"Барои харидани дору баромаду дигар барнагашт." Сарафрози Оламафрӯз, фаъоли мухолифин, дар куҷост? САДО
Пайвандони Эҳсон Одинаев, машҳур бо номи мустаори Сарафрози Оламафрӯз, фаъоли пешини "Гурӯҳи 24", ҳар дафъа бо баланд шудани занги дари хона ё садои гӯшии телефон зуд аз ҷой мехезанд, бо умеди он ки аз писари гумкардаашон хабаре мегиранд. Ӯ 6 сол боз бедарак аст.