Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2021

Новости за 10.03.2021

Даъвати ёвари президент аз зиёиёни тоҷик. "Бо номи худ нависед, то "фермаи ҷавоб" нагӯянд"

Ozodi.org 

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз кори зиёиён норозигӣ кард, ки барои посух гуфтан ба мунтақидони ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестанд.

Истироҳатгоҳи кормандони Роҳи оҳан ё бӯстонсарои махфии президент? ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Узбекистон бо нашри наворе аз дохили бӯстонсарои махфии президент Шавкат Мирзиёев талош доранд, исбот кунанд, ки ин истироҳатгоҳи кормандони ширкати Роҳи оҳан аст. Аммо ин навор ҳам натавонист, далелҳои таҳқиқоти Радиои Озодиро дар бораи бӯстонсарои президент инкор кунад.

Марги як узви маҷлиси Чехия дар паи олудашавӣ ба COVID-19

Ozodi.org 

Вакили парлумони Ҷумҳурии Чех Йиржи Вентруба бар асари COVID-19 даргузашт ва ӯ аввалин узви маҷлиси ин кишвар шуд, ки дар паи авҷгирии навбатии коронавирус дар ин кишвари Аврупои Марказӣ  қурбон он шуд. Вентрубаи  71-сола аз ҳизби оппозитсионии “Демократҳои маданӣ” рӯзи 9-уми март даргузашт ва хабарашро аъзои ҳизб 10-уми март нашр карданд. Вентруба табиби касбӣ буд ва давоми сеюним соли охир ба ҳайси узви парлумон ифои вазифа кардааст. Дар як соли охири роҳ ёфтани коронавирус ба Чехия,  чандин сиёсатмадори маҳаллӣ ба ин вирус олуда шуданд... Читать дальше...



Садои мухолифон бо талаби истеъфои Пашинян баландтар шуд

Ozodi.org 

Раҳбарони низомии Арманистон бори дигар аз нахуствазир Никол Пашинян тақозо карданд, ки ба истеъфо равад. Ин даъват баъди он садо дод, ки субҳи 10-уми март Пашинян гуфт, қарори барканории сарфармондеҳи артиш ба ҳукми иҷро даромад. Дар талаби низомиён ва фармондеҳони калони артиш даъват ба интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ танҳо роҳи ҳалли бӯҳрони эҷодшудаи сиёсӣ номида шуд. Никол Пашинян рӯзи 10-уми март эълон кард, ки сарфармондеҳи артиш Оник Гаспарян аз мақомаш сабукдӯш шуд.  Дар вебсайти ҳукумати... Читать дальше...

ИМА аз Эрон тақозо кард, ки дар бораи маъмури собиқи “рабудашуда”-и FBI маълумоти “боэътимод” диҳад

Ozodi.org 

ИМА аз ҳукумати Эрон тақозо кард, ки дар бораи як маъмури собиқи FBI, ки ҳангоми сафар ба Эрон дар соли 2007 “рабуда шуд”, маълумоти “боэътимод” бидиҳад. Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА рӯзи 9-уми март, дар 14-умин солгарди нопадидшавии Боб Левинсон гуфт, “ИМА ҳеҷ гоҳ” ӯро фаромӯш намекунад. Блинкен инчунин аз Эрон хост, ки шаҳрвандони бо роҳҳои “ноодилона боздоштшуда”-ро “билофосила ва бо роҳҳои амн” озод кунад. Ӯ гуфт: “Боздоштҳои нафратовар ва ноодилонае, ки бо ҳадафҳои сиёсӣ анҷом шудаанд, бояд билофосила хотима ёбанд”. Читать дальше...

Талоши худсафедкунии Идораи роҳи оҳани Узбекистон ноком шуд

Ozodi.org 

Талоши худсафедкунии Идораи роҳи оҳани Узбекистон ноком шуд.Пас аз як рӯзи нашри таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар бораи бӯстонсарои боҳашамати президент, Шавкат Мирзиёев, мақомоти Узбекистон дар вокунише гуфтанд, ин иншоот маркази фароғатии кормандони ширкати Роҳи оҳан - “Узбекистон темир йуллари” аст.

ИА вазъи озодии матбуотро дар Полша, Венгрия ва Словения баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Дар парлумони Аврупо рӯзи 10-уми март баҳсу баррасиҳои вазъи озодии матбуот дар  се кишвари узви ин созмон – Венгрия, Полша ва Словения баргузор мешавад. Ин се кишвар барои фишору маҳдудият болои матбуоти мустақил мавриди интиқод қарор гирифтаанд. Аз ҷумла,  талошҳои ҳукуматҳои ин кишварҳо барои хомӯш кардани садои  матбуоти мустақил баррасӣ мешавад. Иттиҳоди Аврупо аз муддатҳо пеш ҳукуматҳои миллатгарои Полшаву Венгрияро барои он танқид кардааст, ки равандҳои демократиро ба ҳам зада, дар кори озоди матбуот... Читать дальше...



