Мутахассисон "инқилоб"-и Русияро ба зидди коронавирус зери шубҳа гузоштанд
Дар Русия барои муолиҷаи бемории коронавируси нав се навъи доруро ба фурӯш гузоштаанд. Мутахассисони рус иддао доранд, ки "Арепливир", "Коронавир" ва "Авифавир" ба табобати гирифторони вирус ёрӣ мекунанд, вале пизишкони дигар мегӯянд, ки баъзе аз доруҳо аз санҷиш нагузаштаанд.