Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2020

Коршиносон:"Натиҷаҳо пешгӯишаванда буданд, вале на бо ин омори баланд".

0
Коршиносон:

Коршиносон натиҷаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистонро пешгӯишаванда арзёбӣ карда, мегӯянд, ки баъд аз ҳодисаҳои интихоботи раиси ҷумҳури Белоруссия интизор доштанд, ки омори тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон камтар эълон мешавад. Ҳамзамон коршиносони тоҷик мегӯянд, ки то ҳафт соли дигар ҷаноби Раҳмон вазифаи раиси ҷумҳурро иҷро карда, сипас мавзӯи интиқоли қудрат баррасӣ хоҳад шуд.

Комиссияи маркази интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон 12-уми октябр натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентиро ҷумҳуриро, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, эълон кард. Тибқи он, Эмомалӣ Раҳмон бо касби 90,92 дарсади раъйдиҳандагон президенти тозаинтихоби Тоҷикистон эълон карда шуд.

Нозирони байналмиллалӣ аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз раванди интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон тавсиф карда, онро намунаи ибрат барои кишварҳои дигар номиданд.

Дмитрий Ковитский, муншии кулли Шӯрои байнипорлумонии кишварҳои ИДМ дар нишасти хабарӣ гуфт, "дар ҳеҷ кишваре надидааст, ки интихобот соати шаши субҳ бо рақсу бозӣ шурӯъ шуда, дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ ҳатто утоқи модару кӯдак вуҷуд дошта бошад".

Маъмулан, вокуниши нозирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Аният ва Ҳамкории Аврупо аз арзёбии нозирони кишварҳои пасошӯравӣ ба таври куллӣ фарқ мекунад. Аммо, то ҳол гурӯҳи кӯчаки ин нозирон аз САҲА арзёбии интихоботи ахири президентӣ дар Тоҷикистонро эълон накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи вазъи феълӣ дар кишвар аст. Вай мӯътақид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳафт соли оянда вазифаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро худаш иҷро хоҳад кард.

"Фикр мекунам, то ҳафт соли дигар вай худаш сари роҳбарии давлат боқӣ мемонад ва сипас роҳбарияти кишвар мавзӯи номзади дигареро баррасӣ хоҳанд кард. Аммо дар тӯли ҳафт соли оянда дар ин замина ҳеҷ тағйироте сурат нахоҳад гирифт", -афзуд вай.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари дигари тоҷик дар арзёбии натиҷаҳои интихоботи президентӣ гуфт, ки наметавонад онро ношаффоф унвон кунад. Зеро, ба эътиқоди ин коршиноси тоҷик, воқеият ин аст, ки сокинони кишвар бештар аз ҳама ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд.

Ба гуфтаи Қодиров, ин интихобот шояд шаффоф буд, вале бидуни алтернатив, яъне, рақиби воқеӣ сурат гирифт. "Чаҳор номзади дигаре, ки онро кисагӣ гӯем ҳам мешавад, ба эҳтимоли зиёд дар назди сандуқи раъйдиҳӣ худ ба ҷонибдории номзадии Раҳмон овоз дода бошанд",-иброз дошт ин коршинос.

Абдумалик Қодиров афзуд, ки ҳарчанд натиҷаҳои интихобот пешгӯишаванда буданд, "вале фикр намекардам, ки ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ин қадар фоизи баланд менависанд. Фикр мекардам, ки ҳодисаҳои баъд аз интихоботи президенти Беларус барои онҳо сабақ мешавад. Аммо, Тоҷикистон Тоҷикистон мемонад ва мо наметавонем аз хатти кашидашуда берун биравем".

Абдумалик Қодиров низ эҳтимоли аз президенти интихобшуда ба нафари дигар гузаштани ҳокимиятро дар ҳафт соли ояндаро рад намекунад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, танҳо надоштани имкони иҷрои вазифаи раиси ҷумҳурӣ, масалан, беморӣ, метавонад сабаби чунин интиқоли қудрат гардад. Аммо ҳарду коршинос зарурати ислоҳоти куллиро дар риштаи иқтисод ҳаётан муҳим мешуморанд, зеро бе ин ҳеч раҳбаре нахоҳад тавонист, боз солҳои зиёд кишварро идора кунад.

"Дар кишвар бояд шароите сохта шавад, ки ҳар шаҳрванд тавонад, бо роҳи қонунӣ даромад ба даст оварад ва рӯзгори худро пеш барад. Агар шумо соҳибкор ҳастеду ширкате доред ва ширкати шумо солҳои зиёд даромаде намеорад, фурӯпошии он дар ниҳояти амр аз эҳтимол дур нахоҳад буд," -- мегӯяд Муллоҷонов.

Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботҳои президентии солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 ҳам ғолиб эълон шудааст. Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон ба ин назаранд, ки набояд хидматҳои ӯро нодида гирифт.

Мухолифони Раҳмон мегӯянд, мақомот ба иштироки номзадҳои мустақил дар интихобот иҷозат намедиҳанд ва ҷараёни овоздиҳӣ ҳам зери назари мақомот ва бо тақаллуб мегузарад. Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳамеша чунин назарҳоро рад кардаанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

ONYX отправляется в Большой тур по России


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Алсу

Стали известны подробности развода Алсу




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Онлайн-лекторий «Иннагрика»: подкасты с учеными и экспертами об агротехе доступным языком


Сюзанн Ленглен

Последний танец Надаля и юбка Сюзанн Ленглен: 6 важных фактов о «Ролан Гаррос»-2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Мария Захарова проводит брифинг



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России