Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2021

Новости за 04.06.2021

Ба сафири Қирғизистон дар Душанбе нотаи эътирозӣ супурданд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи ахир дар марз ба сафири Қирғизистон дар Душанбе нотаи эътирозӣ супурдааст. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 4-уми июн гуфтанд, ки нотаро ба Жаниш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Душанбе супурдаанд. “Тибқи ҳуҷҷатҳое, ки қаблан ҳарду ҷониб ба имзо расонида буданд, отряди марзбонии мо дар қаламрави тавсифшудаи Тоҷикистон қарор дорад. Он чӣ он ҷониб даъво дорад, бо воқеият мувофиқ нест. Мо ҳифзи марзи худро дар қаламрави худ ба роҳ мондаем. Читать дальше...

Назари Тошиев дар бораи марз. Тоҷикистон онро қабул надорад

Ozodi.org 

Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст. Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст. Тошиев ин ҳарфро рӯзи 4-уми июн замони сафар ба Унжу-Булоқи ноҳияи Чон-Алай, наздик ба марзи Тоҷикистон, ба забон овард. Дар ин ҷо субҳи 4-уми июн марзбонони Тоҷикистон дидбонгоҳ дуруст карданд. “Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Читать дальше...



Захираи дусолаи ғизо барои рӯзи мабодо

Ozodi.org 

Аввали ҳафтаи оянда, рӯзи 7-уми июн Рӯзи байналмилалии амнияти ғизо аст. Дар Тоҷикистон ҳам ин масъала аҳамияти хоса дорад, зеро мардуми камбизоат баъзе аз маводи ғизоиро барои зимистон захира мекунанд.

Имкони бунёди роҳи оҳан миёни Самарқанд ва ноҳияи Айнӣ баҳс мешавад

Ozodi.org 

Узбекистон тасмим гирифтааст аз шаҳри Самарқанд то ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд роҳи оҳан сохта, истифодаи дубораи қитъаи роҳи оҳан аз Бекобод то ноҳияи Конибодом барои боркашонӣ ва барқӣ кардани онро роҳандозӣ кунад.

Чархболи Қирғизистон ҳангоми парвоз ба марз сарнагун шуд

Ozodi.org 

Дар вилояти Уши Қирғизистон як чархболи низомие, ки Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и ин кишварро ҳамроҳӣ мекард, дар роҳ ба сӯи ноҳияи Чон-Алай, наздик ба марзи Тоҷикистон, ба замин афтодааст. Манобеи бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар ин чархбол 14 нафар савор будааст ва чор нафарашон ҷароҳати сабук бардоштаанд. Тибқи иттилои расида, ҳодиса дар деҳаи Кичи-Алайи ноҳияи Арван рух додааст. Гуфта мешавад, ки чархбол оташ гирифта, сӯхтааст. Ин чархбол ба Вазорати мудофиаи Қирғизистон таалуқ доштааст. Читать дальше...



Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба ҷои Русия ба Қазоқистон корҷӯӣ мераванд

Ozodi.org 

Нархи осмонии билети ҳавопаймо ва гаронии патент барои кор дар Русия бештари муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказиро водор сохтаааст, ки ба ҷои он кишвар ба Қазоқистон бираванд. Дилшодбек, муҳоҷири корӣ аз Қӯқанди Узбекистон, ки давоми даҳ соли ахир барои кор ба Русия мерафт, мегӯяд, имсол мехоҳад, ба Қазоқистон равад. "Ҳаққи музди меҳнат дар Қазоқистон кам аст, вале ҳисоб кардам, дар ниҳоят ҳеч фарқе аз даромад дар Русия надорад. Як хешам, ки моҳи май ба Русия рафт, бо наздики 600 доллари амрикоӣ... Читать дальше...

