Арманистону Озарбойҷон барои созиши нави сулҳ аз нав музокира мекунанд
Дипломатҳои баландпояи Озарбойҷону Арманистон дар Женева бо ширкати миёнҷиҳои байналмилалӣ ба баррасии шарту шароити созиши нави сулҳ пардохтанд, дар ҳоле, ки даргириҳо дар минтақаи ҷудоиталаби Қарабоғи Кӯҳӣ идома дорад ва се созиши қаблии оташбас бенатиҷа анҷомид.