Шабнам Худойдодова: Рӯзҳое, ки ман дидам, намехоҳам додарам бинад. ВИДЕО
Ҳукумати Полша ба Комрон Худойдодов, бародари Шабнам Худойдова, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаққи паноҳандагӣ надодааст ва тасмим дорад, ӯро ба Тоҷикистон фиристад.
Ҳукумати Полша ба Комрон Худойдодов, бародари Шабнам Худойдова, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаққи паноҳандагӣ надодааст ва тасмим дорад, ӯро ба Тоҷикистон фиристад.
Дар Исроил давраи ҳукмронии Бенямин Нетаняҳу, дар мақоми сарвазири ин кишвар ба поён расид.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон тими миллии Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Ин бозӣ рӯзи 15-уми июн дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F", дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор шуд.
Раванди барҳамдиҳии "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" расман оғоз шудааст. Иҷозатномаи ин ду бонки қаблан низомсозро Бонки миллӣ 21-уми май бозхонд кард ва садҳо муштариёни онҳо нигарони пасандозҳояшон ҳастанд.
Муовини раиси ноҳияи Сирдарёи Узбекистон оид ба рушди саноат ва сохтмон Нуралӣ Мирзоев рӯзи 14-уми июн "бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо додааст". Дар ин бора нашрияи "Хабарҳои Сирдарё" бо истинод ба хадамоти матбуотии маъмурияти Сирдарё иттилоъ додааст. Ҳамчунин сардори шуъбаи ободонии ноҳия Нозир Муродов низ аз мақомаш канор рафтааст. Чанде пеш дар Интернет видеое нашр шуд, ки "пулдиҳӣ"-и мансабдорони маъмурияти ноҳиявӣ ва раҳбарони корхонаҳои давлатии Сирдарёро ба раққосаи нимурён нишон медиҳад. Читать дальше...
Владимир Путин, президенти Русия ҳузури муҳоҷирони ғайриқонуниро дар ин кишвар то 30-уми сентябр тамдид кард.
Гуруҳе аз фаъолони мадании Қазоқистон рӯзи 14-уми июн дар назди бинои сафорати ИМА дар он кишвар ҷамъ шуда, Вашингтонро ба ҳимояти онҳое даъват карданд, ки ба "иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ" айбдор мешаванд. Ҳамоиши эътирозӣ дар рӯзи вохӯрии фиристодаи махсуси Амрико Залмай Халилзод бо раҳбарияти Қазоқистон баргузор шуд. Ҳамчунин ба таҷаммуи сокинон талаби додситон сабаб шуд, ки рӯзи душанбе хост, фаъоли маданӣ Аскар Каирбек 1,5 сол аз озодӣ маҳрум шавад. Каирбек ба иштирок дар фаъолияти... Читать дальше...
Дар натиҷаи таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Новосибирски Русия дасти кам се қирғизистонӣ осеб дидааст. Дар ин бора Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар додааст. Тавре муайян карда шудааст, дар натиҷаи таркиш қаҳвахонае осеб дидааст, ки шаҳрвандони Қирғизистон ба иҷора гирифта буданд. Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба хадамоти ҳолатҳои изтирории шаҳр иттилоъ дода, ки таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рӯзи душанбеи 14-уми июн рух дода, дар он ҷамъан 35 кас осеб дидааст. Ба иттилои "Интерфакс"... Читать дальше...
Дафтари додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хабар додааст, ки муроҷиати гуруҳе аз фаъолони Қирғизистонро роҷеъ ба низои мусаллаҳонаи ахир дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дарёфт карда, ба қайд гирифтааст. Сания Токтогазиева, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ дар Қирғизистон иттилоъ дод, ки посухи додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро рӯзи 14-уми июн дарёфт карданд. Як гурӯҳ аз фаъолони мадании Қирғизистон рӯзи 6-уми июн ба додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муроҷиат карда, хостаанд, ба зидди раҳбарияти Тоҷикистон бо гумони... Читать дальше...