Мансабдори афғон, ки мегуфт, 90 кило тилло аз ӯ нест, баъди рафтан аз Тоҷикистон мақомашро аз даст дод

Ozodi.org 

Мирзо Катавозай, муовини аввали Маҷлиси Намояндагони Афғонистон, ки номаш дар Тоҷикистону Афғонистон ва дар робита ба мусодираи 90 кило тило ва 15 миллион доллар дар сархати расонаҳо қарор гирифт, мақоми худро аз даст дод.

Вакилони амрикоӣ барои мубориза бо COVID-19 бастаи $ 1,9 триллиониро қабул мекунад

Ozodi.org 

Интизор меравад, ки Маҷлиси намояндагони ИМА рӯзи 10-уми март тарҳи қонуни нав оид ба ҷудо кардани 1,9 триллион доллар маблағ барои раҳоӣ аз COVID-19-ро қабул кунад. Дар ҳамин ҳол дар Аврупо мақомот гуфтанд, ки тасдиқи воксинаи сохтаи ширкати Johnson & Johnson як амали ногузир аст. Терри Бретон, як масъули Комиссиюни Аврупо дар умури бозори дохилӣ рӯзи 9-уми март изҳори умедворӣ кард, ки идораи дорувории Аврупо дар рӯзҳои наздик воксинаи ин ширкатро ҳам барои истифода иҷоза медиҳад ва бо ҳамин... Читать дальше...

Мусобиқаи каратэ дар Работи Марокаш ба таъхир гузошта шуд

Ozodi.org 

Марҳилаи аввали премйер-лигаи каратэ дар Работи Марокаш ба таъхир гузошта шуд. Ҳамакнун варзишгарон имкон доранд, ки дар мусобиқаи Лиссабони Португалия имтиёзҳои олимпӣ ба даст биёранд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, пойтахти Марокаш бояд мусобиқаро моҳи апрели соли равон баргузор мекард, аммо ба иллати вазъи ногувори тандурустии ҷаҳонӣ он рӯзҳои 29-31-уми октябр ба нақша гирифта шуд ва дар интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио ҳеҷ нақше надорад. Читать дальше...

Дар Хуҷанд харҷи мусофирон барои роҳкиро зиёдтар шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони Хуҷанд ба гарон шудани роҳкирои нақлиёти шаҳрӣ як навъ ҳассосият доранд, зеро онро аломати баланд шудани нархҳои дигар мешуморанд. Рӯзи 4-уми март дар маркази Суғд роҳкиро бист дирам зиёд шуд ва бисёриҳоро нигарон кард.

Нархи роҳкиро дар Хуҷанд гарон шуд, навбати бозор?

Ozodi.org 

Сокинони Хуҷанд ба гарон шудани роҳкирои нақлиёти шаҳрӣ як навъ ҳассосият доранд, зеро онро аломати баланд шудани нархҳои дигар мешуморанд. Рӯзи 4-уми март дар маркази Суғд роҳкиро бист дирам зиёд шуд ва бисёриҳоро нигарон кард.

Пашинян гуфт, қарори барканории сарфармондеҳи артиш ба ҳукми иҷро даромад

Ozodi.org 

Дар пасманзари эътирозҳо бо талаби истеъфои нахуствазири Арманистон, худи Никол Пашинян 10-уми март эълон кард, ки сарфармондеҳи артиш Оник Гаспарян аз мақомаш сабукдӯш шуд.  Дар вебсайти ҳукумати Арманистон бо нашри ин хабар гуфта шудааст: азбаски президент Армен Саркисян  қарори барканории Гаспарянро имзо накард ва айни замон аз болои ин қарор ба Додгоҳи конститутсионӣ  шикоят набурд, қарори барканории раҳбари артиш ба ҳукми иҷро медарояд. Баъди ҷанги шашҳафтаина дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи... Читать дальше...

Русия мизбони музокироти сулҳи Афғонистону Толибон мешавад

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон бо Толибон ба бунбаст мувоҷеҳ шудааст, Русия нақша дорад, ки 18-уми март дар Маскав конфронсе бахшида ба Афғонистон доир намояд. Ҳоло маълум нест, ки дар ин нишаст ИМА иштирок хоҳад кард ё не? Рӯзи 9-уми март сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ки ИМА, Чин ва Покистон ба Маскав ба хотири арзёбии раванди сулҳи Афғонистон даъват шудаанд. Ҳамчунон ӯ гуфт, ҳайатҳои ҳукумати Афғонистон, Толибони афғон ва Қатар, ки мизбони музокироти байниафғонӣ мебошад... Читать дальше...

