Яке аз роҳбарони пешини ҲНИТ дар Суғд панҷ сол зиндонӣ шуд
Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов), пизишк ва яке аз раҳбарони пешини ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд, ба панҷ сол зиндон маҳкум шудааст. Мақомот ӯро 22-юми май боздошт ва ба узвият дар созмонҳои мамнуъ айбдор карданд.