Рӯзи 15 июн дар шарқи Афғонистон чанд тими кормандони тиббӣ, ки бо эмкунии кӯдакон алайҳи фалаҷи атфол машғул буданд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа, дастикам 5 корманди тиббӣ кушта шуд. Дар се моҳи охир ин дуюмин чунин ҳамлаи маргбор будааст. Атоулло Хоқиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба иловаи панҷ кушташуда чор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Фарид Хон, сухангӯи полиси вилоят гуфт, ки кормандони тиб дар се минтақаи мухталифи вилояти Нангарҳор ба гуфтааш, дар як ҳамлаи... Читать дальше...
Додгоҳе дар Беларус рӯзи 24 июн мурофиаи додгоҳии видео-блоггер Сергей Тихановскийро шурӯъ мекунад, ки баъди изҳори омодагиаш барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2020 ва ба чолиш кашидани раҳбари худкома Александр Лукашенка боздошт шуд. Дар баробари Тихановский чандин намояндаи дигари мухолифон ҳам дар мурофиа ҳозир мешаванд. Мурофиа дар дохили боздоштгоҳи шаҳри ҷанубушарқии Ҳомел баргузор мешавад. Дар миёни онҳо: Михаил Статкевич, Игор Лосик, Владимир Тиханович, Артём Саков ва Дмитрий Папов мебошанд. Читать дальше...
Додгоҳе дар шаҳри Алмато даъвои Баурҷон Байбек, муовини аввали раиси Ҳизби ҳокими "Нур Отан" алайҳи фаъоли маданӣ Ҷонболат Мамай ва ҳамсараш Инга Имонбойро қонеъ кард. Муовини раиси ҳизби ҳоким "барои ҳимоят аз шаъну шараф ва эътибори корӣ" ба додгоҳ шикоят бурда буд. Дар қарори додгоҳ омадааст, филми фаъоли маданӣ, ки дар он Баурҷон Байбек ба фасодкорӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон айбдор мешавад, воқеият надорад ва шаъну шарафи ӯро паст хоҳад зад. Додгоҳ Мамайро вазифадор кардааст, ки филмро пок кунад. Читать дальше...
Як дипломати калони амрикоӣ дар Кобул гуфт, ки баъди тарки кишвари ҷангзадани Афғонистон кардани нирӯҳо ҳам ИМА ироаи кӯмакҳои “қавӣ ва ҷиддӣ” ба ин кишварро идома медиҳад. Росс Уилсон, кордори сафорати ИМА дар Кобул рӯзи 14 июн дар як сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки “меҳвари сиёсати ИМА дар Афғонистон” ин аст, ки ИМА тамоми кори имконбахшро ба хотири беҳбуди вазъи ҳукумати аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳимоятшудаи Афғонистон равона кунад. Уилсон гуфт, ин ба он маъност, ки “аз... Читать дальше...
НАТО мехоҳад Туркия баъди беруншавии нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ҳимояи фурудгоҳи байналмилалии Кобулро бар дӯш гирад
Ҷараёни барҳамдиҳии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” расман оғоз шудааст. Иҷозатномаи ин ду бонки қаблан низомсозро Бонки миллӣ 21-уми май бозхонд кард ва садҳо муштариёни онҳо нигарони пасандозҳояшон ҳастанд.
Мақомот дар Беларус рӯзи 14 июн дар як ҳамоиши журналистон дар Минск блоггери ҳабсшуда Раман Пратасевичро ба назди ширкатдорон оварда, мисли як “нишони пирӯзӣ” ба намоиш гузоштанд. Пратасевич рӯзи 23-юми май аз ҳавопаймои тиҷоратии ширкати Ryanair, ки аз хаттсайти Атен ба Вилнюс маҷбуран фуруд оварда шуд, боздошт гардид. Ин кори мақомоти беларусӣ маҳкумияти ғарбу Аврупоро ба бор овард ва ҳам боиси ҷорӣ кардани таҳримҳои нав шуд. Пратасевич ҳамроҳ бо чор мақоми дигар, ки ду нафарашон бо либоси низомӣ буданд, дар минбар нишаст. Читать дальше...
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) коҳиши ҳодисаҳои олудашавӣ ба коронавирус дар саросари ҷаҳонро истиқбол карда, айни замон ҳушдор додааст, ки ҳамоно ҳар рӯз беш аз 10 ҳазор нафар аз COVID-19 ҷон медиҳанд. Дабири кулли СҶТ Тедрос Аданом Гебреусес рӯзи 14 июн гуфт, ки аз замони шурӯи пандемия коҳиши мазкур тӯлонитарин будааст. Ӯ гуфт, ки дастрасии нобаробар ба воксинаҳои зидди коронавирус пешрафт дар ин соҳаро дучори мушкил мекунад. Тедрос дар нишасти хабарии рӯзи 14 июн аз раҳбарони сиёсӣ даъват кард... Читать дальше...
