Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2021

Юлия Навалная дар бораи бад шудани саломатии шавҳараш: «Ин қасдгирӣ аст»

0
Юлия Навалная дар бораи бад шудани саломатии шавҳараш: «Ин қасдгирӣ аст»

Олга Михайлова, яке аз вакилони дифои Алексей Навалний, мунаққиди зиндонии Кремлин, рӯзи 25-уми март гуфт, ки зерҳимояаш инак чандин ҳафта аст, ки аз дарди сахти миён ва пои росташ азият мешавад ва саломатии ӯ мавриди нигаронии ҷиддӣ мебошад. Олга Михайлова ва Олег Кобзев - дигар вакили дифои сиёсатмадори оппозитсионӣ тавонистанд, ки бо Навалний дар зиндони шаҳри Покрови вилояти Владимир дидор кунанд. Баъди ин дидор вакилон гуфтанд, ки Навалний инак як моҳ мешавад, ки аз дарди сахт азият мешавад, вале худи ӯ он замон ба вакилонаш фош кардани ин хабарро манъ кардааст.

Михайлова гуфт, «зонуяш аз кор мемонаду пояш беҳаракат мешавад. Яъне як пояш кор намекунад ва ӯ шиштаву хеста наметавонад». Ба гуфтаи ӯ, аз маводи дорувор ба Навалний танҳо доруи дардро камкунандаи  «Ибупрофен»-ро ба шакли қурс ва малҳам медиҳанду халос. Рӯзе пеш аз мулоқот бо вакилон пои ӯро рентген карданд, вале натиҷаашро нагуфтанд.

Тарафдорони Навалний инчунин бо ризоияти ӯ матни аризаҳои ӯро ба номи раиси зиндон ва раҳбари хадамоти зиндонҳои Русия нашр карданд. Дар аризаи аввал навишта шудааст, ки ҳанӯз аз 25-уми феврал аз дарди миён азият мешавад, вале тақозои ӯ барои он ки  ӯро мутахассиси даъватшудаи пажӯҳишгоҳи Сеченов бубинад, рад шудааст. Навалний гуфтааст, ки рад шудани вуруди табиб ва набуди муолиҷаи дуруст ҳуқуқи ӯро ба гирифтани ёрии тиббӣ поймол мекунад ва ақомот бо ин амалашон ӯро азият мекунанд.

Дар аризаи дуюмаш Навалний дархост кардааст, ки ӯро  аз мақоми «шахси моли ба фирор» озод кунанд. Ӯ гуфтааст, ки ҳар соат ӯро як нозир омада бедор мекунад ва ин амали онҳо шиканҷа аз роҳи бехоб кардани ӯ мебошад.

Ҳамсари Навалний – Юлия Навалная баъди нашри санадҳо аз президенти Русия Владимир Путин тақозо кард, ки шавҳарашро «билофосила озод кунанд». Ӯ дар Инстаграм навишт: «Он чи ки ҳоло мегузарад, қассосгирии шахсӣ аст ва мо шоҳиди он ҳастем». Ӯ инчунин гуфт, ки ба наздиконаш иҷоза намедиҳанд, ки ба шавҳараш доруву дармон ва ҳам нақшаи машқҳои ҷисмониро ба зиндон интиқол диҳанд.

Маълум нест, ки сабаби ба дарди миёну пой гирифтор шудани Навалний дар чӣ аст. Ин сиёсатмадори мунаққиди Кремлин моҳи августи соли 2020 бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз заҳри низомӣ дар як беморхонаи Берлин бистарӣ шуд. Баъди анҷоми муолиҷаву давраи эҳёгарӣ ӯ ба Маскав баргашту ҳамон замон боздошт шуд. Моҳи феврал додгоҳе дар Маскав гуфт, ки Навалний ҳукми ҳабси шартии соли 2014-ро нақз кард ва ба ин хотир, давоми 2,5 соли баъдӣ дар зиндони воқеӣ хоҳад буд. Охири моҳи феврал ӯро аз Маскав ба зиндони Покров интиқол доданд.

Рӯзи 25-уми март як гурӯҳ ходимони фарҳангу ҳунар ва фаъолони ҷамъиятӣ дар Русия дар муроҷиати хаттӣ аз раҳбарияти низоми зиндонҳову масъули ҳуқуқи башари кишвар хостанд, ки Навалнийро дар шароити дуруст нигаҳдорӣ кунанд. 158 имзогузори ин муроҷиат гуфтаанд, талаботи ҳар соат санҷидани Навалний дар ҷои хобаш «як шиканҷаи сангини равониву ҷисмонӣ мебошад».





Губернаторы России
Москва

Собянин: Новый корпус больницы святого Владимира планируется открыть в 2025 году





Москва

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Свыше 5,2 миллиона жителей Московского региона получают набор социальных услуг в натуральном виде


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Городские вокзалы объединяют маршруты



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Росгвардейцы обеспечили безопасность во время футбольного матча в Москве

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей

Баскетболисты из Лобни завоевали золото на турнире Moscow Open


Даниил Медведев

Российские ракетки сообразили на троих // Даниил Медведев, Мирра Андреева и Элина Аванесян дружно вышли в 1/8 финала теннисного Roland Garros



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Сергей Собянин

Сергей Собянин рассказал о новых трамвайных линиях в Москве



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России