Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2021

Новости за 03.03.2021



Аз донишҷӯён 28 ҳазор сомонӣ хостаанд. Пули билети ҳарбӣ дар Тоҷикистон маълум шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Масъулони чанде аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба донишҷӯён гуфтаанд, ки пас аз хатми мактаби олӣ 28 ҳазор сомонӣ супорида, давраи якмоҳаи сарбозиро гузаранд ва соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Ҳизби "Фидес"-и Венгрия аз узвияти ҳизби мардумии Аврупо хориҷ шуд

Ozodi.org 

Баъди қабули муқаррароти нав, ҳизби ҳокими Венгрия “Фидес” аз узвияти Ҳизби мардумии Аврупо дар парлумони Аврупо хориҷ шуд. Нахуствазир Виктор Орбан раҳбари гурӯҳи парлумонии  Ҳизби мардумии Аврупо Манфред Веберро дар ин бора дар як номае огаҳ кард, ки дар саҳифааш дар Твиттер матни онро нашр намуд. Қарори мазкур дар ҳоле гирифта шуд, ки ҳизби аврупоӣ барои аз ҳайаташ берун кардани ҳизбҳои дигар қарори дохилӣ қабул кард. Ин қарор ба вакилони ҷудогона рабт надорад. Тасмими мазкурро ҳамчун талоши аз... Читать дальше...



Мушакборони болои пойгоҳи низомии амрикоиҳо дар Ироқ

Ozodi.org 

Эътилофи низомии амрикоиҳо дар Ироқ гуфтанд, ба пойгоҳи низомие, ки макони истиқрори нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ мебошад, дастикам 10 мушак партоб шуд. Полковник Вайн Маротто гуфт, мушакҳо соати 7:20 субҳи рӯзи 3 март ба пойгоҳи Айн ал-Асад, воқеъ дар вилояти ғарбии Анбар асобат карданд. Низомиёни ироқӣ гуфтанд, ки ин ҳамла хисороти ҷиддие дар пай надошт ва нирӯҳои амниятӣ маконеро ошкор карданд, ки аз он ҷо мушакҳо партоб шудаанд. Франс Пресс бо такя ба манбаъҳои амниятӣ навишт, ки мушакҳо сохти эронии навъи “Ораш” буданд. Читать дальше...

Рад шудани қарори барканории фармондеҳи ситоди Арманистон бӯҳронро амиқтар кард

Ozodi.org 

Президенти Арманистон рӯзи 2 март фармони аз кор барканор кардани фармондеҳи артишро рад кард ва бӯҳрони сиёсии ин кишвар боз ҳам амиқтар гардид. Нахуствазир Никол Пашинян ҳафтаи гузашта дар посух ба талаби истеъфои ӯ аз ҷониби фармондеҳони низомӣ посухи рад дода низомиёнро дар талоши табаддулоти давлатӣ гунаҳгор кард ва фармони аз мақом барканор кардани раҳбари артишро имзо кард. Президенти кишвар Армен Саркисян, ки мақомаш бештар ифтихорӣ аст, рӯзи 2 март гуфт, ки бори дуюм фармони аз кор барканор... Читать дальше...

Манбаъҳо: домоди Мирзиёев баъди садамаи мудҳише барои табобат ба Корея интиқол ёфт

Ozodi.org 

Чандин манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон ва хонаводаи президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев гуфтанд, ки домоди ӯ баъди ҷароҳатҳои сангинаш дар Тошканд барои муолиҷаи тиббӣ ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол дода шуд. Манбаъҳо мегӯянд, Отабек Умаров, ҳамсари Шаҳноза - духтари дуюми Мирзиёев 13 феврал дучори садамаи нақлиётӣ шуда аз  сар ва поҳояш ҷароҳатҳои сангин бардоштааст. Манбаъҳои Радиои Озодлик, бахши Узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки президент Мирзиёев амр дод, ки дар робита бо садамаи мудҳиши домодаш... Читать дальше...

Мансабдорон нишон медиҳанд, ки чанд хонаву мошин доранд?

Ozodi.org 

Дуруд. Медонед, ки то охири ҳамин мо мансабдорони тоҷик бояд ба Кумитаи молиёт ва ё андоз бинависанд, ки чанд хонаву чӣ қадар замин ва ё чанд мошин доранд. Агар мансабдор ин корро накунад ва фош шавад, ки онҳо моликияташро пинҳон кардааст, бар асоси қонун ҷазо ва ё танбеҳ мегирад.

