Ширкатҳои қарздор дар "Роғун" пас аз 8 моҳ маоши коргаронро додаанд. Ба фаъолияти дубораи онҳо иҷозат мешавад?
Чанд ширкати машғули кор дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” пас аз ҳашт моҳ маоши зердастони худро пардохтаанд ва умед доранд, ки ба зуди фаъолияти онҳо аз сар гирифта мешавад. Мудирияти нирӯгоҳ фаъолияти беш аз 15 ширкатро дар пайи шикояти коргарон боздошта буд.