Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2021

Новости за 11.03.2021

Сардори ШКД-и Ҷайҳунро боздошт кардаанд

Ozodi.org 

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Неъматулло Солеҳзода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ), бо иттиҳоми "суистифода аз мансаб" дастгир шудааст. Ӯ моҳи январи соли 2020 ба ин мансаб таъин шуда буд.



Хуруҷи паймонкорон метавонад барои нерӯҳои афғон "харобиовар" бошад

Ozodi.org 

Бозраси вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон ҳушдор додааст, ки хуруҷи ҳазорон паймонкори низомии Амрико аз Афғонистон дар охири моҳи оянда, метавонад барои нерӯҳои афғон "харобиовартар" аз хуруҷи сарбозони амрикоӣ бошад. Бар асоси созиши соли гузашта миёни ҳукумати Доналд Трамп ва Толибон, нерӯҳои амрикоӣ ва паймонкорони хориҷӣ бояд то аввали моҳи майи соли 2021 аз Афғонистон берун шаванд. Ҷон Сопко, бозраси вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон дар як нишасти онлайнӣ дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ дар Вашингтон гуфт... Читать дальше...

Як муҳоҷири тоҷикро барои убури марз ва дигареро бо талаби Қирғизистон боздошт намудаанд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Исилкули вилояти Омски Русия ба баррасии парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистонро шурӯъ кардаст, ки ҳамроҳ бо як нафар қазоқ тавассути қатори боркашон ба қаламрави Русия ворид шудаанд. Тафтишот дуи онҳоро ба убури ғайриқонунии сарҳад дар таърихи 22-уми декабр айбдор мекунад.

Рӯзи матбуоти тоҷик дар чӣ шароите ҷашн гирифта мешавад?

Ozodi.org 

Имрӯз 11-уми март дар Тоҷикистон рӯзи матбуот таҷлил шуд. Хабарнигорони тоҷик, дар ҳоле рӯзи касбии худро ҷашн мегиранд, ки ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ озодии баён дар кишвар маҳдуд шуда, латкӯбу таҳдиди журналистон дар Тоҷикистон солҳои охир афзоиш ёфтааст.

Оё бо интернети заиф бунёди паркҳои технологӣ имкон дорад?

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ҳадаф дорад IT-паркҳои технологӣ ё пойгоҳҳои фанновариҳои нави рақамӣ таъсис диҳад. Соҳибназарон мегӯянд, ки бидуни фароҳам овардани шароити фанниву қонунгузорӣ ва коҳиши мизони андозбанӣ ин амр муассир нахоҳад буд.



"Истиқлол" ба Арабистони Саудӣ меравад

Ozodi.org 

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» бо иштироки қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» -и Душанбе - дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, “Истиқлол” дар як гурӯҳ бо бошгоҳҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Шабоб Ал-Аҳлии Дубай” (Имороти Муттаҳидаи Араб), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф “Ал-Ғарафа” (Қатар) - АГМК (Узбекистон) бозӣ мекунад. Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2021 қаҳрамони Тоҷикистон шаш бозӣ анҷом медиҳад. Читать дальше...

Русия бо талаби Бишкек сокини дигари Ворухро дастгир, вале пас аз бозпурсӣ раҳо кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шаҳри Новосибирски Русия як сокини ҷамоати Ворухи Тоҷикистонро дастгир ва баъд аз бозпурсӣ раҳо кардаанд. Диловар Ҷӯраев мегӯяд, боздошти ӯ бо талаби Қирғизистон рӯзи 11-уми март ва аз тарафи як гуруҳ аз афсарони пулис сурат гирифт.

Сарвазири Исроил ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар мекунад

Ozodi.org 

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи 11-уми март нахустин сафари расмии худро ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аҷном медиҳад. Ин аввали бор пас аз оддисозии робитаҳои Иморот ва Исроил дар шаш моҳи ахир аст, ки Иморот мизбони расмии нахуствазири Исроил хоҳад буд. Ба навиштаи расонаҳо, интизор меравад, ки Нетаняҳу бо валиаҳди Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Муҳаммад бин Зоид Ан-Наҳён дар фурудгоҳи Абу Забӣ мулоқот кунад ва худи ҳамин рӯз ба Исроил баргардад. Дафтари нахуствазири Исроил таъйид кардааст... Читать дальше...

