Бо вуҷуди таҳдид, тазоҳурот дар Белорус идома ёфт
Рӯзи якшанбе дар Минск дигарбора ҳазорҳо нафар ба хиёбонҳо рехтанду эътироз карданд. Мақомот аз мошинҳои низомиву обпош истифода карданд,вале аз фурӯ нишонидани тазоҳурот ва пароканда намудани эътирозгарон худдорӣ намуданд..