркази интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон 12-уми октябр натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентиро ҷумҳуриро... Читать дальше...

Дар Туркманистон таъқиби муътодони тамоку идома дорад

Ozodi.org 

Дар Туркманистон таъқиби сигоркашҳо ва шахсоне идома дорад, ки ба тамоку муътод шудаанд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир пулиси Туркманистон онҳоеро таъқиб ва боздошт мекунад, ки нос истифода мебаранд. Ба гуфтаи хабарнигор, дар пасманзари камчин ва гарон шудани сигор сокинони ин кишвар рӯ ба нос овардаанд, ки истеҳсол ва истифодаи он дар Туркманистон манъ аст. Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон як қуттии арзонтарин сигор 230-240 манат фурӯхта мешавад (қурби расмии 1 доллар 3,5 манат аст). Читать дальше...

Дар Қазоқистон ду минтақаи дигарро карантин карданд

Ozodi.org 

Дар вилояти Қазоқистони Шимолии Қазоқистон шаҳри Мамлютка ва шаҳраки Явленка, маркази маъмурии ноҳияи Есилро карантин карданд. Бино ба хабарҳо, рӯзҳои ахир дар миёни сокинони ин минтақаҳо даҳҳо ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Дар роҳҳои баромаду даромад аз минтақаҳои аҳолинишини мазкур постгоҳҳо ташкил шудааст. Сокинон аз соати 22:00 то соати 6 иҷозат надоранд, ки аз хонаҳояшон берун бароянд. Дар шаҳри Мамлютка, ки бо Русия ҳаммарз аст, макони карантин барои 100 нафар ташкил шудааст. Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Алла Пугачёва

Исполнительницу Аллу Пугачеву на официальном уровне признали в Израиле




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Не успели программисты сдать ГТО. Теперь УМО?

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Благодаря акции МТС Банка реабилитационная помощь в России станет доступнее


Карен Хачанов

Теннисист Хачанов вышел в третий круг "Мастерса" в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России