Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 30.10.2020

Азсаргирии музокироти Арманистону Озарбойҷон барои созиши нави сулҳ 

Ozodi.org 

Дипломатҳои баландпояи Озарбойҷону Арманистон дар Женева бо ширкати миёнҷиҳои байналмилалӣ ба баррасии шарту шароити созиши нави сулҳ пардохтанд, дар ҳоле, ки даргириҳо дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ идома дорад ва се созиши қаблии оташбас бенатиҷа анҷомид. Ҷаласаи рӯзи 30-юми октябрро дар чаҳорчӯби Гурӯҳи Мински САҲА вазири хориҷаи Арманистон Зоҳраб Мнатсаканян шурӯъ кард. Ба ин гурӯҳ ИМА, Фаронса ва Русия шомил ҳастанд. Қарор аст баъди ин Ҷейҳун Байрамов, вазири хориҷаи Озарбойҷон бо дипломатҳои... Читать дальше...

Э.Раҳмон истеъфои ҳукумати Тоҷикистон ва афви 378 зиндониро эълон кард

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 30-юми октябр бори панҷум ҳамчун президенти Тоҷикистон савганд ёд кард, ҳайати ҳукуматро ба истеъфо фиристод ва 378 зиндониро афв кард. Шахсияти маҳбусоне, ки афв шудаанд, ҳанӯз маълум нест.



Интихоботи он тарафи уқёнус ба Тоҷикистон ҳам беасар намемонад

Ozodi.org 

Коршиносони тоҷик мегӯянд, интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва пирӯзии ҳар кадоме аз номзадҳо, раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва ё рақиби демократаш Ҷо Байден ба Тоҷикистон ҳам таъсир мерасонад. Чӣ гуна таъсир? Худатон бубинед:

Намоиши эътирозии Бангладеш бо интиқод аз Макрон

Ozodi.org 

Дар Бангладеш даҳҳо ҳазор мусалмонон дар намоиши эътирозӣ иштирок карда, президенти Фаронса Эммануэл Макронро “террористи калонтарини ҷаҳон” номиданд. Ин дар ҳолест, ки ҳимояти ҳукумати Фаронса аз карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбар мояи нигаронии дигар ҷомеаҳои мусалмонӣ дар ҷаҳон шудааст. Фаронса, ки макони зисти як ҷомеаи калони мусалмонон мебошад, рӯзи 30-юми октябр дар ҳолати омодабоши амниятӣ қарор гирифт. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки марде дар шаҳри Ниси Фаронса ба як калисо ҳамла кард ва бо зарби корд се нафарро кушт. Читать дальше...

Адахон Мадумаров мехоҳад номзад ба интихоботи президентии Қирғизистон шавад

Ozodi.org 

Адахон Мадумаров, раиси ҳизби оппозитсионии “Бутун Қирғизистон” гуфт, ки номзадиашро ба интихоботи президентии кишвар пешбарӣ хоҳад кард. Дар як нишасти матбуотии рӯзи 30-юми октябр Мадумаров таъкид кард, ки номзадии ӯро на ҳизбаш, балки худаш пешбарӣ мекунад. “Ман аз роҳи худпешбарӣ иштирок хоҳам кард. Президенти Қирғизистон бояд номзадии ҳама қишрҳои аҳолӣ, гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро намояндагӣ кунад. Ин чиз барои ҳифзи мустақилият аз гурӯҳҳои дигари сиёсӣ мусоидат мекунад”, гуфт Мадумаров. Читать дальше...



Тафовути омори фавтидаҳо аз COVID-19 дар таҳқиқоти журналистони рус

Ozodi.org 

Вебсайти "Фонтанка" бо такя ба санадҳои як крематорий – идораи масъули сӯзондани ҷаноза дар шаҳри Санкт-Петербург менависад, ки аз 14-уми апрел то 27-уми октябр дар ин ҷо 5868 ҷасади афроди даргузашта аз СOVID-19-ро оташ задаанд. Бар асоси омори расмии ситоди фавқулодда, то ин рӯз дар шаҳри Санкт-Петербург шумори фавтидаҳо бар асари коронавирус 3674 нафар ҳисоб шудааст ва тафовут дар омор 2194 нафарро ташкил медиҳад. Вебсайти хабарӣ бо такя ба дафтари қайди нобудкунии ҷасадҳо мегӯяд, ки омори сӯзондани... Читать дальше...

