Дар Покистон ду мардро барои таҷовуз ба қатл маҳкум карданд
Додгоҳи Покистон ду мардро барои таҷовузи ҷинсии як зан дар канори шоҳроҳе дар шаҳри Лоҳур ба қатл маҳкум кард. Ин ҷиноят соли гузашта сабаби тазоҳуроти саросарӣ ва даъватҳо барои сахттар кардани ҷазо барои таҷовузи ҷинсӣ дар саросари Покистон шуд.