Хӯҷа-командир ба 14 сол зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО
Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), фармондеҳи пешини Фронти Халқиро ба 14 сол зиндон маҳкум кардаанд. Тафсилоти дигари ҳукм феълан дастрас нест, вале дар гузашта мақомот ӯро барои даст доштан дар бист мавриди куштор муттаҳам медонистанд. Пайвандони Хӯҷа Каримов аз рӯйи ҳукм шикоят бурдаанд.