Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 21.10.2020

Баъд аз хабари "кушта шудан"-и Гулмурод Ҳалимов, номи ӯ дар рӯйхати таҳримҳои СММ пайдо шуд

Ozodi.org 

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21-уми октябр номи Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро бори дигар ба феҳрасти такмилшудаи таҳримҳояш ворид кард.

Тоҷикистон барои муқобила бо COVID-19 ва бемориҳои дигар бо WHO созиши дусола баст

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) созишномаи ҳамкории дусола баст, ки дар баробари муқобила бо коронавируси нав, мубориза бо бемориҳои дигари сироятӣ ва вазъи эпидемиологиро дар бар мегирад. Имзои созишнома рӯзи 20-уми октябр ба таври онлайн сурат гирифт. Созишномаро аз Душанбе вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва аз Аврупо Ҳанс Клуге, раҳбари дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ имзо кардаанд. Дафтари аврупоии СҶТ масъули кор бо Тоҷикистон ҳам мебошад. Читать дальше...

"Равшан" ғолиби Лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб шуд, соҳиби медалҳои тилло гардид. Қаблан футболбозони шаҳри Кӯлоб ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 роҳхат гирифта буданд.



Наздики 12 ҳазор олудашавӣ дар рӯз чехҳоро водор кард маҳдудиятҳоро шадидтар кунад

Ozodi.org 

Ҳукумати Ҷумҳурии Чех як силсила амру фармонҳое содир кард, ки дар шароити афзоиши бесобиқаи ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус   дар ин кишвари аврупоӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад. Нахуствазир Андрей Бабиш дар нишасти матбуотии рӯзи 21-уми октябр  гуфт, ки то 3-юми ноябр фурӯшгоҳҳои аз назари аҳамият дуюмдараҷа баста шуда, ҳаракати одамон ба ҷуз дар ҳолатҳои зарурии мисли рафтан ба кор, хона ваё хариди хӯроку доруворӣ манъ мешавад. Бабиш гуфт: “Барои қабули қарор дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав мо хеле фикр кардем... Читать дальше...

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон баъди ҳабси хонагии Матраимов аз “афви иқтисодӣ” сӯҳбат кард

Ozodi.org 

Як рӯз баъди  боздошту ба ҳабси хонагӣ гирифта шудани собиқ мақомдори Кумитаи гумрук, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Ҷапаров) ба собиқ мақомдороне, ки аз роҳи коррупсия сарватманд шудаанд, “афви иқтисодӣ” ваъда дод. Бар асоси изҳороти рӯзи 21-уми октябри Ҷабборов, афв ба ҳама собиқ мақомдорон марбут мешавад, ки дар соҳаҳои “барқ, гумрук, андоз, дорусозӣ, лисензиядиҳӣ ва канданиҳои фоиданок” кор кардаанд. Ҷабборов ба чунин мақомдорони аз роҳи коррупсия сарватмандшуда 30 рӯз мӯҳлат дод... Читать дальше...

Талошҳои дипломатӣ барои хатми низоъ дар Қаробоғ идома доранд

Ozodi.org 

Президенти Арманистон Армен Саркисян барои музокира бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва НАТО ба Брюссел сафар кард, дар ҳоле, ки вазирони хориҷаи Озарбойҷон ва Арманистон  дар Маскав қарор доранд, то роҳҳои дипломатии хатми даргириҳо дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳиро баррасӣ кунанд. Дар паи шурӯи даргириҳои нав дар минтақа аз 27-уми сентябр то ҳол садҳо низомиёну афроди мулкӣ кушта шуданд. Вазорати хориҷаи Озарбойҷон дар изҳороте рӯзи 21-уми октябр гуфт, ки вазир Ҷейҳун Байрамов ба хотири “машваратҳо бо ҷониби Русия" ба Маскав парвоз кард. Читать дальше...

Ҳукми ҳунарпешае, ки худро ёвари Рустами Эмомалӣ мегирифт, баррасӣ мешавад

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти хешовандони ҷавонеро, ки ба гуфтаи мақомот худро ёвари раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон муаррифӣ карда, тамаъҷӯӣ кардааст, баррасӣ мекунад. Волидонаш мегӯянд, ҳукми ӯ сахт аст ва бояд бознигарӣ шавад.



