Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2021

Новости за 07.06.2021

Кормандони "UzAuto Motors" дар Узбекистон дубора корпартоӣ карданд

Ozodi.org 

Кормандони ширкати "Uz-Koram Co" дар вилояти Андиҷони Узбекистон, ки бо истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошин машғул аст, дар эътироз ба таъхир дар пардохти маош ва поин рафтани миқдори он корпартоӣ карданд.

Муроҷиати фаъолони қирғиз ба Додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди марз

Ozodi.org 

Як гурӯҳ аз фаъолони мадании Қирғизистон рӯзи 6-уми июн ба додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муроҷиат карда, хостаанд, ба зидди раҳбарияти Тоҷикистон бо гумони, ба иддаои онҳо, "ҷинояти ҳарбӣ алайҳи сокинони осоиштаи Қирғизистон" тафтишот оғоз карда шавад.



Ҷопон Тоҷикистонро шикаст дод. Корбарон бозигаронро танқид карданд, ФФТ умедвор аст

Ozodi.org 

Мунтахаби футболи Ҷопон дастаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Бозӣ дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" рӯзи 7-уми июн дар варзишгоҳи "Panasonic Suita"-и шаҳри Осака баргузор шуд.



"Мадонна аз Тоҷикистон". Заур Дахте тасвирҳои худу духтарашро намоиш дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Заур Дахте, аккос ва филмбардори машҳур, ки ҳафтод сол пеш аз Эрон ба Тоҷикистон омада, дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр кардааст, тасвирҳои офаридаи худу духтараш Фарангис Дахтеро ба намоиш гузошт.

Намоиши тасвирҳои Заур Дахте ва духтараш дар Душанбе

Ozodi.org 

Заур Дахте, аккос ва филмбардори машҳур, ки ҳафтод сол пеш аз Эрон ба Тоҷикистон омада, дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр кардааст, тасвирҳои офаридаи худу духтараш Фарангис Дахтеро ба намоиш гузошт. Маросим 3-юми июн дар Душанбе баргузор шуд.

Шурӯи маъракаи зидди фалаҷи атфол дар Покистон

Ozodi.org 

Дар Покистон 30 миллион тифли то 5-сола бояд дар панҷ рӯз бо воксинаи зидди фалаҷи атфол фаро гирифта шаванд. Мақомот гуфтанд, ки дар саросари ин кишвар 223 ҳазор корманди тиббӣ барои тақсими воксинаҳои қатраӣ сафарбар шудаанд. Фалаҷи атфол як навъи сирояти бисёр хатарнок аст, ки боиси фалаҷ ё беҳаракат шудани дасту по ва тани инсон мешавад. Мақомот дар вилояти шимолуғарби Хайбар Пахтунхва гуфтанд, ки танҳо дар ин минтақа бояд 6 миллион кӯдак қатраҳои зидди полиомиелитро дарёфт кунанд. Барои ташкили... Читать дальше...

Навалний аз беморхона ба зиндон интиқол ёфт

Ozodi.org 

Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний аз беморхонаи знидон ба маҳбаси рақами 3-и минтақаи Владимир бурда шуд. Як намояндаи раҳбарияти зиндони рақами 3 рӯзи 7-уми июн дар додгоҳе, ки дар он шикояти Навалний аз маҳбаси рақами 2 баррасӣ мешавад, хабар дод, ки сиёсатмадори мунаққиди Кремлин ба зиндони воқеъ дар шаҳри Покров баргардонида шуд. Навалнийро, ки бо талаби баргузории як муоинаи бетарафонаи тиббӣ даст ба гуруснанишинӣ зад, моҳи апрел ба зиндони рақами 3 интиқол доданд. Ӯ рӯзи... Читать дальше...

Раҳбари НАТО гуфт, Беларус ҳарчи бештар аз Русия вобаста мешавад

Ozodi.org 

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО гуфт, Беларус то рафт бештар аз Русия вобаста мешавад, чун Минск барои саркӯби эътирозгарон мавриди инзивои Ғарб қарор гирифтааст. Ин нуктаро раҳбари НАТО  рӯзи 6-уми июн дар сӯҳбат бо Welt am Sonntag баён кард. Қарор аст дар Бритониё рӯзҳои наздик ҷаласаи солонаи НАТО барпо шавад. Дар ин ҷаласа мавзӯи Русияву Беларус калидӣ хоҳанд буд. Пеш аз он рӯзҳои 11 то 13-уми июн бояд ҷаласаи серӯзаи раҳбарони кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ё G7 барпо шавад. Баъди он ки Минск ҳавопаймоеро... Читать дальше...

Зеленский гуфт, мехоҳад бо Байден пеш аз мулоқоташ бо Путин дидор кунад

Ozodi.org 

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки мехоҳад пеш аз мулоқоти раҳбарони ИМА ва Русия бо Ҷо Байден дар бораи таҳримҳои амрикоӣ аз болои тарҳи лӯлаи гази “Северный поток-2” гуфтугӯ кунад. Зеленский дар як мусоҳибааш бо вебсайти амрикоии Axios гуфт, ки ба хотири водор кардани Вашингтон ба хатми  сохтмони лӯлаи газ “омода аст бо Байден дар ҳар нуқтаи ҷаҳон ва ҳар лаҳзати имконпазир” дидору гуфтугӯ кунад. Байден моҳи май гуфт,  ба хотири ин ки тарҳи мазкур тақрибан сохта тамом шудааст ва ҳифзи... Читать дальше...

