Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2021

Новости за 22.03.2021

Иттиҳоди Аврупо чанд мақоми чиниро барои нақзи ҳуқуқи уйғурҳо таҳрим кард 

Ozodi.org 

Рӯзи 22-юми март Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки чор мақомдори Чин ва як ширкати сохтмонии ин кишвар барои нақзи ҳуқуқи аксар мусалмонони уйғуртабор дар вилояти Шинҷон таҳрим мешаванд. Дар вокуниши сареаш Пекин гуфт, ки нисбати 10 мақомдори аврупоӣ таҳримҳои ҷавоб ҷорӣ мекунад.   Таҳримҳои ҷорикардаи ИА аз манъи сафар ва масдудкунии дороиҳои Чен Мингуо, раиси Бюрои амнияти ҷамъиятии Шинҷон ва муовини раиси вилояти мухтори Шинҷону Уйғур, собиқ муовини раиси маҷлиси вилояти Шинҷону Уйғур Жу Ҳайлун... Читать дальше...



Вазири дифои ИМА дар Афғонистон бо президент Ғанӣ мулоқот кард

Ozodi.org 

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин рӯзи 21-уми март бо як сафари ғайримунтазира вориди Афғонистон шуд. Ин сафар чанд ҳафта пеш аз он сурат мегирад, ки мӯҳлати тарки Афғонистон кардани нирӯҳои амрикоӣ фаро мерасад. Сухангӯи президенти Афғонистон Давохон Минапал дар сӯҳбат бо Радиои “Афғонистон озод” гуфт, ки Остин ва раиси ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ вазъи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ ва аз афзоиши хушунатҳо дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд. Остин нахустин мақоми баландпояи маъмурияти нави Вашингтон шуд, ки ба Афғонистон сафар мекунад. Читать дальше...

Ҷаласаи парлумони нави Косово ва интихоби нахуствазири нав

Ozodi.org 

Парлумони Косово дар нахустин ҷаласааш баъди интихоботи пеш аз мӯҳлати моҳи гузашта қарор аст рӯзи 22-юми март нахуствазири нави кишварро интихоб кунад. Дар интихоботи 14-уми феврал ҳизби чапу миллатгарои Албин Курти бо номи “Ҷумбиши худшиносии миллӣ” аз 120 курсӣ 58 курсиро ба даст овард. Вале бо ин вуҷуд барои ташкили ҳукумати нав бояд пуштибонии ҳизбҳои ғайрисербро ба даст оварад. Аққалиятҳои ғайрисерби парлумон 10 курсиро дар ихтиёр доранд. Глаук Конюфкаи 39-сола аз ин ҷумбиш дар овоздиҳие, ки бо ҷонибдории 69 вакил анҷомид... Читать дальше...



Чаро Русия роҳи донишҷӯёни тоҷикро боз намекунад?

Ozodi.org 

Мақомоти Русия эълон карданд, ки роҳи донишҷӯёни 25 кишвар ба ин кишвар боз шудааст. Дар пайи паҳншавии пандемияи коронавирус дар соли гузашта, Русия марзҳояшро ба рӯзи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯён, баста буд.

Гулсифат Шаҳидӣ: "Ин пирӯзиро ба мардуми худ мебахшам"

Ozodi.org 

Нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ ва “Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон”-аш барандаи ҷоизаи миллии адабии Русия гардид, ки бо ташаббуси Иттиҳоди нависандагони Русия инак бори даҳум баргузор мешавад. Маросими эълони барандаҳои ҷоиза шоми 20-уми март дар Толори консертии ҳукумати Русия дар Маскав баргузор шуд. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Маскав рӯзи 22-юми март нависандаи тоҷик гуфт, ки барои ӯ мукофот бисёр ногаҳонӣ буд, чун давоми се соли охир пайваста асарҳояшро ба ин озмун ирсол мекард ва то ҳол ҳеҷ гоҳ чизе набурда буд. Читать дальше...

Раҳбари  Пенза ва як тарафдори ашадии Путин бо гумони фасод боздошт шуд

Ozodi.org 

Иван Белозертсев, волии Пенза ва як тарафдори ошкорои президенти Русия Владимир Путин бо иттиҳоми фасоди молӣ боздошт шуд. Кумитаи тафтишоти Русия дар як изҳороташ рӯзи 21-уми март гуфт, ки Белозертсев барои гирифтани пора дар ҳаҷми 31 миллион рубл (муодили 420 ҳазор доллар) боздошт шудааст. Қарор аст, базудӣ ҳукми боздошти муваққатии ӯ содир шавад. Дар робита бо порадиҳӣ ба Белозертсев раҳбари ширкати дорусозии  “Биотек” Борис Шпигел ва чанд нафари дигари номаълум боздошт шудаанд. Ин нафарон дар он муттаҳам мешаванд... Читать дальше...