Conflict Intelligence Team: дар Қаробоғи Кӯҳӣ зархаридони суриягӣ меҷанганд

Ozodi.org 

Таҳқиқоти гурӯҳи бо номи Conflict Intelligence Team (CIT) мегӯяд, ки дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ аз ҷониби Озарбойҷон зархаридони суриягӣ меҷанганд, вале ин иттилоъро Боку рад мекунад. Кавказ.Реалии. мегӯяд, дар ин бора дар гузориши рӯзи 21-уми октябр нашршудаи CIT гуфта шудааст. Аз ин пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ нашр шуд, ки эҳтимолан аз ҷониби худи зархаридҳо ба интернет ҷой дода шудаанд. Дар наворҳо сӯҳбат ба забони арабӣ ба гӯш мерасад ва худи ҷангиён бо либоси марзбонҳои Озарбойҷон дида мешаванд. Читать дальше...

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо Баҳрайну Иморот эълон шуд

Ozodi.org 

Сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Усмон Тошев ҳайати дастаро дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон кард. Барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона 26 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар – даъват шудаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 7-уми ноябр бо мунтахаби Баҳрайн ва 12-уми ноябр бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мекунад. Ҳарду бозии дӯстона дар Дубай доир мегардад. Читать дальше...

Танҳо Комроншоҳ ва Сомон: ширкати ду паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузурги Будапешт"

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии  Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти  Венгрия доир мегардад, Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд

Тоқаев санаи интихоботи порлумонии Қазоқистонро муайян кард

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев санаи интихоботи аъзои маҷлис, палатаи поёнии порлумони ин кишварро 10 январи соли оянда таъйин кард. "Санаи интихоботи навбатии маҷлиси порлумони Қазоқистон аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ 10 январ ва санаи интихоботи навбатии вакилони маҷлис, ки аз сӯи Ассамблеяи мардуми Қазоқистон баргузида мешаванд, 11 январи соли 2021 таъйин карда шавад", - омадааст дар фармони Тоқаев, ки 21 октябр дар сомонаи ӯ нашр шуд. Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон барои ташкили... Читать дальше...

Санаи интихоботи нави парлумонии Қирғизистон таъин шуд

Ozodi.org 

Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон рӯзи 20-уми декабрро ҳамчун таърихи баргузории интихоботи нави парлумонӣ таъин кард. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки натиҷаҳои интихоботи 4-уми октябри имсол бо интиқод аз тақаллуб ба манфиати ҳизбҳои рӯ ба президенти собиқ Сооронбой Ҷеенбеков бекор шуд ва дар кишвар бебандубориву бӯҳрони сиёсӣ эҷод кард. Санаи интихоботи навро рӯзи 21-уми октябр тасдиқ карданд. Баъди истеъфои ҳафтаи гузаштаи Ҷеенбеков, нахуствазир Содир Ҷабборов (Ҷапаров) иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон шуд. Читать дальше...

Маъракаи таблиғотии Трамп  дар Пенсилвания ва омодагии Байден ба дебат

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп маъракаи таблиғи номзадиашро идома медиҳад ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден ба дебати навбатии телевизионии ҳафтаи ҷорӣ омода мешавад. То интихоботи президентии ИМА ду ҳафта фурсат мемонад ва рӯзи 20-уми октябр номзади ҷумҳурихоҳҳо ва президенти амалкунанда Доналд Трамп дар Пенсилвания талош дорад дили мардумро ба даст оварад. Пенсилвания соли 2016 ҳамчун макони муҳими дастёбӣ ба овози қишри коргари сафедпӯст ба ҳисоб мерафт ва дар миёни чанд аёлати калидие мебошад, ки... Читать дальше...

Дар талотуми издиҳоме дар Афғонистон 15 нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон рӯзи 21-уми октябр гуфтанд, талотуми ҳазорҳо нафаре, ки дар варзишгоҳи Ҷалолобод барои гирифтани визаи Покистон навбат истода буданд, боиси   марги 15 нафару ҷароҳати 10 тани дигар шуд. Ҳодиса 20-уми октябр рух дод. Сӯҳроб Қодирӣ, як узви шӯрои вилоятӣ дар Ҷалолобод гуфт, ки талотум бисёриҳоро зерипо кард ва миёни ҳалокшудаҳо 11 нафарашон занон мебошанд. Зоҳир Одил, сухангӯи раёсати беҳдошти Нангарҳор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасадҳо ба беморхона интиқол дода шуданд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Андрей Макаревич

Мечтающего по победе Киева Макаревича* проверят на экстремизм





Rss.plus
ТПП

Президент ТПП РФ Сергей Катырин в ходе рабочего визита в Абу-Даби встретился с председателем Федерации торгово-промышленных палат ОАЭ Абдуллой Аль-Мазруи




