Мақомоти Русия муҳоҷиронеро ҷустуҷӯ доранд, ки бо роҳи фиреб ба ин кишвар рафтаанд
Дар вилояти Маскав мақомот аз боздошти як гуруҳи фаромиллӣ хабар медиҳанд, ки ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ машғул будаанд. Дафтари матбуоти Раёсати амнияти вилояти Маскав хабар дод, ки ин гурӯҳ бар ивази пул ҳуҷатҳои тақаллубӣ таҳия карда, муҳоҷиронро ғайриқонунӣ ба Русия овардааст.