Таркиш дар макони нигаҳдошти беморони COVID-19 дар Узбекистон
Субҳи 7-уми октябр дар як маҷмаи варзишии “Алпомиш”-и шаҳри Гулистони вилояти Сурхондарё таркиши лӯлаи оксиген рух дод. Ин муассиса дар давраи пандемия ба макони муваққатии нигаҳдошти беморони олудашуда ба COVID-19 табдил шуд. Радиои Озодлик хабар дод, ки дар таркиши лӯлаи 10-тоннагии оксиген 1 нафар куштаву даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуд, бархе дар ҳолати сангин қарор доранд.