Даргирӣ миёни тазоҳургарон ва нирӯҳои давлатии Қирғизистон. Захмиҳо низ ҳастанд. ПАХШИ ЗИНДА
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон шоми 5-уми октябр тазоҳуроти норозиён аз интихоботи порлумониро дар шаҳри Бишкек пароканда кардаанд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, ки мақомот аз обпош ва норинҷакҳои гиҷкунанда истифода намуданд. Садои тир ҳам шунида шудааст.