Президенти Арманистон “пас аз муоинаи тиббӣ” ба кор баргашт
Президенти Арманистон Армен Саркисиян пас аз муоинаи тиббӣ ба кор баргашт.
Дар ин бора дафтари матбуотии ӯ рӯзи 12-уми март хабар дод.
Аз ин пеш хабар дода буданд, ки президент барои ташхис ба як дармонгоҳ дар Ереван рафтааст, ки таъсири оқибатҳои коронавирус дар бадани худро маълум кунад. Моҳи январ ҳангоми ҷарроҳӣ дар Лондон ташхис нишон дод, ки президент ба коронавирус сироят ёфтааст. Ӯ дар Лондон табобат гирифт ва моҳи гузашта ба Арманистон баргашт.
Қарор буд, ки Саркисиян охири ҳафта бо мухолфион ва сарвазир Никол Пашинян дар бораи дарёфти ҳалли бӯҳрони сиёсии давомдор мулоқот кунад.
Дар Арманистон президент нақши калидӣ надорад ва тасмимҳои муҳимро сарвазир мегирад.
Никол Пашиниён баъд аз ҷанги 44-рӯзаи Арманистону Озарбойҷон барои вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ зери фишори афзоянда қарор гирифтааст. Дар ин ҷанг, ки бо миёнҷигарии Русия хотима ёфт, Арманистон баъзе аз қисматҳои Қаробоғи куҳӣ ва ноҳияҳои атрофи онро ба Озарбойҷон супурд.