Мамадбоқир Мамадбоқировро дар шифохонаи Хоруғ бистарӣ кардаанд
Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз "лидерони ғайрирасмӣ" дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар бемористони шаҳри Хоруғ бистарӣ кардаанд. Наздиконаш ба нишонаҳои заҳролудшавӣ ишора мекунанд, вале пизишкон бемории ӯро ба "синусит ва сирояти вирус" рабт медиҳанд.