Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2020

Натиҷаҳои пешакии интихоботи Украина мегӯяд,  Зеленскию ҳизбаш мағлуб мешаванд

0
Натиҷаҳои пешакии интихоботи Украина мегӯяд,  Зеленскию ҳизбаш мағлуб мешаванд

Бар асоси натиҷаҳои пешакии экзит-полл, президенти Украина Владимир Зеленский ва ҳизбаш “Хидматдори халқ” зоҳиран мағлуб мешаванд ва дар Киеву дигар шаҳрҳои азими кишвар ҳизбҳои рӯ ба Русияву ғарбгароҳо пештози сабқат ҳастанд. Пурсишҳои ҳамзамони баъди овоздиҳии рӯзи 25-уми октябр дар Украина аз он далолат мекунад, ки ҳизби президентии “Хидматгори халқ” аз нӯҳ шаҳри калонтарин дар ҳафттоаш мағлуб шудааст. Аз ҷумла, ҳизби шаҳрдори Киев Виталий Кличко “Эътилофи демократии Украина  барои ислоҳот” дар овоздиҳии ахир беш аз 50 % раъйҳоро ба худ ихтисос додааст.

Интихоботи маҳаллӣ, ки аввалин бор бар асоси қонуни нави ислоҳшудаи интихобот баргузор шуда, ҳадафаш ба  минтақаҳо додани  салоҳияти бештар аст, барои Зеленский баъди якуним соли кор дар мансаби президентӣ як зарбаи шадид шуд. Алекс Кокчаров, як таҳлилгари масоили хатарҳо дар Украина мегӯяд, “барои ҳизбе, ки соли гузашта 56 дарсади раъйҳоро бурда буд, ин овоздиҳӣ як фоҷеа шуд. Ин хеле бад аст ва мавқеи онҳоро дар Рада (парлумони Украина) хеле заъиф мекунад”.  

Пурсишҳои ахири афкори умум мегӯяд, ки 70 дарсади сокинони Украина ба ин боваранд, ки кишвар дар самти нодуруст пеш меравад ва маҳбубияти шахсии Зеленский ҳам аз 50 дарсад поин омадааст. Натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ мегӯяд, ки раисони шаҳрҳои калонтарини кишвар – Киев, Харков, Одесса ва Лвов мақомҳои худро ҳифз кардаанд ва бархе бояд дар даври дуюми интихобот рақобат кунанд. Ҳеҷ яке аз онҳо узви ҳизби Зеленский нестанд.  

 

Гурӯҳи шаҳрвандии “Опора”, ки дар тамоми минтақаҳои Украина интихоботро назорат кардааст, рӯзи 26-уми октябр гуфт, ки дар маҷмӯъ интихобот беайб ва мутобиқ бо қонуни интихобот гузашт.   Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки як қонуншикании умда ин буд, ки рӯзи овоздиҳӣ ҳам бархе таблиғотро идома доданд. Вале айни замон, ба қавли ин комиссиюн, ҳаҷми ин қонуншиканиҳо чандон зиёд набуд ва зарурат барои бекор кардани натиҷаҳо вуҷуд надорад.

 Ба иттилои ин комиссиюн, дар овоздиҳӣ 37 дарсади раъйдиҳандагон иштирок карданд ва натиҷаҳои интихобот дар се то панҷ рӯзи дигар маълум мешавад.

 

 Рӯзи 26-уми октябр Зеленский мардуми Украинаро бо баргузории интихоботи озод табрик кард. Зеленский гуфт, “мо таъкид мекунем, ки маъракаи интихоботӣ, ҷараёни овоздиҳӣ ва ҷараёни интихобот, дар маҷмӯъ, ҷавобгӯ ба меъёрҳои баландтарини демократӣ ва қонунҳои амалкунанда буд. Ҳама нирӯҳои сиёсӣ – ширкаторони ҷараёни интихоботӣ, ҳамчунин номзадҳо тамоми имкониятҳоро барои намоиши мавқеи худ дар баробари овоздиҳандагон дар ихтиёр доштанд”. Ӯ афзуд, ки “дастоварди калидӣ ин аст, ки украиниҳо намояндагони худро ба ҳукуматҳои маҳаллӣ интихоб карданд”.

 

Ислоҳоти интихоботии  Украина ҳамчун қадами муҳим дар амри дур шудан аз шакли маъмурияти мероси шӯравӣ дониста мешавад, чун дар давоми қариб сӣ соли истиқлолият тақрибан бетағйир монда буд.

Овоздиҳӣ дар Қрим, ки соли 2014 аз ҷониби Русия ғасб шудааст ва ҳам бархе қаламравҳои минтақаҳои Донетск ва Луҳанск, ки такягоҳи нирӯҳои ҷудоиталаби рӯ ба Русия мебошанд, баргузор нашуд. Дар изҳороти рӯзи 26-уми октябри худ Зеленский ба “бозгарони низоми конститутсионӣ дар манотиқи Донетск, Луҳанск” ва Қрим ваъда дод.





Губернаторы России
Москва

Три из пяти участков новой трассы на юго-западе Москвы завершены — Собянин





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Лазарев

Сергей Лазарев рекомендовал Казань для отпуска выходного дня




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО


Елена Рыбакина

Елене Рыбакиной поставили неожиданный «диагноз»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

В Архангельске в результате пожара в жилом доме погиб один человек



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России