"Хуҷанд" пешсафиашро дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон идома медиҳад 

Ozodi.org 

Рӯзи 2-юми июн ду бозии мавқуфмондаи даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри «Хуҷанд дар майдони худ бар тими “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Эҳсон Бобоев дар дақиқаҳои охири дидор ба самар расонид. Бозии дигар миёни дастаҳои ССКА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом ёфт. Голҳои ССКА-ро Шервонӣ Мабатшоев (аз пеналти), Комрони Мирзохон ва Элчибек Рашидбеков, голҳои... Читать дальше...

Бародари фаъоли тоҷикро ҷабрдида эътироф карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт Саъдулло Худоёров, як сокини ин ноҳияро, ки гуфта буд, лату куб шудааст, ҷабрдида эътироф намудааст ва нисбат ба ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Ҳукми наздик ба афви фаъолони Қазоқистон

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри шимолии Павлодар дар қазияи панҷ фаъоли маҳаллӣ ҳукми наздик ба афвро содир кард. Ин фаъолон ба ҳизби мамнӯи “Коше” (“Кӯча”) рабт доранд, ки дар баробари дигар гурӯҳҳову ҳизбҳои манъшудаи  мисли “Интихоби демократии Қазоқистон” (ИДҚ) мавриди саркӯб ва таъқиб мебошад. Бар асоси ҳукми додгоҳ аз 4-уми июн, Нургул Қалуова ба 18 ва чор нафари дигар -  Дарин Хасенов, Қалиасқар Амиренов, Жанат Жамалпкев ва Мақсут Аппасов ба як соли маҳдудияти озодӣ маҳкум шуданд. Ин нафаронро созмонҳои... Читать дальше...

“Эътироф”-и Пратасевич зоҳиран таҳти фишор гирифта шудааст

Ozodi.org 

ТВ-и давлатии Беларус як видеои дигареро нашр кард, ки дар он журналисти боздоштшуда аз дохили ҳавопаймои ширкати Ryanair, ки рӯзи 23-юми май дар Минск фуруд оварда шуд, гӯё ба ҷиноятҳои содиркардааш “иқрор” мешавад. Рӯзи 3-юми июн дар барномае бо номи “Ничего личного”, ки дар ОНТ – як телевизиони беларусӣ нашр шуд, Раман Пратасевичи гиряолуд раҳбари худкома Александр Лукашенкаро ситоиш мекунад ва мегӯяд, ки баъди боздошт дар “ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ иқрор мешавад“. Пратасевич масъули собиқи... Читать дальше...

Баъди Косово фиристодаи калони ИМА бо мақомоти Сербия гуфтугӯ кард

Ozodi.org 

Ёвари муовини котиби давлатии ИМА Метю Палмер ва фиристодаи Иттиҳоди Аврупо дар музокироти Белграду Приштина Мирослав Лайтсак  ба Сербия рафтанд, то ин кишварро ҳам водор бикунанд, ки барои оддӣ шудани равобит бо Косово муколамаро аз сар бигиранд.  Александр Вучич, президенти Сербия  дар як изҳороташ тавассути Инстаграм рӯзи 3-юми июн баъди анҷоми гуфтугӯяш бо мақомоти амрикоиву аврупоӣ навишт: “Бовар дорам, ки дар муколама бо Косово имкони дастёбӣ ба созиш вуҷуд дорад”. Ҳукумати Сербия гуфтааст... Читать дальше...

Интиқоли ду ҷасад аз Иркутск ба Тоҷикистон

Ozodi.org 

Аз шаҳри Иркутски Русия ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро ба ватан интиқол доданд. Ин ду нафар, ки 51 ва 62 сол доштаанд, аз бемории ҷигар вафот кардаанд. Чанд рузи пеш Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск дар як муроҷаити видеоӣ аз муҳоҷирони тоҷик даъват карда буд, ки барои фиристодани тобути фавтидаҳо кӯмаки молӣ расонанд. Баъдан Ширинов, дар як навори дигар гуфт, ки маблағ барои интиқоли ҷасадҳо аз тарафи тоҷикон ҳамагӣ дар байни ду соат ҷамъ шуд. Ҳар сол дар Русия садҳо шаҳрванди Тоҷикистон  бо иллтаҳои гуногун вафот мекунанд. Читать дальше...