Томас Бах аз нав президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд

Ozodi.org 

Томас Бах дубора президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) интихоб шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Бах барои ин мансаб ягона номзад буд ва дар ҷаласаи онлайнӣ ё маҷозии КБО, ки 10-уми март баргузор шуд, 93 раъй ба даст овард. Як нафар мухолиф ва чор нафар бетараф буданд. Ҳуқуқшиноси олмонӣ, президенти нӯҳуми КБО, ки роҳбарии Ҳаракати олимпиро соли 2013 бар дӯш гирифт, қарор аст то соли 2025 дар ин вазифа кор кунад. Бах... Читать дальше...

Дабири кулли СММ: "60 дарсади мардуми Сурия бо гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд"

Ozodi.org 

Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ рӯзи чаҳоршанбеи 10-уми март ба муносибати даҳумин солгарди ҷанги дохилии Сурия гуфт, ки беш аз 60 дарсади мардуми ин кишвар бо гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Додгоҳи Бишкек қарори манъи баргузории гирдиҳамоиҳоро бекор кард

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон манъи баргузории гирдиҳамоӣ ва эътирозҳоро бекор кард. Дар ин бора рӯзи 10-уми март ҳуқуқшинос Евгения Крапивина хабар дод. Ба гуфтаи вай, ба ин тартиб ҳукми зинаи поёнии додгоҳ - додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек бекор шуд, ки қарори манъи гирдиҳамоиҳоро барои 2 моҳ содир карда буд. "Дар воқеъ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳаққи маҳдуд кардани гирдиҳамоиҳоро доранд. Аммо онҳо ҳам наметавонанд, ҳамаи чорабиниҳоро манъ кунанд, танҳо он чорабиниҳое, ки ҷанг, адоватро таблиғ мекунанд... Читать дальше...

Дар Либия ду ҷониби ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумати ягона ташкил карданд

Ozodi.org 

Дар Либия ду ҷониби асосии ҷанги шаҳрвандӣ ҳайати ҳукумати навро тасдиқ карданд. Порлумони он кишвар ҳукумати навро қабул кард. Шаҳрҳои Триполӣ ва Бенгазӣ давоми ҳафт сол пойтахти ду тарафи ҷанг буданд. Гуфта мешавад, ҳукумати нав то моҳи декабри соли ҷорӣ кишварро идора мекунад ва он замон интихоботи нав баргузор мешавад. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Либия баъди барҳам задани ҳукумати Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 шуруъ шуд. Ташкили ҳукумати нав қисме аз нақшаҳои СММ барои манъи ҷанг дар Либия аст. Читать дальше...

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон мулоқот мекунанд

Ozodi.org 

Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзҳо 16-уми марти соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд. Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, раҳбари ин ниҳод Руслан Қазоқбоев бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин суҳбати телефониеро анҷом дода, масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардааст. Ҷонибҳо қайд кардаанд, ки "гуфтугӯи навбатии марзӣ ба таъмини амнияту субот мусоидат карда, ҳамзамон имкон медиҳад... Читать дальше...

Оҳанпорае, ки аз бинои 19-ошёна дар Душанбе афтод, як ҷавонро маҷрӯҳ кард. Додситонӣ месанҷад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як ҷавони тоҷик мегӯяд, аз боми бинои 19-ошёнае дар Душанбе, ки сохтмонаш идома дорад, ба рӯйи пойҳояш оҳанпора афтод ва ӯро аз чаҳор ангушту тавони роҳ гаштан маҳрум кард. Ба қавли Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола, ҳодиса моҳе пеш дар кӯчаи Бухорои пойтахт рух дод.



Москва

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Больше не пьет просекко! Волочкова призналась еще в одной зависимости




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий


ATP

Стало известно, при каком условии Медведев может опуститься на 5-е место рейтинга ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России