ВКД Тотористон дар бораи кушта шудани ҳамлагари 16-солаи полис хабар дод

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Тотористон як навраси 16-соларо, ки ба қавли ин сохтор, ба як идораи полиси шаҳри ивоқеъ дар марзи Тотористону вилояти Киров ҳамла кард, тир холӣ намуд. Вазорат дар изҳороте гуфт, ки ҳодиса соати 00:30-и шаби 30-юми октябр рух дод. Наврас гӯё ба сӯи таваққуфгоҳи мошинҳои идораи полиси ВКД-и Тотористон дар ноҳияи Кукмор ду шишаи дорои “эҳтимолан маҳлули тарканда” партофт. “Вақте ходимони полис ба хомӯш кардани оташ шурӯъ карданд, ба самти онҳо як шишаи дигар партофта шуд”. Ходимони... Читать дальше...

Озариҳо ҷасадҳои низомиёни арманиро таслим карданд

Ozodi.org 

Озарбойҷон ба ҷониби Арманистон ҷасади 29 низомии куштшуда дар ҷангҳои Қаробоғи Кӯҳиро таслим кард. Дар паи мавҷи нави задухӯрдҳо дар ин минтақаи ҷудоиталаб талафоти инсонӣ афзоиш меёбад. Интиқоли ҷасадҳоро ҳам Боку ва ҳам Ереван  тасдиқ карда баробар бо ин бори дигар ҳамдигарро дар нақзи оташбаси бо миёнҷигии ИМА ҳосилшуда гунаҳгор карданд.  Шушан Степанян, сухангӯи вазорати дифои Арманистон гуфт, ки интиқоли ҷасадҳо бо миёнҷигии Федератсияи Русия  ва бо кӯмаки кормандони САҲА ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх имконпазир шуд. Читать дальше...

Беларус марзашро бо ҳама ҳамсояҳо, ҷуз Русия, баст.

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, ки баъди дуюним моҳ эътирозҳои мардумӣ алайҳи натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи президентӣ дар фикри хатми ин ҳама намоишҳову раҳпаймоиҳо аст, ахиран  ба ҷуз Русия, марзҳои Беларусро бо дигар ҳамсояҳояш баст.  Кумитаи марзбонии Беларус рӯзи 29-уми октябр гуфт, ки бастани марзҳо бо Латвия, Литва, Полша ва Украина ба “вазъи эпидемиологӣ” ва паҳншавии пандемияи коронавирус бастагӣ дорад. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти Беларус давоми моҳҳои зиёд хатари пандемияро кам нишон дода иддао кардаанд... Читать дальше...

Рекорди нави олудашавиҳо дар ИМА

Ozodi.org 

Дар ИМА рекорди нави олудашавӣ ба коронавирус дар як рӯз ба қайд гирифта шудааст.  Гурӯҳи муқобила бо COVID-19 дар Кохи Сафед баъди эълони ин ки дар 24 соати гузашта дар ИМА беш аз 91 ҳазор ҳодисаи нави олудашавӣ ба қайд гирифта шуд, гуфт, кишвар дар баробари хатари “эҳёи муҷаддади" вируси нав қарор дорад.  Рекорди қаблии якрӯза, ки 23-юми октябр сабт шуда буд, 84,169 ҳодисаро ташкил дод. Аз замони шурӯи пандемия дар ИМА то ҳол 8,9 миллион сокини кишвар ба вируси нав олуда шуда, 228 ҳазор нафар ҷон додаанд. Читать дальше...