Як устоди донишгоҳи Кобул кушта шуд

Ozodi.org 

Як рӯз баъди қатли се корманди телевизиони Ҷалолобод, рӯзи 3 март як профессори донишгоҳи Кобул аз тири мусаллаҳони ношинос кушта шуд. Сухангӯи полиси Кобул гуфт, ки устоди донишгоҳ Файзмуҳаммад Файз дар роҳ ба масҷид барои намозхонӣ буд, ки ҳадафи ҳамлагарон қарор гирифт. Ҳеҷ нафар ё гурӯҳе феълан масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Ду ҳафта пеш аз ин ду устоди дигари донишгоҳи Кобул бар асари таркиши мошини бомбогузоришуда кушта шуданд. Ин ҳодисаро ҳам касе ба дӯш нагирифт. Гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” иддао кард... Читать дальше...

Маскав дар вокуниш ба таҳримҳо Ғарбро таҳдид кард, ки "бо оташ бозӣ накунанд"

Ozodi.org 

Дар вокуниш ба таҳрими мақомдорони калони Русия аз ҷониби ИМА ва ИА ба хотири  заҳролуд ва зиндоникунии Алексей Навалний, Маскав Ғарбро ҳушдор дод, ки “бо оташ бозӣ накунад”. Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи 2 март бо нашри изҳороте таҳримҳои тоза ҷоришударо “иқдоми душманона нисбати Русия” номид. Ӯ гуфт, бо сабаби заҳролудкунии Навалний ҷорӣ кардани таҳримҳо “баҳонаи  дахолати идомаёбанда ба умури дохилии мо аст ва мо инро ҳеҷ гоҳ қабул нахоҳем кард”. Вашингтон 2 март гуфт, ки ҳафт мақомдори Русия... Читать дальше...

Шарофиддин Гадоев: Нияти ҳамкорӣ бо ҳукуматро надорем

Ozodi.org 

Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон", ки дар хориҷа аст ва ҳамвора аз сиёсатҳои ҳукумат танқид мекунад, ногаҳон моҳи феврали соли 2019 дар Душанбе пайдо шуд. Пас аз ду ҳафта бо ёрии кишварҳои ғарбӣ ба Аврупо баргашт ва гуфт, ӯро дар Маскав рабуда, зӯран ба Тоҷикистон бурданд. Он замон мақомоти Ҳолланд гуфта буданд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд. Бо гузашти ду сол аз он ҳодиса Радиои Озодӣ аз Шарофиддин Гадоев пурсид, ки тафтишот ба куҷо расид?

Шарофиддин Гадоев: Имкони муколама бо ҳукумати Тоҷикистон вуҷуд надорад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон", ки дар хориҷа аст ва ҳамвора аз сиёсатҳои ҳукумат танқид мекунад, ногаҳон моҳи феврали соли 2019 дар Душанбе пайдо шуд.

ДОИШ масъулияти куштори се ҷавонзани корманди ТВ-и Ҷалолободро ба дӯш гирифт

Ozodi.org 

Гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” иддао кард, куштори се ҷавонзанеро, ки дар телевизиони шаҳри Ҷалолободи Афғонистон кор мекарданд, ин созмон анҷом додааст. Ба иттилои SITE Intelligence Group, ки фаъолияти ҷангҷӯёнро пайгирӣ мекунад, куштори рӯзи 2 март дар маркази вилояти Нангарҳор кори дасти гурӯҳи ДОИШ-и воқеъ дар Афғонистон аст. Ба иттилои раҳбарияти ТВ “Инъикос”, се корманди кушташудаи телевизион 18 то 20-сола буданд ва тоза баъди хатми мактаби олӣ ба кор шурӯъ карда буданд. Ин ҷавонзанҳо ба... Читать дальше...


