"Падарам ба Русия нарафт, пули шартномаи донишгоҳро чӣ гуна супорем?"
Як донишҷӯйи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон гуфт, ҳар сол бояд тақрибан 7 ҳазор сомонӣ ҳаққи таҳсилро супорад, вале имсол натавонист, чун ба далели пандемия падараш ба Русия нарафт ва дар дохили кишвар ҳам кор надорад.