Қазоқистон ба ду фирории дигар аз Чин паноҳгоҳ додааст
Иттиҳодияи сабтиномнашудаи "Нағиз Атажұрт" дар Қазоқистон хабар дод, ки қазоқҳои фирорӣ аз Чин Кайш Акан ва Багашар Малиқулӣ барои як сол ҳаққи паноҳандагиро дар ин кишвар дарёфт карданд. Вакилони дифои онҳо низ ин хабарро тасдиқ карданд.