Онкоортопедия: синтез науки и практики

Появилось видео ДТП, где поезд "Воркута-Москва" протаранил легковое авто

У «Балтики» есть шанс: у «Спартака» в Калининград не прилетели Соболев и Бабич

Байден запретил поставки урана из России в США. Это должно позволить устранить зависимость от РФ в сфере мирной ядерной энергетики




Эътироз дар корхонаи ширкати Uzbekistan GTL аз таъхир дар пардохти маош

Ozodi.org 

Рӯзи 21-уми октябр коргарони корхонаи ширкати Uzbekistan GTL, ки дар ноҳияи Ғизори вилояти Қашқадарёи Узбекистон ҷойгир аст, даст ба эътироз ва хароб кардани корхона заданд. Ба иттилои пешакӣ, сабаби эътироз чанд моҳ пардохт нашудани маош ва беғизо мондани коргарони ин корхонаи иборат аз 12 ҳазор коргар будааст.

"Ховарон" шаҳраки "муосир", вале қисман бе шабакаи обу корез. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар маҳаллаи "Ховарон" сокинон бо тадриҷ бо оби ошомиданӣ ва системаи корез таъмин мешаванд. Феълан ҳазорон сокини маҳалла ҳар мошин оби ошомиданиро то 100 сомонӣ мехаранд. Маҳаллаи навбунёди "Ховарон" дар теппаҳои шарқии Душанбе ҷойгир аст. Дар оғоз баъзе аз донишмандони тоҷик мухолифи сохтмони хонаҳо дар ин минтақа буданд, чун мегуфтанд, хокаш устувор нест. Ҳоло мақомот мегӯянд, ки ҷойе барои нигаронӣ намондааст. Тарҳи меъмории биноҳо дар ин маҳалла ба тарзи хос ва на камтар аз ду табақа аст. Читать дальше...

"Ховарон" шаҳраки "муосир", вале бе шабакаи обу корез

Ozodi.org 

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар маҳаллаи “Ховарон” сокинон бо тадриҷ бо оби ошомиданӣ ва системаи корез таъмин мешаванд. Феълан ҳазорон сокини маҳалла ҳар мошин оби ошомиданиро то сад сомонӣ мехаранд.

Ширкати Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳи Устопириён дар Grand Slam Hungary 2020

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии Grand Slam ё Тоскулоҳи бузург, ки рӯзҳои 23-25-уми октябр дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) доир мегардад, ду паҳлавони маъруфи тоҷик - Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг) ва Комроншоҳи Устопирён (-90 кг) – иштирок мекунанд. Қаблан Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ хабар дода буд, ки дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон панҷ варзишгар ширкат меварзад. Аммо ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, се гуштигири тоҷик - Акмал Муродов (-81 кг), Темур... Читать дальше...

Расонаҳо: Муҳоҷирони бандмондаи Узбекистон дар Абхазистон дар кӯча мехобанд 

Ozodi.org 

Садҳо муҳоҷири узбекистонӣ, ки дар марзи Абхозистон бо Русия дар мондаанд, имкони ба Узбекистон баргаштанро надоранд ва дар кӯча мехобанд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ва сафорати ин кишвар дар Русия муроҷиати шаҳрвандони дармондаро нодида мегиранд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбекистон бо такя ба муҳоҷирони дармонда хабар доданд. Ба гуфтаи Ренат Юсупов, сокини Сурхандарёи Узбекистон, айни ҳол дар Абхозистон наздики 2 ҳазор муҳоҷири узбек дармондааст. Онҳо ба Абхозистон барои кор омада буданд... Читать дальше...

Дар Туркманистон онҳоеро, ки ниқоб намепӯшанд, ҷарима мекунанд

Ozodi.org 

Кормандони пулис дар Туркманистон вазифадор шудаанд, ки рӯзона ҳадди ақал як нафарро барои напӯшидани ниқоби тиббӣ ҷарима кунанд. Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ин бора дар як ҷаласаи Вазорати умури дохилии Туркманистон дастур дода шудааст. "Ба ҳамаи ҳайати шахсии пулис дастур шудааст, ки рӯзона дасти кам як нафарро барои надоштани ниқоб ҷарима банданд. Муовини вазири умури дохилии Туркманистон гуфт, дар ин замина ба ҳеч кас, ҳатто занону пиронсолон низ "раҳм" карда нашавад. Ҳатто агар онҳо гӯянд... Читать дальше...



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Тимати

Невеста Тимати сводит с ума туристов откровенными купальниками на Мальдивах




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)


WTA

Александрова не смогла обыграть Саснович и покинула турнир WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

ХIХ Всероссийский форум «Здоровье нации» пройдет в Москве



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России