Ҳизби Меркел дар интихоботи маҳаллӣ пештоз шуд

Ozodi.org 

Иттиҳоди христиану демократи садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар як интихоботи маҳаллии 6-уми июн  натиҷаҳои хубе назар ба пешгӯиҳо ба даст овард ва роҳашро ба интихоботи сентябри имсол ҳамвортар кард. Дар овоздиҳие, ки рӯзи якшанбе дар аёлати шарқии Саксония-Анҳалт  барпо шуд, Иттиҳоди христиану демократ 37,1 дарсади овозҳоро бурд. Ин омор ҳарчанд муқаддамотӣ аст, вале назар ба натиҷаҳои соли 2016 хеле беҳтар будааст.  Пирӯзӣ дар ин минтақа барои номзади сарвазирии ояндаи Олмон Армин Лашет шонси хубе медиҳад. Читать дальше...

Путин аз созиши "Осмони боз" хориҷ шуд

Ozodi.org 

Президент Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки хуруҷи Русия аз як созиши байналмилалии ҷамъоварии маълумот дар бораи нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои хориҷиро ниҳоӣ мекунад. Охири соли гузашта ИМА ҳам аз ин созиш берун шуда буд. Аз созише, ки бо номи “Осмони боз” маъруф аст, қаблан Шӯрои федератсия -  палатаи болоии парлумони Русия ва Думаи давлатӣ – парлумони ин кишвар хориҷ шудаанд. Созиш соли 2002 имзо шуда ба 34 кишвари имзогузори он имкон медиҳад, ки бар фарози дигар кишварҳои узви он парвозҳои назоратӣ анҷом диҳанд. Читать дальше...

Вакил гуфт, Отамбоев ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад

Ozodi.org 

Вакилони президенти собиқи Қирғизистон гуфтанд, ки  Алмосбек Отамбоев ба як ҷарроҳии фаврӣ эҳтиёҷ дорад. Замир Жоошев гуфт, ки зерҳимояи ӯ мушкили дарди сутунмӯҳра дорад ва бояд ба зудтарин фурсат аз амалиёти ҷарроҳӣ гузарад. Жоошев гуфт, ки дар шароити маҳбас барпо кардани чунин як амалиёте имкон надорад ва ба ҳамин хотир ҳам Отамбоев бояд ба як беморхонаи маъмулӣ  интиқол дода шавад. Отамбоеви 64-сола, ба гуфтаи вакил, инчунин аз мушкилоти марбут ба дарди дил азият мешавад.   Отамбоев бо иттиҳоми... Читать дальше...

Резо Габриадзе, муаллифи сенарияи "Мимино" даргузашт

Ozodi.org 

Резо Габриадзе, як филномасози бисёр маъруфи гурҷӣ дар синни 84-солагӣ дар Тифлис даргузашт. Давраи филмҳои шӯҳратёри ӯ ба солҳои 1960-1980-уми шӯравӣ рост меояд. Габриадзе рӯзи 6-уми июн аз бемории номаълум даргузашт. Габриадзе на танҳо дар филмсозӣ тавоно буд, балки театри маъруфи лӯхтаксозӣ ҳам дошт, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Ризо Габриадзе муаллифи сенарияҳои филмҳои маъруфи коргардон Георгий Данелия “Мимино” (дар ҳамкорӣ бо Викторрия Токарева), “Не горюй”, “Кин-дза-дза” ва дигарҳо мебошад. Читать дальше...

ODIHR аз Тоҷикистон хоста буд, имкониятҳои президентро "ислоҳ" кунад, Душанбе чӣ посух дод?

Ozodi.org 

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, чаҳор моҳ пеш аз Тоҷикистон хоста буд, ки имкониятҳои вижаи раиси ҷумҳури ҳозира, аз ҷумла иштироки бемаҳдудашро дар интихоботҳо бознигарӣ кунад.

"Як рӯз биринҷ мегирем, як рӯз равған". Кӣ дар Тоҷикистон ғизои хубу кофӣ дорад? ВИДЕО

Ozodi.org 

7-уми июн Рӯзи байналмилалии амнияти ғизо аст. Дар Тоҷикистон ин масъала аҳамияти вижа (махсус) дорад, чун мутахассисон мегӯянд, ҳанӯз як бахши ҷомеа ба ғизои хубу кофӣ дастрасӣ надоранд.



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о поддержке организаций и ИП в Белгороде


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Московскому метрополитену исполнилось 89 лет



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

Брейн присоединился к СКА. Баста выложил фото с ним: «Приветствуем Сергея в нашей большой семье»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


Даниил Медведев

Теннисист Медведев не смог выйти в четвертьфинал турнира серии «Мастерс» в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru