CPJ аз мақомоти Тоҷикистон хост, ҳамла ба хабарнигорони Озодиро ҷиддӣ бигиранд
Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодиро дар Душанбе ҷиддӣ таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.