Замини нобиноёнро ба соҳибкоре додаанд. Қарори раис бекор шуд, аммо ҷанҷол поён наёфт. ВИДЕО
Қарори раиси шаҳри Ваҳдат як қитъаи заминро ба мояи баҳс байни гурӯҳе аз нобиноён ва соҳибкори маҳаллӣ табдил додааст. Ин замини баҳсӣ се сол пеш ба соҳибкоре дода шуд. Нобиноён мегӯянд, замин аз корхонаи онҳост ва талош доранд, ки онро бозпас бигиранд.