Дар Қазоқистон корхона аз кор монд, дар Тоҷикистон маводи сӯхт гарон шуд

Ozodi.org 

Ҳафтаҳои ахир дар Тоҷикистон нархи маводи сӯхт, ки аз хориҷ ворид мешавад, боло рафтааст. Нашрияҳои қазоқӣ менависанд, яке аз корхонаҳои калони тавлиди гази моеъ дар ин ҷумҳурӣ аз кор мондааст. Хабаргузории давлатии “Казинформ”-и Қазоқистон иттилоъ додааст, ки корхонаи истеҳсоли  гази моеъ дар шаҳри Атирауии Қазоқистон ба далели бозсозии таҷҳизот фаъолияташро муваққатан қатъ кардааст. Тоҷикистон 90 дарсад аз гази моеи мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад. Дар соли 2020 ба кишвар  420 ҳазор... Читать дальше...


Музыкальные новости
Анастасия Волочкова

Вид Волочковой без фотошопа потряс публику — макияж не спасает





Rss.plus
Владимир Потанин

Правительство РФ сообщило о перевыполнении планов по достижению цифровой зрелости национальной экономики




Собираем мелочь 18 и 25 мая в саду «Эрмитаж»

Движение транспорта в центре столицы временно перекроют 18 мая

В Москве стартовала масштабная программа капитального ремонта школ

В Подмосковье стартует конкурс театральных постановок «ЭКОтеатр Подмосковья»




Раҳмонзода зиёиёни тоҷикро ба "ҷанги иттилоотӣ"-и зидди мухолифон даъват кард

Ozodi.org 

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии презеденти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз зиёиён ва хабарнигорон даъват кардааст, то дар, ба гуфтаи ӯ, “ҷанги иттиллотӣ” зидди мухолифони ҳукумат “фаъолтар ва муттаҳид”  бошанд. Раҳмонзода аз аҳли зиёву матбуот хостааст, ки  дар шабакаҳои  иҷтимоӣ “бо ному насаби худ” матлаб нашр кунанд, то “рақибон онҳоро “фермаи ҷавоб” нагӯянд”. Аъзои ин гуруҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери имзоҳои мустаор мунтазам матлабу мақолаҳои бадномкунандаи мухолифонро... Читать дальше...

Тафсилоти қатли ронандаи таксӣ дар Душанбе. Чаро занозаниву куштор афзудааст?

Ozodi.org 

Хонаводаи Эраҷи Эмомалӣ, ронандаи 31-солаи таксӣ, ки ба иттилои расмӣ бо беш аз чиҳил зарби корд дар Душанбе кушта шудааст, муҷозоти гумонбарро талаб доранд. Ҳодиса шаби 15-уми феврали имсол рух дода, бисёре аз сокинони пойтахтро нигарон кардааст.

Писари Лукашенко ба ҳайси раҳбари Кумитаи олимпии Беларус эътироф нашудааст

Ozodi.org 

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) эътирофи салоҳияти президенти Кумитаи олимпии Беларус Виктор Лукашенкоро рад кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. КБО онро "тадбири муваққатӣ" номид. Ҳамин тариқ, КБО натиҷаҳои интихоботро ба мансаби роҳбари Кумитаи миллии олимпии (КМО) Беларус, ки 26-уми феврал баргузор шуд, эътироф накард. 18-уми январ Беларус аз ҳуқуқи баргузории мусобиқаи қаҳрамонии ҳоккейи ҷаҳон дар қаламрави худ маҳрум шуд. Федератсияи байналмилалии ҳоккей (IIHF) тасмими... Читать дальше...

Вазири рус гуфт, дар сохтмонҳои ин кишвар 1,2 млн коргар намерасад

Ozodi.org 

Мақомоти Русия мегӯянд, ки дар сохтмонҳои ин кишвар ҳадди ақалл 1 миллиону 200 ҳазор коргар намерасад. Баста будани марзҳо, иллати асосии камбуди коргар дар сохтмонҳои Русия гуфта шудааст. Хабаргузории русии "Интерфакс" рӯзи 9-уми март ба нақл аз Ирек Файзуллин, вазири сохтмони Русия хабар дода, ки камбуди бинокорон ба сабаби пандемияи фарогири КОВИД-19 ва баста будани марзҳо пеш омадааст. Ба гуфтаи вай, на дар ҳамаи минтақаҳо ҷуброни камбуди коргарон аз ҳисоби шаҳрвандони Русия имконпазир аст. Читать дальше...

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

Ozodi.org 

Дар маросими қуръакашии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), ки 9-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар Маркази таълимии Бонки миллӣ доир гардид, дастаҳои иштироккунандаи мусобиқа ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи пеш аз мавсим, ки дар майдонҳои осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллӣ барпо мегардад, 11 даста - ҳашт бошгоҳи лигаи олӣ – ССКА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Эсхата” (Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан)... Читать дальше...



Москва

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

Брейн присоединился к СКА. Баста выложил фото с ним: «Приветствуем Сергея в нашей большой семье»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


ATP

Теннисист Медведев может спуститься на пятое место в ATP после "Мастерса" в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Защита вашего бизнеса: Приобретение лицензии МЧС как важный шаг



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России