Оҳанпорае, ки аз бинои 19-ошёна дар Душанбе афтод, як ҷавонро маҷрӯҳ кард. Додситонӣ месанҷад. ВИДЕО
Як ҷавони тоҷик мегӯяд, аз боми бинои 19-ошёнае дар Душанбе, ки сохтмонаш идома дорад, ба рӯйи пойҳояш оҳанпора афтод ва ӯро аз чаҳор ангушту тавони роҳ гаштан маҳрум кард. Ба қавли Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола, ҳодиса моҳе пеш дар кӯчаи Бухорои пойтахт рух дод.