Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2021

Новости за 27.03.2021

Дар Тоҷикистон даъвати то 100 нафар дар туй иҷозат шуд

Ozodi.org 

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон туйи домодию арӯсӣ бо иштироки то 100 нафарро иҷозат дод. Моҳи июли соли 2020 Кумитаи дини Тоҷикистон эълон кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус туйҳо бояд бо иштироки 30-40 нафар баргузор шаванд. Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар додааст, ки  Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 рӯзи 27-уми март бо шарти “риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ” тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафарро иҷозат дод. Дар Тоҷикистон пас... Читать дальше...

Занони Булакдашт дар ҷашни Наврӯз ёди фарзандони муҳоҷир карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сӯҳбати аксари занони деҳаи Булакдашти шаҳри Леваканд дар ҷашни наврӯзӣ дар бораи фарзандони муҳоҷирашон буд, ки мегӯянд, “ду Наврӯз боз онҳоро надидаанд”. Навор аз деҳаи Булакдаштро ин ҷо тамошо кунед. Маҳдудиятҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус дӯрии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро бо пайвандонашон дар Тоҷикистон бештар кардааст. Азизой Азизова, сокини деҳаи Булакдашт, ки ҳангоми сафари хабарнигори Радиои Озодӣ ба ин деҳа суманак мепӯхт, гуфт, “орзу дорад, ки рафтуомад ба Русия осон шавад ва фарзандаш наздаш ояд”. Читать дальше...

Генерале, ки сарбозонаш даҳҳо эътирозгарро куштаанд, Русияро "дӯсти ҳақиқӣ" номид

Ozodi.org 

Дар кишвари Мянмар нерӯҳои амниятӣ 19 нафар аз эътирозгаронро куштаанд. Дар ин кишвар аз моҳи феврал низомиён ҳукуматро дар даст гирифтаанд ва онҳоеро, ки тарафдори Мянмари демократӣ ҳастанд, саркуб мекунанд. Дар авҷи ин саркубиҳо Александр Фомин, муовини вазири мудофиаи Русия ба Мянмар сафар кард ва дар рӯзи 27-уми март дар ҷашни “Рӯзи Артиш” дар ин кишвар иштирок кард. Мин Аунг, генерале, ки ҳоло қудратро дар даст дорад, Русияро “дӯсти ҳақиқӣ” номид. Фомин Мянмарро муттаҳиди боэътимод ва шарики стратегии Русия дар Осиё номид. Читать дальше...



Дар Қазоқистон алайҳи нуфузи Чин эътироз карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Беш аз 300 нафар рӯзи 27-уми март дар Алм Ато, бузургтарин шаҳри Қазоқистон, бо нишони эътироз аз афзоиши нуфузи иқтисодии Чин ҷамъ омаданд. Ин эътироз бо ибтикори ду ҳизби сабтиномнашудаи мухолиф - Ҳизби Демократии Қазоқистон (ҲДТ) ва Интихоби Демократии Қазоқистон (ИДҚ) ташкил шудааст. Аз боздошти ҳудуди 20 нафар пеш аз оғози гирдиҳамоӣ хабар дода шуд. Гуфта мешавад, ки дар маҳали эътироз дастрасӣ ба интернет низ қатъ шудааст. Эътирозгарон алайҳи корхонаҳои муштарак бо Пекин, сармоягузории Чин ба иқтисоди Қазоқистон... Читать дальше...

Чор низомии украинӣ дар Донбас кушта шудааст

Ozodi.org 

Ҳукумати Украина хабар медиҳад, ки бар асари тиркушоӣ чаҳор сарбоз дар Донбас кушта шудааст.  Бар асоси хабари ситоди низомии Украина рӯзи 26-уми март неруҳои ҷудиохоҳ, ки аз ҷониби Русия пуштибонӣ мешаванд, ду маротиба оромиро халалдор кардаанд. Чаҳор сарбоз кушта шуда ва ду тани дигар дар назди деҳаи Шумӣ захмӣ шудаанд. Нашрияи “Украинская правда" (Ҳақиқати Украина) бо истинод аз Ситоди фармондеҳии Украина навиштааст, ҷангиёни ҷудоихоҳ муоҳидаи Минскро сарфи назар намуда, аз силоҳҳои сангини гулулаандоз истифода кардаанд. Читать дальше...

Президенти ИМА Путин ва раҳбари Чинро ба як нишасти онлайнӣ даъват кардааст

Ozodi.org 

Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 26-уми март изҳор дошт, ки ӯ президенти Чин ва Русияро даъват кардааст, ки дар ҳамоиш оид ба тағирёбии иқлим ширкат варзанд. Дар назар аст, ки ин ҳамоиш дар моҳи апрел таҳти раёсати Иёлоти Муттаҳида баргузор шавад. Ба навиштаи Reuters, “Ҷо Байден гуфтааст, шахсан дар ин бора бо Си Ҷинпину Путин суҳбат накардааст, вале ҳарду медонанд, ки ба ин нишаст даъват шудаанд”. Саммит ба хотири эҳтиёт аз КОВИД-19  дар шакли онлайнӣ сурат мегирад ва сарони 40 кишвар дар он ширкат хоҳанд кард. Читать дальше...