Русия камбуди коргарони хориҷиро дар сохтмон мушкили ҷиддӣ номид

Ozodi.org 

Бо вуҷуди нармтар шудани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия коҳиш меёбад. Аз ҷумла, сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба ин кишвар дар соли ҷорӣ 37 дарсад ва аз Узбекистону Қазоқистон 42 дарсад кам шудааст. Нашрияи русии “Коммерсант” мегӯяд, то 1-уми майи имсол 2 миллиону 680 ҳазор нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия ворид шудаанд, ки дар қиёс ба як соли пеш 35 фойиз кам мебошад. Дар айни замон, муовини сарвазир Марат Ҳуснулин ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, норасоии... Читать дальше...

Дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик гармии бесобиқа пешгӯӣ шудааст

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон дар чанд рӯзи оянда гармии фавқуллода пешгӯӣ шудааст. Маркази обуҳавошиносӣ мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд то 7-уми июн гармии ҳаво дар кишвар то 45 дараҷаро ташкил намуда, хокбод низ дар назар аст. Ба сокинон тавсия додаанд, ки  рӯзона аз гаштугузори тӯлонӣ дар ҳавои тоза  худдорӣ кунанд. Бахусус беморони дил ва онҳое, ки аз фишорбаландӣ азият мешаванд, саломатии худро эҳтиёт намоянд. Ҳамчунин машварат дода шудааст, ки ҳар як  сокин дар ин шабурӯзи гармо  то ду литр об дар рӯз бинӯшанд.

Боздошти як фаъоли демократӣ дар Ҳонгконг

Ozodi.org 

Полиси Ҳонгконг як раҳбари ҳаракатҳои демократиро боздошт кард, ки барои  ташкили маросими шамъафӯзӣ ба хотири  қурбониёни саркӯбҳои майдони Тянанмин дар 32-юмин солгарди амалҳои саркӯбгаронаи ҳукумати Чин алайҳи эътирозгарони демократӣ гунаҳор мешавад. Ба иттилои матбуоти Ҳонгконг, хонум Чоу Ҳан Тун, муовини раиси  Эътилофи мусоидат ба ҳаракатҳои демократии ватандӯстонаи Чин рӯзи 4-уми июн аз ҷониби полис боздошт шуд. Полис ҳабси ин фаъолро ҳанӯз шарҳ надодааст, вале як манбаи хабаргузории  AFP гуфт... Читать дальше...


Музыкальные новости
Концерт

Концерт в честь 90-летия Евгения Крылатова





Rss.plus
ЦСКА

Гол Чалова с пенальти принес ЦСКА победу над "Зенитом" в чемпионате России




В квартирах, домах и офисах генерала Кузнецова были проведены обыски

Тувинской рок-группы «Хартыга» выступит в Хакасии

Второй приговор вынесли экс-главе Анабарского района

«Замечаний немало»: Дмитрий Анисимов проверил парковки у ТЦ в трёх районах Кемерова




HRW ба Зеленский: қонуни амният ба меъёрҳои ҳуқуқи башар мутобиқ шавад

Ozodi.org 

Human Rights Watch (HRW) ва беш аз 20 созмону гурӯҳҳои дигар аз парлумони  Украина хостанд, ки пеш аз қабули қонуни нав дар бораи фаъолияти хадамоти амниятии ин кишвар, камбудиҳоро ислоҳ карда, даст ба ислоҳоти ин низом зананд. HRW яке аз 23 созмони маданӣ аст, ки  дар номае ба унвонии президенти Украина Владимир Зеленский ва ҳаммуаллифони тарҳи қонун ислоҳи “бахшҳои мушкилзои қонун”-ро тақозо карданд. Интизор меравад, ки тарҳи ин қонун моҳи ҷорӣ қабул шавад. Ин ислоҳот тағйири кори хадамоти амният ё СБУ-и Украинаро дар назар мегирад. Читать дальше...