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден гуфт, агар Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифони Русия бимирад, ин як "фоҷеа"-е мешавад, ки равобити Русияву ИМА ва дигар нуқоти ҷаҳонро хароб хоҳад кард.
Интизориҳо аз мулоқоти раҳбарони ИМА ва Русия дар Женева.
Як мақоми Кремлин гуфт, эҳтимол аст, ки мулоқоти миёни президентони ИМА ва Русия - Ҷо Байден ва Владимир Путин дар таърихи 16-уми июн бо созишҳои мушаххасе ба анҷом расад, вале ба ҳар сурат, муфид хоҳад буд. Дар ҷараёни нишасти матбуотии рӯзи 14-уми июн дар Брюссел вақте аз Байден хостанд, ки дар бораи ҷузъиёти гуфтугӯҳои 16 июн бо Путин сӯҳбат кунад, нахост дар ин бора ва ҳам интизориҳо аз мулоқоти дарпешистода ҳарфе гӯяд. Ӯ ишора кард, ки масоили мавриди созиш бо Путинро арзёбӣ мекунад, вале... Читать дальше...
Шоири шинохтаи тоҷик Салимшо Ҳалимшо рӯзи 15-уми июн дар сини 85-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ин шоири тоҷик тайи чаҳор соли ахир аз бемории фаромушхотирӣ ранҷ мебурд. Дар Итифоқи Нависандагон гуфтанд, ки тибқи васияти шоир ҷасади ӯ дар канори ҳамсараш дар оромгоҳи "Сариосиё" ба хок супурда мешавад. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Салимшо Ҳалимшо аз шоирони тозагӯй дар адабиёти муосир буд. Ин шоири тоҷик 16-уми феврали... Читать дальше...
Сарони кишварҳои НАТО аҳд карданд, ки аъзои ин паймон дар баробари зуҳури Чин, иқдомҳои пархошҷӯёнаи Русия ва ҳар гуна таҳдиди дигар, ба таври муштарак мубориза хоҳанд кард.
Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон як бозингари дастаи "Хуҷанд"-ро барои "суханони қабеҳ ва таҳқиркунанда", аз се бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима кардааст. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ниммуҳофизи ин даста Нозим Бобоҷонов дар бозии Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва “Файзканд”-и Восеъ аз ҳукми доварон норозигӣ карда, ҳакамон ва дигар афроди расмӣ дар ин вохӯриро суханҳои қабеҳ гуфтааст. Ин бозӣ рӯзи 2-юми июн дар варзишгоҳи... Читать дальше...
Сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ аз сохтани як девор дар мавзеи баҳсӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷилавгирӣ кардаанд. Сохтмони ин девор, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз ҷониби як сокини маҳалаи "Учтеппа"-и деҳаи Оқсой ду рӯз пеш оғоз шуд, вале дар машварат бо ҷониби Қирғизистон қатъ шуд. Мақомоти қирғиз ҳанӯз дар ин бора назар надодаанд. Навори оғози сохтмони ин девор рӯзи 14-уми июн дар Инстаграм нашр шуд ва норизоии сокинони деҳаи Хоҷаи Аълоро ба бор овард. Сокинон ва мақомоти тоҷик маҳали сохтмони деворро баҳсӣ медонанд. Читать дальше...
Рӯзи 15-уми июн президенти ИМА Ҷо Байден дар Брюссел қарор аст бо президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ва президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен масъалаҳои марбут ба тиҷорат, тағйироти иқлим ва ташкили як нирӯи муттаҳида дар баробари рафтори хашини афзояндаи Русияву Чинро баррасӣ мекунад. Баъди раҳбарии чорсолаи президенти пешин Доналд Трамп ҳоло Байден талош дорад муносибатҳои ИМА бо ҳамкорони фароатлантикиро тақвият диҳад. Як аз масъалаҳое, ки бояд ҳал шавад, ин ихтилофи миёни ширкатҳои Airbus ва Boeing аст... Читать дальше...
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости