Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2021

Новости за 14.06.2021

Ошиқ ва дӯстдоштанӣ. Ёди Аҳмад Зоҳирро дар Душанбе гиромӣ доштанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон гуруҳе аз ҳунармандон ва мухлисони Аҳмад Зоҳир, ёди ӯро, ки 40 сол пеш ба ҳалокат расид, гиромӣ доштанд. Аҳмад Зоҳир рӯзи 14-уми июни соли 1979 ба таври шубҳабарангез кушта шуд.

Мақомоти тоҷик пойфишорӣ доранд, ки COVID-19 нест. Сокинон далели дигар доранд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо радди иттилои расонаҳо дар бораи бозгашти COVID-19 ба кишвар мегӯяд, афроде ки рӯзҳои ахир бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ шудаанд, танҳо мушкили шуш доранд.

Шабнам Худойдодова: "Аз сиёсат канор рафтам"

Ozodi.org 

Соли 2015 ҳамин шабурӯз як шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодова дар боздоштгоҳи кишвари Беларус буд. Ӯро бо дархости Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Аврупо боздошт карданд. Шабнам 9 моҳ баъд бо кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ озод ва дар Аврупо паноҳанда шуд.



Коронавирус ҳаст, ё не? Мақомот мегӯянд, нест

Ozodi.org 

Мақомоти вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки гузоришҳо дар бораи сирояти коронавируси нав ба даҳҳо нафар дар Тоҷикистон дуруст нест. Аммо на ҳама ба ин гуфтаҳо бовар доранд ва санаду далел меоранд, ки мавридҳои сироят дар Душанбе сабт шудааст.

"Ман дар дунёи Аҳмад Зоҳир рафта будам"

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон гуруҳе аз ҳунармандон ва мухлисони Аҳмад Зоҳир, ёди ӯро, ки 40 сол пеш ба ҳалокат расид, гиромӣ доштанд. Аҳмад Зоҳир рӯзи 14-уми июни соли 1979 ба таври шубҳабарангез кушта шуд.

Байден моддаи 5-и созишномаи НАТО-ро "ӯҳдадории муқаддас" номид

Ozodi.org 

Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки НАТО барои манфиатҳои ИМА «фавқулодда муҳим» аст ва талабот оид ба дифои ҳамдигарӣ “ӯҳдадории муқаддас” мебошад. Байден, ки рӯзи 14-уми июн барои ширкат дар ҷаласаи НАТО ба Брюссел рафт, гуфт, мехоҳад, ки Аврупо бидонад, ки ИМА дар тарафи он истодааст. “Моддаи 5 – як ӯҳдадории муқаддас аст”, гуфт Байден. Манзури ӯ ҳимояти дастаҷамъии кишварҳо аст, ки дар созишнома оид ба таъсиси НАТО зикр шудааст. “Мехоҳам, ки тамоми Аврупо бидонад, ки ИМА ба ин созиш пойбанд аст”, гуфт ӯ. Читать дальше...

Дар Мянмар муҳокимаи Аун Сансуҷӣ шурӯъ шуд

Ozodi.org 

Раҳбари барканоршудаи Мянмар Аун Сансуҷӣ рӯзи 14-уми июн дар аввалин мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шуд. Мурофиа баъди панҷ моҳи кудатои низомӣ дар ин кишвари Осиёи Ҷанубӣ барпо мешавад, ки замоне низоми демократиро таҷриба кардааст. Мурофиаи Сансуҷӣ дар пойтахт, шаҳри Нейпйидо барпо мешавад ва иттиҳоми ӯ ин аст, ки дар давраи пандемияи коронавирус муқаррароти меҳдудкунандаро нақз карда, дастгоҳҳои мухобиротиро ба берун содир кардааст. Ин замоне буд, ки ҳизби ӯ Лигаи миллӣ барои демократия дар интихобот пирӯз шуд. Читать дальше...

Сокини Раштро, ки "ҷабрдида" эътироф шуда буд, ба "авбошӣ" айбдор карданд

Ozodi.org 

Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт Саъдулло Худоёров, як сокини ин ноҳияро, ки иддао дошт, дар Боғи фароғатии ин ноҳия аз тарафи чаҳор нафар латту куб шудааст, бо “авбошӣ” айбдор кард.



SIPRI гуфт, тамоюли коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ ба охир мерасад

Ozodi.org 

Як созмони бонуфузи муҳаққиқи силоҳ ҳушдор дод, ки зоҳиран тамоюли коҳиш дар силоҳи ҳастаӣ, ки аз охири Ҷанги сард шурӯъ шуд, хотима ёфт ва  Русия ва ҳам ИМА дар сиёсати дифоии худ ба аҳамияти силоҳҳои ҳастаӣ таъкид мекунанд. Рӯзи 14-уми июн Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии сулҳи Стокҳолм (SIPRI ) гуфт, нӯҳ давлати дорои силоҳҳои ҳастаӣ – ИМА, Русия, Бритониёи Кабир, Фаронса, Чин, Ҳинд, Покистон, Исроил ва Кореяи Шимолӣ  дар аввали соли 2021 дар маҷмӯъ 13080 силоҳи ҳастаӣ доштанд, ки дар қиёс бо соли 2020 коҳиши андак аст. Читать дальше...

Додгоҳи Минск дархости озодии София Сапегаро рад кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Минск дархости шаҳрванди Русияро, ки ҳамроҳ бо дӯстписараш Раман Пратасевич аз дохили ҳавопаймои ба таври маҷбурӣ дар Минск фурудовардашуда ҳабс шуд, рад намуд. Рӯзи 14-уми июн додгоҳи ноҳияи Партизанский ҳукм кард, ки ҳабси София Сапега мутобиқ ба қонунҳои Беларус дуруст буд ва ӯ бояд дар боздоштгоҳи муваққатӣ бимонад. Александр Филанович, вакили дифои Сапега рӯзи 13-уми июн гуфт, ки шаҳрванди Русия дар нақзи Кодекси ҷиноии Беларус гумонбар мешавад. Ӯ бо баҳонаи ин ки додгоҳ барояш нашри ҷузъиёти парвандаро манъ кардааст... Читать дальше...

Шарҳи зиддунақизи мақомоти Чеченистон дар бораи рабоиши Тарамова

Ozodi.org 

Мақомот дар Чеченистон, як ҷумҳурие дар Қафқози Шимолӣ  иддао карданд, ки ба хотири пешгирии "аз  ҷониби фаъолони ҳуқуқ  рабуда шудани” як зан, ӯро аз дохили паноҳгоҳи қурбониёни хушунати хонаводагӣ берун оварданд. Ҳалимат Тарамова, духтари як муттафиқи деринаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодировро полис  рӯзи 10-уми июн бо зӯр аз дохили як паноҳгоҳе дар Махачқалъа,  пойтахти Доғистон берун бурданд. Баъди ин Тарамова ба Чеченистон бурда шуд ва ҳоло, ба қавли фаъолони ҳуқуқ, ӯ метавонад як қурбонии “куштори номусӣ” шавад. Читать дальше...

Столтенберг гуфт, бо Чин "ҳеҷ Ҷанги сарде вуҷуд надорад"

Ozodi.org 

Президенти ИМА Ҷо Байден дар Брюссел дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви НАТО ширкат мекунад. Баъди чор соли раёсатҷумҳурии пуршебу фарози Доналд Трамп сафари Байден ҳамчун аломати барқарор шудани равобити Вашингтон бо ҳамкорони фароантикиаш арзёбӣ мешавад. Байден ва ҳамаи сӣ раҳбари кишварҳои узви ин паймони низомӣ дар ҷаласа ширкат мекунанд. Як мулоқоти хусусии Байден бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳам дар назар аст. Дар се соли охир, ки раҳбарони кишварҳои узв бо сабаби пандемияи коронавирус бо ҳам гуфтугӯи рӯбарӯ накардаанд... Читать дальше...

Дар Исроил ҳукумати нав ба кор шурӯъ кард

Ozodi.org 

Баъди он ки рӯзи якшанбе парлумон аъзои ҳукумати нави эътилофии Исроилро тасдиқ кард, рӯзи 14-уми июн аъзои нави ҳукумат ба кор шурӯъ кард. Бо ҳамин, давраи нахуствазирии 12-солаи Бенямин Нетаняҳу дар Исроил ба охир расид. Рӯзи 13-уми июн аъзои  Кнессет дар натиҷаи як овоздиҳии бисёр танготанг, бо бартарии 60  бар 59 овоз,  ҳукумати навро тасдиқ карданд. Нахуствазири нави Исроил Нафталӣ Беннетт раҳбари ҳизби миллатгарои “Ямина” 49 сол дорад ва шоми 13-уми июн ба мақоми нахуствазирӣ тасдиқ шуд.... Читать дальше...

Домоди Мирзиёев бо $6 ҳазори андозсупорандагон лавозимоти рӯимизӣ харидааст

Ozodi.org 

Хабари аз сӯи вазорати мудофиаи Узбекистон харидани ду худкори тилоӣ, ки ҳар кадоме наздики 3 ҳазор доллар арзиш доранд, корбарони узбекистонии шабакаҳои иҷтимоиро ба баҳс кашид. Вазорати мудофиаи Узбекистон дар шарҳи хабар навишт, худкор (ручка)-ҳо бо маблағи буҷаи вазорат харида мешаванд. Ойбек Турсунов, мақомдори дастгоҳи президент ва ҳамзамон домоди президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев низ бо маблағи буҷаи он кишвар дар ивази 6221 доллари ИМА ду дона худкори навъи Montblanc харидааст.... Читать дальше...

Халилзод эҳтимоли таъсиси пойгоҳи ИМА дар Қазоқистонро шарҳ дод

Ozodi.org 

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон дар як нишасти маҷозии рӯзи 13 июн ҳадафи сафарашро ба Қазоқистон шарҳ дод. Халилзод дар Қазоқистон бо мақомоти баландпояи расмӣ мулоқот ва "раванди сулҳ дар Афғонистон, хуруҷи неруҳои амрикоӣ, инчунин рушди ояндаи робитаҳои минтақа, тиҷорату ҳамкориро баррасӣ мекунад". Рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ нашрияи New York Times навишт, ки мақомоти расмии ИМА бо мақомоти Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон тамос гирифта, дар мавриди ҷойгирсозии... Читать дальше...

Матбуот: Дар Қазоқистон 8 тоҷику узбек аз асорат озод карда шуданд

Ozodi.org 

Як нашрияи Қазоқистон гуфт, ки ходимони ҳифзи қонун ахиран ҳашт шаҳрванди Узбекистон ва Тоҷикистонро дар як вилояти Қазоқистон “аз ғуломӣ озод карданд”. Пойгоҳи хабарии “Деловой Казахстан” ахиран навишт, ки  ин нахустин амалиёти муваффақи раҳоии хориҷиён аз асорат мебошад.  Соли гузашта  дар Қазоқистон 16 нафарро аз чанги ғуломӣ халос карда буданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар Қазоқистон бештар аз ҳама маҳз тоҷикон ва узбекҳо ба  ғуломӣ меафтанд. Аксаран ғуломони муосирро дар хоҷагиҳои хусусӣ ва сохтмонҳо кор мефармоянд. Читать дальше...

Эҳтимоли сабуктар шудани қоидаи сабтиноми муҳоҷирон дар Русия

Ozodi.org 

Пас аз 15-уми июн мӯҳлати имтиёз барои муҳоҷирон дароз намешавад. Вале фармоне нашр мегардад, ки барасмиятдарории муҳоҷиронро соддатар мекунад. Дар ин бора Вадим Коженов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирон дар Русия дар сӯҳбат бо радиои “Говорит Москва” баён доштааст. Раиси федератсияи муҳоҷирон аз он нигаронӣ кард, ки агар ин қарор то 15-уми июн имзо нашавад, кормандони мақомоти интизомӣ имкон пайдо мекунанд, ки дар давоми чанд рӯз шаҳрвандони хориҷиро ҷарима баставу онҳоро ихроҷ намоянд. Аммо пас аз... Читать дальше...


Музыкальные новости
Игорь Бутман

Игорь Бутман заявил, что Пугачева ему безразлична, и назвал ее ЖКП





Rss.plus
#123ru.net

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о роли несырьевого экспорта в российской экономике




Подледное задание: российские полярники пробурят новые скважины в Антарктиде

2-й этап Гран-При Российской Дрифт Серии пройдет в Нижнем Новгороде

Певица Бритни Спирс заработала более 40 млн долларов на своих мемуарах

Вильфанд предсказал заморозки в восьми регионах России




Суқути ҳукумати Натаняҳу дар Исроил. Эътилофи нав сари қудрат омад

Ozodi.org 

Дар Исроил ҳайати ҳукумати нав таъйин шуд. Ин маънои поёни сарвазирии 12-солаи Бинямин Натаняҳуро дорад. Сарвазири ҳамакнун пешини Исроил ин кишварро панҷ давра - бештар аз ҳар сарвазири дигар роҳбарӣ кард. Ҳукумати навро вазири пешини мудофиаи Исроил, сиёсатмадори ростгаро Нафталӣ Беннет роҳбарӣ мекунад. Дар ҳайати ҳукумати эътилофӣ ҳизби марказгаро бо роҳбарии Яир Лапид шомил шудааст. Ҷонибҳо созиш ҳосил карданд, ки ду сол Беннет сарвазир мемонад ва баъдтар Лапид сари қудрат меояд. Беннет дар... Читать дальше...

Савганди дӯстӣ: Миёни Душанбеву Тошканд чӣ мушкилот мондааст?

Ozodi.org 

Тоҷикистону Узбекистон дар равобити байнидавлатӣ наздикии бесобиқа нишон медиҳанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки байни кишварҳо мушкилоте вуҷуд доранд, ки дар ҳоли ҳозир нисбати онҳо хомӯширо ихтиёр мекунанд.

Халилзод: ИМА нирӯҳояшро аз Афғонистон берун мекунад, вале ин кишварро танҳо намегузорад

Ozodi.org 

Фиристодаи хоси ИМА дар умури Афғонистон Залмай Халилзод мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳи ИМА имсол аз хоки Афғонистон берун мешаванд, вале Амрико ин кишварро тарк намекунад. Рӯзи 13-уми июн дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон Халилзод дар бораи раванди оштӣ дар Афғонистон тафсилот дод. Тибқи барнома то 11-уми сентябр нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ қаламрави Афғонистонро тарк мекунанд. Афзоиши хушунат ва бунбаст дар музокироти сулҳи ҳукумат ва гурӯҳи шӯришии Толибони  суолҳои зиёдеро дар мавриди сарнавишти ояндаи Афғонистон халқ кардааст. Читать дальше...

Наздикон: Ноутбук ва $3400-и Иззат Амон нопадид шуд

Ozodi.org 

Пайвандони Иззат Амон кӯшиш доранд ашё ва пулҳои ӯро, ки зимни бурданаш ба Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси вилояти Маскав мусодира кардаанд, баргардонанд. Ба гуфтаи наздикон, телефону ноутбук ва 3 ҳазору 400 доллари Иззат Амон нопадид шудаанд. Ҳамсари ӯ барои бозгардонидан ба шӯъбаи пулиси Железнодорожниии вилояти Маскав муроҷиат кардааст, вале бенатиҷа. Гузашта аз ин, то ба ҳол, мақомоти интизомии Русия ба ҳеҷ як дархости вакилони Иззат Амон посух надодаанд. Аз ин пештар Шӯъбаи корҳи дохилӣ дар ноҳияи... Читать дальше...

Ҳамдеҳаҳо бозпурсӣ мешаванд. Ҷузъиёти куштори мудҳиш дар Ҷайҳун

Ozodi.org 

Бо гузашти ду рӯз аз куштори бераҳмонаи як оила дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир), то ҳанӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса шарҳе надодааст. Аҳлиддин Маҳмадов , падари 39-солаи хонавода бо се фарзандаш дар ҳодисаи шаби 12-уми июн кушта шуданд, Латофат Азизова - ҳамсари ӯ дар ҳолати кома қарор дорад. Писари 11-солаи ин оила низ дар бемористон аст. Як манбаи Радиои Озодӣ дар ВКД исми аъзои хонаводаи Маҳмадовҳоро ирсол кард. Инҳо:  Маҳмадов Аҳлиддин Рустамович, соли таваллуд 1982  Азизова Латофат Азизовна... Читать дальше...

Ҷасади сарбози ғарқшуда дар Рӯшон пас аз 10 моҳ ёфт шуд

Ozodi.org 

Ҷасади Қандилҷон Воҳидов, сокини ноҳияи Ёвон ва сарбози як қисми марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшонро баъд аз даҳ моҳи ғарқшавияш пайдо намуда, ба пайвандонаш расондаанд. Қандилҷон Воҳидов ҳамроҳ бо ҳамхидматаш Сироҷиддин Ятимов, 29-уми сентябри соли гузашта зимни талоши наҷоти як хонандаи мактаб аз худкушӣ дар рӯдхонаи Бартанг, ғарқ шуда буданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабари дарёфти ҷасадро тасдиқ намуд,вале ҷузъиёт надод. Аммо шоҳидон ва корбарони Радиои Озодӣ гуфтанд, пас аз шиносоӣ шуданаш ҷасади... Читать дальше...



Москва

В мире могут закрыть поставки из Китая. «Святой Ленин» на встрече В.В. Путина и Си Цзиньпина повышает качество жизни народам России, Китая, всего мира.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Московскому метрополитену исполнилось 89 лет



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Егор Крид

Егор Крид, Ольга Бузова, JONY и другие на премии ЖАРА Music Awards




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков


ATP

Стало известно, при каком условии Медведев может опуститься на 5-е место рейтинга ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

РБК: иск Генпрокуратуры об изъятии акций КСПЗ у частных владельцев удовлетворили



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России