Дар Фаронса полис ба ҳолати омодабош оварда шудааст

Ozodi.org 

Баъди куштори се нафар дар як калисои шаҳри Нис рӯзи 30-юми октябр ходимони амниятӣ дар Фаронса ба ҳолати омодабош оварда шудаанд. Президент Эммануэл Макрон ҳодисаи рӯзи 29-уми октябрро “як ҳамлаи террористи исломгаро” номид. Нахуствазири Фаронса Жан Кастекс ҳолати омодабош дар кишварро боло бурд ва ходимони полис атрофи калисои Нисро, ки рӯзе пеш мавриди ҳамла  қарор гирифт, иҳота карданд. Вазорати хориҷаи Бразилия гуфт, ки яке аз қурбониҳо – модари 44-солаи се кӯдак буд ва дар Фаронса зиндагӣ мекард. Читать дальше...

Паёмҳои мутафовити Доналд Трамп ва Ҷо Байден ба овоздиҳандагон

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп ва номзад аз ҳизби демократ Ҷо Байден дар маъракаҳои интихоботӣ, ки рӯзи 29-уми октябр дар Флорида доир шуд дар бораи пандемияи короновирус паёмҳои комилан мухолифи ҳам доданд. Ҳазорон нафар аз ҷонибдорони Доналд Трамп дар шаҳри Тампаи Флорида дар маъракаи тарғиботӣ, ки дар фазои бозе ташкил шуда буд, ҷамъ омаданд ва аксари онҳо  ниқоб надоштанд. Чанд соат баъд Байден ҳам дар ин шаҳр маъракаи пешазинтихоботии худро доир кард, ки дар он одамон аз дохил ва ё назди дари мошинҳои... Читать дальше...

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Баҳрайну Иморот

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи панҷшанбе, 29-уми октябр, шуруъ кард. Барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона 26 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – ҷалб гардидаанд. Ба ҷои нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе Алишер Ҷалилов, ки осеб дидааст ва ҳамлагари «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашеви бемор ба дастаи мунтахаб Шервонӣ Мабатшоев (ССКА-и Душанбе) ва Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83») даъват шудаанд. Читать дальше...

ВКД: "Як сокини Ваҳдат ду мошини борбарро дар ҳолати мастӣ оташ задааст"

Ozodi.org 

Як сокини шаҳри Ваҳдат ба иттиҳоми ба оташ кашидани ду автомашинаи борбар боздошт шудааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр хабар дод, ки ҳодиса шаби гузашта дар ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов рух додааст. Ба иттилои манбаъ, Ҳамроҳиддин Раҷабови 50-сола дар ҳолати мастӣ бинобар 9 моҳ напардохтани маблағи таваққуфгоҳи "Пахта", ду мошини борбари тамғаи "Дулан" ва "Мерседес"-и Илҳом Зеваровро ба оташ кашидааст. Манбаъ мегӯяд, ки ба ин ду мошини борбар зарари техникӣ расидааст. Читать дальше...

Беш аз 7 ҳазор сарбоз дар маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд

Ozodi.org 

Дар маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 7 ҳазор нафар сарбозон ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ иштирок мекунанд. Раҳмон рӯзи 30-юми октябр савганд ёд мекунад ва даври панҷуми президентиашро оғоз хоҳад кард. Маросими савгандёдкунии оқои Раҳмон дар "Қасри Миллат" шуруъ шуд. Дар инҷо Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи президенти Тоҷикистон супорид. Ҳамчунин Раиси Додгоҳи конститутсионӣ ба Эмомалӣ Раҳмон рамзи президенти Тоҷикистонро... Читать дальше...


Музыкальные новости
Булат Окуджава

Ивана Урганта исключили из программы концерта памяти Булата Окуджавы





Rss.plus
#123ru.net

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.




