Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2020

Афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Бадахшон. "22 ноҳия шоҳиди даргириҳои хунин будаанд"

0
Афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Бадахшон.

Дар ҳоле, ки музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар барои қатъи ҷанги беш аз чиҳилсола дар ин кишвар идома дорад, дар вилояти Бадахшон гурӯҳи Толибон ҳамлаҳояшонро бештар кардааст.

Ҳамакнун дар бисту ду ноҳия ё улусволии вилояти Бадахшон даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон шиддат гирифтааст. Бархе аз ин минтақаҳо бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд.

Феълан даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дар афтрофи Файзобод, ҳамчунин дар Баҳорак, ноҳияҳои душворгузар мисли Вардуҷ, Ҷурм, Кишм, Роғистон, Кӯфоб, Нусай ва Моймайи Дарвоз идома доранд. Бархе аз ин минтақаҳо бо вилоятҳои Хатлон ва ВМКБ-и Тоҷикистон ҳаммарз мебошанд.

Саноуллоҳ Рӯҳонӣ, сухангӯи пулиси Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 22 ноҳия ба шумули бахшҳое аз Файзобод -- маркази маъмурии ин вилоят, тайи рӯзҳои гузашта шоҳиди даргириҳои хунин будааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳафтаи гузашта наздик ба даҳ тан аз нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.

"Толибон ба хотири он, ки дар музокироти сулҳ имтиёзи бештар ба даст биёваранд, ҳамарӯза ба пойгоҳҳои низомӣ ҳамла мекунанд",-афзуд ӯ. Вай ҳамчунин гуфт, ки беш аз 50 ҷангҷӯи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.

Мақомот маҳаллӣ дар ин вилоят мегӯянд, ҷанҷӯёни хориҷӣ, асосан аз Осиёи Миёна Толибонро дар Бадахшон ёрӣ мерасонанд.

Некмуҳаммад Назарӣ, сухангӯи ҳукумати Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар канори Толибони дохилӣ ҳаросафканон аз гурӯҳҳои "Ансоруллоҳ"-и Тоҷикистон ва ӯйғурҳои Чин вуҷуд доранд ва мутаассифона гурӯҳи Толибон ӯҳдадориҳое, ки бо Амрико доштанд, онро амалӣ накарданд ва ҳанӯз ҳам ин гурӯҳ бо ДОИШ ва шабакаи "Ал-Қоида" иртибот дорад".

Ӯ гуфт, "ҳарчанд мавҷудияти террористони хориҷӣ барои мо хатарофарин аст, аммо нерӯҳои далери амниятӣ ҳамаи ҳамлаҳои муштараки террористонро ба ақиб заданд".

Аммо Толибон ҳузури ҷанҷӯёни хориҷиро дар сафҳояшон дар Бадахшон рад мекунанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ нерӯи хориҷӣ дар сафҳои ин гурӯҳ ҳузур надорад ва онҳо танҳо дар баробари нерӯҳои давлатӣ дар майдони ҷанг мубориза мекунанд.

Тобистони гузашта вазъи нигаронкунанда дар чанде аз ноҳияҳои Бадахшони Афғонистон, ба хусус Дарвози он, мақомоти қудратии Тоҷикистонро водор кард, ки нерӯҳои худро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳким бахшанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

В Маньжурии открывается российско-китайский ночной клуб Felicity Port


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Андрей Макаревич

Андрей Макаревич лишился бизнес-партнера




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ


Надежда Петрова

Теннисистка Петрова: Карацеву не хватает игровой уверенности



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Президент Путин вернулся в Москву и встретился в Кремле с главой Ингушетии



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России