Музыкальные новости
Егор Крид

Егор Крид, Ольга Бузова, JONY и другие на премии ЖАРА Music Awards





Rss.plus
Театр

Госцирк Бурятии возглавил Тудуп Батуев: Театр и цирк, Культура, Россия




Суд арестовал по делу о взятке кадровика Минобороны Кузнецова Мартиросяна

Собянин: Московскому метрополитену исполнилось 89 лет

27-летнюю «Волгу» с пробегом 6000 км в идеальном состоянии оценили дешевле 1 млн рублей

В Калининграде впервые состоялись всероссийские соревнования по самбо «Кубок пяти морей»




Баъд аз раиси Намангон раиси вилояти Бухоро ҳам ба хона-вагон кӯчид

Ozodi.org 

Ботир Зарипов, раиси вилояти Бухорои Узбекистон, ки рӯзи 1 март ба ноҳияи Алат рафта буд, дар хона-вагоне истиқомат кард, ки дар маҳаллаи "Давлатбой" бунёд шудааст. Зарипов гузориши муовинон, раиси маҳалла, роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои ноҳияи Алатро шунида, бо мардум мулоқот кардааст. Аз маркази матбуотии вилояти Бухоро гуфтанд, Ботир Зарипов фаъолияташро дар ситоди сайёр идома медиҳад. Пештар аз ин дар маҳаллаи "Бунёдкор", ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 феврал дар доираи... Читать дальше...

Роҳбари Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Токио тарафдори баргузории бозиҳо бо тамошобинон аст

Ozodi.org 

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпӣ дар Токио, сарфи назар аз вазъи пандемияи коронавирус, бояд дар ҳузури тамошобинон дар минбарҳо баргузор шавад. Дар ин бора роҳбари кумитаи тадорукоти Бозиҳо Сейко Ҳашимото дар мусоҳиба бо рӯзномаҳои ҷопонии "Асахи" ва "Ёмиури" хабар дод. "Вақте ки ман дар бораи сенарияи бидуни тамошобинон фикр мекунам, дар ҳоле ки онҳо ба мусобиқаҳои дигар роҳ дода мешаванд, пас, ба андешаи ман, варзишгарон албатта тасаввуроте пайдо хоҳанд кард, ки чаро танҳо Олимпиада ва... Читать дальше...

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо иштироки 9 дастаи лигаи олӣ доир мегардад

Ozodi.org 

Аз 9-ум то 19-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) баргузор мешавад. Ин мусобиқа, ки бори севум доир мегардад, бо мақсади омодагии бошгоҳҳои лигаи олии кишвар ба мавсими нави футбол сурат мегирад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи пеш аз мавсим, ки дар майдонҳои осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллӣ барпо мегардад, нӯҳ бошгоҳи лигаи олӣ – “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳар ду аз Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан)... Читать дальше...

Гирдиҳамоӣ дар назди консулгарии Чин дар Алмато: вазъи яке аз эътирозгарон бад шуд

Ozodi.org 

Дар назди бинои консулгарии Чин дар шаҳри Алматои Қазоқистон 23 рӯз пайи ҳам гирдиҳамоии қазоқтаборони Шинҷон баргузор гардид. Гулпам Казибек, ки рӯзи 2 март бори аввал дар ин гирдиҳамоӣ ширкат кард, дар назди бинои консулгарии Чин аз ҳуш рафт. Барои ӯ мошини ёрии таъҷилӣ даъват карданд, аммо Гулпам ба ҳуш омада, аз рафтан ба бемористон худдорӣ варзид. Гулпам Казибек гуфт, мақомоти Чин моҳи декабри соли 2017 модари 70-солаи ӯро бо айби "ибодат ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" боздошт кардаанд. Читать дальше...

Қазоқистон ба Қирғизистон кумаки низомӣ-техникӣ мекунад

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ки кишвараш ба Қирғизистон кумаки башардӯстона ва низомӣ-техникӣ хоҳад кард. Ӯ ин нуктаро 2 март баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов дар шаҳри Нурсултон баён дошт. Дар доираи сафари давлатии Ҷабборов ба Қазоқистон як қатор санадҳо, аз ҷумла созишномаи кумаки низомӣ-техникии бебозгашт имзо шудааст. Вале маълум нест, ки ба Қирғизистон чӣ кумак карда мешавад. Тоқаев ҳамчунин афзуда, ки Қазоқистон яке аз шарикони бузурги тиҷорӣ ва сармоягузори Қирғизистон аст. Читать дальше...



Москва

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Визбор

На летнем джазовом фестивале в Перми выступит внучка барда Юрия Визбора




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


WTA

Виктория Азаренко пробилась в четвертьфинал турнира WTA в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Динамо

Брестское «Динамо» и «Гомель» сыграли вничью в чемпионате Беларуси



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России