В Подольске завершили строительство детского сада на 240 мест в мкр Климовск

Москвич получил 13,5 года колонии за убийство жены и хранение наркотиков

Традиционный турнир по кудо в Нижнем Новгороде собрал более 200 спортсменов из разных регионов

Владелец «Макфы» подал иск на 100 млн рублей к ток-шоу «Малахов»




Макрон пас аз ҳамла дар Нис: "Фаронса таслим нахоҳад шуд"

Ozodi.org 

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ҳамла ба корд дар шаҳри Нисро "ҳамлаи террористии исломгароён" хонд ва гуфт, Фаронса дар дифоъ аз арзишҳои худ ҳаргиз таслими террор нахоҳад шуд. Макрон сипас аз пайравони ҳамаи динҳо хост, ки ба ихтилоф ва ҷудоиандозӣ тан надиҳанд. Дар ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба калисое дар шаҳри Нис се нафар кушта шуданд ва шахси ҳамлавар сари яке аз қурбониёнро бурид. Шаҳрдори Нис гуфт, шахси ҳамлакунанда аз тири пулис захмӣ ва сипас боздошт шудааст.  Ҳанӯз сабабҳои ин ҳамла дақиқан маълум нашудааст... Читать дальше...

Қирғизистон аз Қазоқистон хост, кӯмаки моливу техникӣ расонад

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев аз Қазоқистон дархост кард, ки вазорати тандурустии Қирғизистонро бо дору ва васоили муҳофизатӣ таъмин кунад. Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар доданд. Руслан Казакбоев рӯзи 29 октябр бо ҳамтои қазоқи худ Мухтор Тлеубердӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон мулоқот кард. Ду вазир дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷорӣ, фарҳангиву башарӣ ва бахши муҳоҷират гуфтугӯ карданд. Вазирон ҳамчунин муборизаи муштарак зидди вабои коронавирусро баррасӣ карданд. Читать дальше...

Дар Намангон парчами Фаронсаро аз назди як меҳмонхона канданд

Ozodi.org 

Дар назди меҳмонсарои "Grand Sherdor"-и шаҳри Намангони Узбекистон дар эътироз ба изҳороти президент Эммануэл Макрон парчами Фаронсаро даронданд. Фаъоли ҷамъиятии Намангон, ки дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, навишт, "парчами Фаронса ба нишони эътироз канда шуд ва барои парчами ин кишвар дар шаҳри мо ҷой нест". Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое паҳн шуд, ки дар он марде бо номи Муҳаммад Икром аз шаҳри Намангон дар болои расми президенти Фаронса ва ҳамсараш рост истодааст. Читать дальше...

Белорус марзҳояшро бо Латвия, Литва, Лаҳистон ва Украина баст

Ozodi.org 

Белорус бидуни огоҳии қаблӣ марзашро бо Латвия, Литва, Лаҳистон ва Украина баст. Дар Кумитаи давлатии марзбонии Белорус баста шудани марзҳоро ба вабои коронавирус рабт доданд. Як рӯз пеш аз баста шудани марзҳо Александр Лукашенко гуфт, артиши Белорус омода аст, дар сурати ҳамла аз ин кишварҳо онро пас гардонад. Расонаҳо менависанд, дар гузаргоҳҳо бо марзҳои кишварҳои зикршуда ҷамъшавии мошинҳо мушоҳида мешавад. Белорусиҳо шикоят доранд, ки наметавонанд, ба кишварашрон баргарданд. Айни замон танҳо... Читать дальше...

Муҳиддин Кабирӣ карикатураҳо ва ҳамлаҳо дар Фаронсаро маҳкум кард

Ozodi.org 

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи созмонҳои мухолиф, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, рӯзи 29-уми октябр дар як паёми видеоӣ куштори омӯзгори фаронсавиро барои нишон додани карикатураҳои масхараомези зидди паёмбари ислом ҳангоми дарс дар мактаб, ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба калисои Нотр-Дами шаҳри Ниси Фаронса ва қатли се нафари дигарро дар ин ҷо маҳкум кард ва таҳқиру тавҳини арзишҳои диниро як амали ғайри қобили қабули номид. Вай густариши ҳамлаҳои лафзӣ ва хушунатҳои... Читать дальше...



Москва

В Армении прошел крупнейший на постсоветском пространстве «Бессмертный полк». Видео. Фоторяд


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

BTS

BLACKPINK и BTS включены в число артистов, участвующих в кампании бойкота?




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Пензенские регбистки выиграли первенство России

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге


ATP

Хачанов победил Шевченко во втором круге турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Москвич получил 13,5 года колонии за убийство жены и хранение наркотиков



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России