Барои шиносоии падари тифли духтари 13-сола дар Ҳисор дубора ташхиси ДНК карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Барои дақиқ кардани падари тифли духтари таҷовузшудаи ноболиғ дар Ҳисор ташхиси дубораи ДНК анҷом шудааст. Ташхис дар доираи таҳқиқи дубораи парвандаи ҷиноии таҷовузи ҷинсии сокини 13-солаи шаҳри Ҳисор сурат гирифтааст. Дар таҷовузи духтари ноболиғ марди 33-соларо гунаҳкор дониста, ба панҷ соли зиндон маҳкум карданд, вале бар асоси “Қонуни афв” ӯро аз толори додгоҳ озод карданд. ҲУКМЕ, КИ БАҲС БА ПО КАРД Чунин ҳукми Додгоҳи шаҳри Ҳисор дар саҳифаҳои интернетӣ баҳси зиёде ба по кард. Баъзе аз шаҳрнависон чунин рафтори додрасро танқид карда... Читать дальше...

Эрон ва Чин ба созишномае барои 25-сол имзо мегузоранд

Ozodi.org 

Интизор меравад, ки Эрон ва Чин рӯзи 27-уми март як созишномаи баҳсбарангези дуҷонибаро барои 25-соли оянда имзо кунанд. Ҷузъиёти ниҳоии ин созишнома ифшо нашудааст, аммо интизор меравад, ки он сармоягузории Чин дар бахшҳои энержии Эронро дар бар гирад. Чин шарики асосии тиҷоратии Эрон ва бозори калидӣ барои содироти нафти ин кишва мебошад, ки таҳти таҳримҳои ИМА шадидан маҳдуд шудааст. Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи 27-уми март гуфт, ки созишнома ҷузъҳои "сиёсӣ, стратегӣ ва иқтисодӣ" -ро дар бар мегирад. Читать дальше...

Иқдоми "Озодӣ ба Навалний"-ро 300 000 нафар ҷонибдорӣ кардааст

Ozodi.org 

Барои иштироки дар ҳамоиши эътирозӣ барои озодии Алексей Навалний, мухолифи зиндонии рус, дар як иқдоме бо номи "Озодӣ ба Навалний" 300 ҳазор нафар имзо гузоштаанд. Ин даъват дар сомонаи "Озодӣ ба Навалний" аз 23-уми март роҳандозӣ шуд. Алексей Навалний рӯзи 17-уми январ ҳангоми бозгашт аз Олмон ба Русия боздошт гардид. Ӯ моҳи августи соли 2020 дар Русия заҳролуд шуда буд ва барои табобат ба Олмон рафт ва ҳангоми бозгашт ӯро боздошт карданд. Ҷонибдорони Навалний эълон карданд, ки пас аз ҷамъ... Читать дальше...

Белорусро ба "Евровидение-2021" роҳ намедиҳанд

Ozodi.org 

Намояндагони Белорус аз ҳаққи ширкат дар озмуни мусиқии "Евровидение-2021", ки нимаи моҳи май дар Роттердами Ҳоланд бояд баргузор шавад, маҳрум шудаанд. Дар ин бора рӯзи 26-уми март созмондиҳандагони озмун хабар доданд. Созмондиҳандагони озмун гуфтанд, суруде, ки Кумитаи радио ва телевизиони Беларус барои озмун пешниҳод карда буд, мазмуни сиёсӣ дошт ва онҳо аз мақомот хостанд, сурудро иваз кунанд. Ба гуфтаи онҳо, мақомоти Беларус ба дархости онҳо посух надод ва барои иваз кардани суруд низ иқдом накарданд. Читать дальше...

Шаш медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, ки рӯзҳои 25-26-уми март дар маҷмааи варзишии олимпии “Лужники”-и Маскави Русия баргузор шуд, шаш медал (як тилло ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо 150 варзишгар аз 15 кишвар (Арманистон, Баҳрайн, Беларус, Гурҷистон, Камерун, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Руминия, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Юнон) ширкат дошт. Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир шуд.

Иззат Амонро аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе дастгир карданд. Пайвандонаш "ғайриқонунӣ" номиданд

Ozodi.org 

Пайвандони Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, ки дар Душанбе боздошт шудааст, мегӯянд, мақомоти тоҷик то ҳанӯз дар бораи макони нигаҳдории ӯ ба онҳо хабар надодааст. Онҳо ихроҷи ӯ аз Русия ва боздошташ дар Тоҷикистонро хилофи қонун унвон карданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми март хабар дод, ки бо "сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия" бо қарори додгоҳи ноҳияи Твер Иззат Амон аз ин кишвар "ронда шуд". Ба иттилои Вазорат... Читать дальше...



Москва

Воины-мясниковцы в годы Великой Отечественной войны 1941-1945 г.г.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Влад Топалов

«Я много раз в жизни ходил по краю»: Влад Топалов откровенно высказался в шоу «Человек-невидимка» на ТВ-3




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков

Семьи из Подмосковья поборются за выход в финал конкурса «Это у нас семейное»

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»


WTA

Соболенко вышла в полуфинал турнира WTA в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Культура

Дети из землячества Узбекистана в Улан-Удэ стали зрителями театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России