Аризаи Навалний барои ба ҷавобгарӣ кашидани заҳролудкунандагонаш рад шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи низомие дар Маскав шикояти сиёсатмадори зиндонии Русия Алексей Навалнийро аз болои Сарраёсати  таҳқиқоти низомии Кумитаи тафтишоти федеролии Русия рад кард. Навалний ба додгоҳ шикоят карда гуфт, ки ин раёсат нахост аъмоли 8 корманди ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ)-ро аз рӯи қазияи заҳролудкунии ӯ дар моҳи августи порсол таҳқиқ кунад ва ба ҳамин хотир аз болои ин идора ба додгоҳи низомӣ шикоят кард. Додраси додгоҳи 235-уми низомии Маскав Андрей Толкаченко дар ҳукми рӯзи 22-юми марти худ гуфт... Читать дальше...

Тихановская ба Аврупову Ғарб: дар ташкили муколама бо Минск мусоидат кунед

Ozodi.org 

Як раҳбари мухолифони Беларус аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки барои ташкили музокироти онҳо бо мақомоти Беларус мусоидат кунанд. Ин даъвати Светлана Тихановская  рӯзи 22-юми март дар Вилнюс, дар ҷараёни ҳамоиши ташкилшуда аз ҷониби Сейм ё парлумони Литва ва дафтари Светлана Тихановская садо дод. Бахши Беларусии радиои Озодӣ менависад, ки нишаст ба хотири баррасии бӯҳрони сиёсии Беларус ташкил шуда, дар он намояндагони кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла дипломатҳои амрикоӣ ҳам иштирок мекунанд. Тихановская гуфт... Читать дальше...

Озмоишҳо дар ИМА фоидаовар будани ваксинаи AstraZeneca-ро таъйид кард

Ozodi.org 

Ширкати муштараки дорусозии Бритониё ва Шведсия AstraZeneca гуфт, ки як озмоиши иловагие, ки дар ИМА анҷом шудааст, фоидаовар будани ин ваксинаро дар сатҳи 79 дарсад муайян намуд. Дар таҳқиқоти ахири амрикоиҳо 30 ҳазор ихтиёрӣ иштирок кардааст. 70 дар сади онҳо худи ваксина ва сеякашон платсебои ваксинаро қабул карданд. Платсебо як бахши озмоишҳои тиббӣ аст, ки на истифодаи худи маводи дорувор, балки мояи ҷойивазкунандаи онро дар назар мегирад. Ширкати AstraZeneca дар як изҳороташ рӯзи 22-юми март навишт... Читать дальше...

Олмон дар андешаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав мебошад

Ozodi.org 

Рӯзи 22-юми март Олмон маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирусро аз нав қисман шадидтар мекунад. Ин кишвар яке аз охирин давлатҳои аврупоӣ аст, ки дар паи  афзоиши нави гирифториҳо ба  COVID-19 дубора муқаррароти маҳдудкунандаи иҷтимоиро ҷорӣ мекунад. Садри аъзам Ангела Меркел дар ҷаласаи рӯзи душанбе бо раҳбарони минтақаҳои мухталифи федеролии Олмон ин мавзӯъро баррасӣ мекунад. Матуботи маҳаллӣ рӯзи 18-уми март навишт, ки дафтари Меркел тарҳи тамдиди маҳдудиятҳоро омода кард, ки маҳдудиятҳои навро то таърихи 18-уми апрел пешбинӣ мекунад. Читать дальше...

Дар Чин мурофиаи додгоҳии дипломати пешини Канада шурӯъ мешавад

Ozodi.org 

Дар Чин рӯзи 22-юми март мурофиаи додгоҳии як дипломати собиқи Канада аз рӯи иттиҳоми “ҷосусӣ” шурӯъ мешавад. Ин қазия муносибатҳои Оттава ва Пекинро пуртаниш кардааст. Додгоҳ дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки дар як мурофиаи пушти дарҳои баста муҳокимаи парвандаи як соҳибкори канадаӣ Майкл Спаров ба анҷом расид, ки чанде баъди Ковриг дар моҳи декабри соли 2018 боздошт шуда буд. Боздоштҳое, ки ду сол пеш сурат гирифт, ҳамчун интиқоми сиёсии Чин аз боздошти раҳбари молии ширкати фаннии Huawei Мен Ванжоу дар Канада арзёбӣ мешавад. Читать дальше...