Баъди афзоиши якбораи олудашавӣ, тақсими воксинаҳо дар Африқо тақрибан бас шуд

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки ҷараёни тақсими воксинаҳои зидди COVID-19 дар Африқо тақрибан бас шудааст, чун дар ду ҳафтаи ахир дар ин қора афзоиши якбораи ҳодисаҳои олудашавӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад. Дар ҳамин ҳол ИМА эълон кард, ки барномаи таъмини кишварҳои дигарро бо воксина ба роҳ мемонад. Танҳо дар Африқои Ҷанубӣ дар як ҳафтаи гузашта ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус 60 дарсад афзоиш ёфтааст. Рӯзи 3-юми июн президенти ИМА Ҷо Байден эълон кард, ки барои таъмини кишварҳои нодор... Читать дальше...

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба Осакаи Ҷопон расид

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои анҷом додани ду бозии боқимондааш дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) рӯзи 3-юми июн аз Дубай ба Осака расид. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар - дохиланд. Вале капитан ё сарвони «Истиқлол»-и... Читать дальше...

Қирғизистон аз бад шудани вазъ дар марз бо Лахши Тоҷикистон хабар дод. Душанбе шарҳ надод

Ozodi.org 

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вазъ дар минтақаи марзии Унжу-Булоқи ноҳияи Ҷон-Олойи вилояти Уш дар марз бо Тоҷикистонро "муташанниҷ" гуфтааст. Ин минтақаи Қирғизистон бо ноҳияи Лахши водии Рашти Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Тибқи изҳороти ҷониби Қирғизистон, соати 3-и бомдоди 4-уми июн ҷониби Тоҷикистон дар минтақаи ҳанӯз аломатгузоринашуда дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави Қирғизистон, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст. Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон... Читать дальше...

Як марзбони тоҷик дар ноҳияи Ҳамадонӣ ғарқ шудааст

Ozodi.org 

Як сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар рудхонаи Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ғарқ шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ҷустуҷӯи ҷасади ин марзбон идома дорад. Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 4-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марзбони ғарқшуда Юсуфҷон Музаффарзода, сокини шаҳраки Бустони ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Музаффарзода тирамоҳи соли 2020 ба артиш даъват шуда, аз шаш моҳ ба ин тараф дар қисми марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ хизмат мекард. Ба иттилои манбаъ, ин марзбон дар пайи гармии ҳаво хостааст... Читать дальше...

НАСА ба сайёраи Зуҳра ду пайки нав мефиристад

Ozodi.org 

Оҷонси парвозҳои ҳавоии ИМА (НАСА) эълом кард, ки барои омӯзиши ҳаво ва хусусиятҳои геологии сайёраи Зуҳра ду пайк ё дастгоҳи нав мефиристад. Ба иттилои "Садои Амрико", раҳбари НАСА Билл Нелсон рӯзи чоршанбе дар нахустин паёмаш ба кормандони оҷонс гуфтааст, ҳадафи онҳо муайян кардани он аст, ки чи гуна дувумин сайёраи аз нигоҳӣ дурӣ ба Офтоб "дунёи монанд ба ҷаҳаннам" шудааст. Маъмурияти "ДАВИНЧИ Плюс" бо ташхиси ҳавои Зуҳра машғул хоҳад шуд. Он бояд муайян кунад, ки дар гузашта дар сайёра уқёнус ва ҳаёти органикӣ мавҷуд буд, ё не. Читать дальше...



Москва

Новая попытка азербайджанских вандалов исламизировать армянское культурное наследие в оккупированном Шуши


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Comedy Club

«Ждёт нового Мартиросяна». Гарик Мартиросян прокомментировал беременность Анны Хилькевич в Comedy Club на ТНТ




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий


WTA

Виктория Азаренко пробилась в четвертьфинал турнира WTA в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Армяне России поддерживают движение «Тавуш во имя Родины»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России