Музыкальные новости
Песня

В Российском национальном Музее Музыки пройдет концерт «Курские Песни 2.0»





Rss.plus
Арцах

Новая попытка азербайджанских вандалов исламизировать армянское культурное наследие в оккупированном Шуши




160 дворов благоустроят в Нижнем Новгороде в 2024 году

Темп роста доходностей ОФЗ в апреле замедлился

Путин встретился с командующими войсками военных округов и обсудил назначения

Дилеры в России приняли решение о снижении цен на китайский аналог «Камри»




Энтони Блинкен ба Брюссел меравад

Ozodi.org 

Энтони Блинкен, Котиби давлатии ИМА рӯзи 22-юми март барои мулоқот бо раҳбарияти НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ба Брюссел сафар мекунад. Маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден дар талоши барқарор кардани робитаҳо бо ҳамкорони аврупоиашон мебошад. Ба иттилои Департаменти давлатӣ, қарор аст рӯзҳои 23 ва 24-уми март Блинкен бо вазирони хориҷаи узви НАТО ва дабири кулли ин паймони низомӣ  Йенс Столтенберг дидору гуфтугӯ кунад. Дар изҳороти Департаменти давлатӣ омадааст, ки мулоқотҳо дар Брюссел ба хотири “таҳкими... Читать дальше...

Амри бесобиқаи додгоҳи Душанбе ба вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ.САДО

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе ба ду ниҳоди амниятии Тоҷикистон амр дод, ба фарзандони як ҷавоне, ки баъди шиканҷаву бадрафтории кормандони ҳарду ниҳод худкушӣ кард, ҷуброн бипардозанд.

Ба ғолибони гуштини наврузӣ дар Душанбе 4 автомашина доданд

Ozodi.org 

Ба ӯолибони мусобиқаи гуштингирии наврузӣ барои дарёфти ҷоизаҳои "Ҷоми пойтахт-2021", автомашинаҳо тақдим шуд. Дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 20-21 март дар "Наврузгоҳ"-и Душанбе доир шуд, паҳлавони дар чаҳор вазн -- 65, 75, 90 ва +90 рақобат карданд. Ин мусобиқа бо ҳузури ҳазорон тамошобин баргузор шуд. Абубакр Боқиев, аз сулолаи паҳлавонони шинохта Боқиевҳо дар сабқати ниҳоӣ дар вазни 65 килограм бар Алиҷон Сафаралиев пируз омад ва соҳиби автомашинаи "Toyota" шуд. Дар вазн 75 килограм Мирзоҷамил... Читать дальше...

Интиқоди хабаргузории расмии Тоҷикистон. Чаро Русия роҳи донишҷӯёни тоҷикро боз намекунад?

Ozodi.org 

Мақомоти Русия эълон карданд, ки роҳи донишҷӯёни 25 кишвар ба ин кишвар боз шудааст. Дар пайи паҳншавии пандемияи коронавирус дар соли гузашта, Русия марзҳояшро ба рӯзи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯён, баста буд. Дар ин муддат донишҷӯёни зиёде аз Тоҷикистон, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил шуда буданд, натавонистанд ба дарс ҳозир шаванд. Вазорати маорифи Русия рӯзи 20-уми март рӯйхати 25 кишвареро нашр кард, ки донишҷӯёни онҳо метавонанд барои таҳсил вориди Русия шаванд. Дар ин рӯйхат номи Эфиопия... Читать дальше...

Хоманаӣ гуфт, Эрон танҳо пас аз лағви таҳримҳо ба созиши ҳастаӣ бармегардад

Ozodi.org 

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон рӯзи якшанбеи 21-уми март дар як паёми телевизионӣ ба муносибати Иди Навруз гуфт, ки агар Амрико ва муттаҳидонаш мехоҳанд Эрон ба созишномаи атомии соли 2015 баргардад, бояд ҳама таҳримҳои ҷоришуда алайҳи ин кишвар бекор карда шаванд. Вай гуфт, "мавзеъгирии мо рушан аст ва тағйир накардааст. Ҳамаи таҳримҳои Амрико тибқи созиш бояд дур шаванд ва мо ба созишнома бархоҳем гашт". Ӯ гуфт, сиёсати фишор аз сӯи ҳукумати Доналд Трамп алайҳи Эрон ноком шуд ва ҳушдор дод, ки агар ҳукумати Ҷо Байден ин равишро идома диҳад... Читать дальше...



Москва

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: в ТиНАО создадут новые управы районов



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Кажется, мы начинаем забывать Урганта: ведущего не пустили на 100-летие Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»


WTA

Соболенко вышла в полуфинал турнира WTA в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

160 дворов благоустроят в Нижнем Новгороде в 2024 году



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России